|
Хабарҳо
|
|
ЧОРАБИНИИ ФАРҲАНГӢ БАХШИДА БА РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАБОНИ ЧИНӢ
 Имрӯз, 17-уми апрели соли 2025 дар толори фарҳангии Донишгоҳ бо ташаббуси Донишкадаи Конфутсии назди ДМТ ва факултети забони англисӣ ва забонҳои Шарқ чорабинии “Таблиғи сайри фарҳангӣ ва таҳсил дар хориҷа” бахшида ба рӯзи байналмилалии забони чинӣ таҳти унвони “Ҷаззобияти чиниро эҳсос кунед ва саёҳати навро пайгирӣ намоед!” бо иштироки муовинон ва мушовирони ректор, деканҳои факултетҳо, меҳмонон ва иштироки васеъи донишҷӯёну омӯзгорон баргузор гардид.
|
|
|

Азизу хушдилу фархунда бошӣ!
Имрӯз, Зиёев Бунёд номзади илмҳои иқтисодӣ, декани факултети иқтисодиёт ва идоракунӣ, ҳамчунин, омӯзгори кафедраи баҳислбгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит ба синни мубораки 33-солагӣ расид. Бояд зикр кард, ки Зиёев Бунёд тайи ин чанд соли охир дар бисёре аз вазифаҳои донишгоҳ адои вазифа намудааст. Дар раванди фаъолияти меҳнатиаш, бо коллективи донишгоҳ ва хоссатан бо донишҷӯён, муомилаи хубу неки инсонӣ ба роҳ мондааст.
|
|
Хабарҳо
|
|
ОҒОЗИ МУСОБИҚАҲОИ ВАРЗИШӢ БАРОИ ДАРЁФТИ “ҶОМИ РЕКТОР” БАХШИДА БА МОҲВОРАИ ҶАВОНОН ДАР ДОНИШГОҲ

Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар доираи дастури раёсати Донишгоҳ ва иҷроиши нақша-чорабиниҳо дар доираи моҳвораи ҷавонон ҷиҳати сазовор таҷлил намудани 23-май Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон бо ибтикори шуъбаи кор бо ҷавонон, қисми тарбия, кафедраи тарбияи ҷисмонӣ ва мудофиаи шаҳрвандӣ нимаи дуюми рӯзи 16-уми апрели соли равон оғози мусобиқаҳои варзишӣ аз рӯи “Футболи хурд” ва “Волейбол” барои дарёфти “Ҷоми ректори донишгоҳ” дар байни 14 дастаи донишҷӯписарон ва донишҷӯдухтарони факултетҳо оғоз гардид.
|
|
|
Хабарҳо
|
|
МАҶЛИСИ ИТТИФОҚИ КАСАБАИ МУТТАҲИДАИ КОРМАНДОН ВА ДОНИШҶӮЁНИ ДДОТ БА НОМИ С.АЙНӢ
17 апрели соли ҷорӣ дар ДДОТ ба номи С.Айнӣ маҷлиси Иттифоқи касабаи муттаҳидаи кормандон ва донишҷӯёни ДДОТ ба номи С.Айнӣ баргузор гардид. Дар кори маҷлис нахуст оид ба фаъолияти Иттифоқи касабаи муттаҳидаи кормандон ва донишҷӯёни ДДОТ ба номи С.Айнӣ дар семоҳаи якуми соли 2025 ҳисоботи Қодирзода Сайвалӣ раиси Иттифоқи касабаи муттаҳидаи кормандон ва донишҷӯёни ДДОТ ба номи С.Айнӣ шунида шуд. Сипас масъалаҳои зерин ба монанди иҷрои вазифаҳои оинномавӣ, риояи талаботи санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ, низоми коргузорӣ ва ҳуҷҷатнигорӣ дар Иттифоқи касабаи муттаҳидаи кормандон ва донишҷӯёни ДДОТ ба номи С.Айнӣ, риояи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» дар Иттифоқи касабаи муттаҳидаи кормандон ва донишҷӯёни ДДОТ ба номи С.Айнӣ ва инчунин нақшаи кории раисони Иттифоқи касабаи устодон ва донишҷӯёни факултетҳои ДДОТ ба номи С.Айнӣ барои соли 2025-ро тасдиқ намуд.

|
|
Сатр-сатри дафтараш, эъҷози меҳр...
Боз як дастоварди дигари илмӣ насиби устоди кафедраи педагогикаи умумӣ Аҳадов Зайниддин Нажмиддинович, ҳамзамон, сармутахассиси шуъбаи идоракунии сифати таҳсилот ва назорати электронии донишгоҳ гардид.
Аҳадов Зайниддин Нажмиддинович, соли 1988 факултети филологияи тоҷики институти педагогии шаҳри Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко (ҳоло ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ)-ро хатм намудааст ва тадқиқоти илмиашро дар мавзӯи «Асосҳои дидактикии роҳ ва воситаҳои фаъолгардонӣ дар раванди омӯзиши хонандагони муассисаҳои таҳсилоти ҳамагонӣ» ба роҳ мондаву рисолаи илмии хешро сарбаландона ҳимоя намудааст.
|
|
|
|
|
|
|
Страница 287 из 654 |