|
Маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ
28.08.2020 11:36, шаҳри Душанбе
28 август дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи 29 - солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба намояндагони касбу кори гуногун, ки дар фаъолияти корӣ натиҷаҳои назаррас доранд, мукофотҳои давлатӣ ва унвону ҷоизаҳои давлатӣ супориданд.
Қабл аз оғози маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳозиринро ба муносибати фарорасии ҷашни 29-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона шодбош гуфта, изҳор доштанд, ки фаъолияти пурсамар ва содиқонаи фарзандони бонангу номуси миллат, заҳмати созандаву бунёдкоронае, ки ба нафъи ободиву пешрафти Ватани маҳбубамон равона шудааст, аз ҷониби давлат ҳамеша қадрдонӣ карда мешавад.
|
|
ДАРЕҒО, ГУЛНАЗАР ҲАМ АЗ НАЗАР РАФТ!
Дар факултет филологияи тоҷик бо ибтикори садорати факултет ва кафедраҳои он ёдбуди Шоири халқии Тоҷикистон, муаллифи Суруди миллӣ Гулназар Келдӣ бо иштироки омӯзгорону донишҷӯён баргузор гардид.
Пас аз садо додани Суруди миллӣ сараввал декани факултет, Восиева Рухшона доир ба ҳаёту фаъолият, мақому шахсият, муҳимияти нақши эҷодии ин абармади таърихӣ баромад намуда, зикр кард, ки шоирони шаҳире чун Мирзо Турсунзода, Боқӣ Раҳимзода, Бозор Собир, Лоиқ Шералӣ, Гулназар Келдӣ ва дигарон, ки тамоми умри пурбаракати худро фидои миллату давлат намудаанд, қарзи виҷдонӣ ва инсонии мо мебошад ва месазад, ки баҳри поси хотири эшон нишасту маҳфилҳо ташкил намуд, аммо чӣ тавон кард, ки ба қавли Саъдии бузург: “Як Умри ҳазорсола бояд, То ман яке аз ҳазор гӯям”, зеро маҳз ҷонкоҳиҳои ин суханварон буд, ки ғунчаи сухану маънӣ дар чамани ҳар даҳан шукуфт. Ҳамчунин, декани факултети мазкур иловатан зикр намуд, ки шоири маҳбуби мо Гулназар Келдӣ дар миёни дигар адибони муосир барои эҷод, бандубасти ба мавқеи суруди миллӣ машҳури ҷаҳон гардидааст.
|
|
|
Хабарҳо
|
|
КОНФЕРЕНСИЯИ МУШТАРАК БАХШИДА БА ЗОДРӮЗИ УСТОД САДРИДДИН АЙНӢ
Имрӯз дар толори бошукуҳи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ба гиромидошти поягузори адабиёти муосири тоҷик, Қаҳрамони Тоҷикистон устод Садриддин Айнӣ конференсияи муштараки Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ баргузор гардид. Дар кори конференсия Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфиқор Гулаҳмадзода, муовини якуми раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳимзода Шабнам, муовини ректори ДДОТ ба номи С. Айнӣ оид ба корҳои имлӣ, доктори илмҳои химия, профессор

|
|
Хабарҳо
|
|
БОЗДИДИ РАИСИ КУМИТАИ КОР БО ҶАВОНОН ВА ВАРЗИШ АЗ ОСОРХОНАИ ДОНИШГОҲ

Имрӯз Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфиқор Гулаҳмадзода, намояндаи ҲХДТ дар ноҳияи И. Сомонӣ ва дигар меҳмонон дар доираи конфренсияи муштарак аз осорхонаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ боздид намуданд. Меҳмононро муовини ректори Донишгоҳ Раҷабзода Сироҷиддин ҳамроҳӣ намуда, масъули осорхона толорҳои намоиширо муаррифӣ намуд. Ба воситаи экспозитсияи осорхона меҳмонон бо таъриху фарҳанги пурғановати миллати тоҷик, табиати зебои Тоҷикистон ва фаъолияту дастовардҳои нахустмактаби олии кишвар аз ҷумла дар самти варзиш, ки аз мусобиқаҳои варзишии сатҳи ҷумҳурӣ ва байналмилалӣ ноил гардидааст, аз наздик шинос гардиданд.
|
|