• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
tgpu

 

АЗ САНГ НОЛА ХЕЗАД, РӮЗИ ВИДОИ ЁРОН…

19.jpg - 230.18 KbАз ҷониби омӯзгорони кафедраи  назария ва методикаи тарбияи мусиқӣ-бадеии факултети таҳсилоти томактабӣ ва ибтидоӣ ба хотири гиромидошти сарояндаи мумтоз, оҳангсози суннатӣ, Ҳунарпешаи шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Исмоилов , ки санаи 16 август дар синни 64-солагӣ аз олам даргузашт маҳфили ёдбудӣ зери унвони “Навҳа мекашад чун ман, абри осмон бе ту”  доир гардид. Дар маҳфил устодону донишҷӯёни факултет иштирок намуданд. Маврид ба зикр аст, ки Ҷамшед Исмоилов 30 августи соли 1956 дар шаҳри Кӯлоб таваллуд шуда, баъди хатми мактаби миёна соли 1973 ба Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода дар шаҳри Душанбе дохил шудааст.

 
Хабарҳо
ТАҶЛИЛИ ЗОДРӮЗИ УСТОД САДРИДДИН АЙНӢ
Рӯзи 15-уми апрел зодрӯзи устод Садриддин Айнӣ мебошад ва ҳамасола дар саросари кишвар ба ифтихори ин Рӯзи муборак нишасту маҳфилҳои илмию адабӣ доир мегардад. Имсол тантанаҳои таҷлили ин рӯзи барои миллати тоҷик муборак, бо ибтикори ҳайати устодону шогирдони ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ аз зиёрати оромгоҳи ӯ шуруъ шуд. Баъдан, ба ин маросим устодону донишҷӯёни факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон пайвастанд.
 
Хабарҳо

 

ТАБОДУЛИ ТАҶРИБА: САФАРБАРШАВИИ ОМӮЗГОРОНИ ДОНИШГОҲ БА ҶУМҲУРИИ БЕЛОРУС
Раёсати донишгоҳ санадҳои муштараки Форуми ректорони Тоҷикистону Белорусро зери корбарии ҷиддӣ қарор дода, дар асоси Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ байни Вазорати маорифи Ҷумҳурии Белорус ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи маориф барои солҳои 2023-2026 як қатор корҳои назаррасро ба сомон расонида истодааст.
Дар ин замина, 2 нафар декани донишгоҳ: Алимов Сироҷиддин Шералиевич –
 

 

Табиби ман ба ғайр аз ман касе нест...

12.JPG - 164.18 Kb“Рӯзи дониш-дарси сулҳ”, тибқи қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 17-уми августи соли ҷорӣ дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ оғоз гардида буд. Агар дар рӯзҳои аввали таҳсил мушкилоти риоя накардани талаботи ниқобпӯшиву нигаҳдории фосилаи байниҳамдигарӣ ба назар расида бошад ҳам, ислоҳи ин камбудӣ ба хусус бо ташаббуси ректори донишгоҳ, муовинони ректор, раёсати таълим ва садорати факултетҳо, муовинони декан оид ба тарбия, кураторони гурӯҳҳову навбатдорони муваззафгардида, бо ташкил намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ аз ҷониби масъулин зина ба зина бартараф шуда истодааст.

 
Хабарҳо
ЧЕҲРАИ ТОБНОКИ ИЛМУ АДАБ
(Ба ифтихори Ҳафтаи илм ва зодрӯзи устод Садриддин Айнӣ)
Ин ҳафта дар Тоҷикистон Ҳафтаи илм аст. Олимон ва адибони тоҷик дар рушди илми ҷаҳонӣ аз ҷойгоҳи махсус бархӯрдоранд. Олимону адибоне чун Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров ва дигарон нуфузи илми тоҷикро ҳамрадифи илми ҷаҳонӣ намудаанд. Чун Ҳафтаи илм бо зодрӯзи поягузори адабиёти навини тоҷик, Қаҳрамони Тоҷикистон, устод Садриддин Айнӣ рост омадааст, лозим медонем роҷеъ ба зиндагинома ва мероси арзишманди адабии номбурда сухане чанд гуфта бошем.
Садриддин Саидмуродзода Айнӣ 15.04.1878 дар деҳаи Соктареи тумани Ғиждувони вилояти Бухоро таваллуд гардида, 15.07.1954 дар шаҳри Душанбе вафот кардааст. Шоир, нависанда, рӯзноманигор, адиби маорифпарвар, донишманди соҳаи забон ва адабиёти тоҷику форс, таърих ва фарҳанги миллати тоҷик, узви Академияи улуми Тоҷикистон, нахустин Президенти Академияи улуми Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон (1951-1954), бунёдгузори адабиёти шуравии (навини, муосири) тоҷик,
 


Страница 290 из 654
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj