|
Суханронӣ дар маросими ифтитоҳи театри мусиқию мазҳакавии
ба номи Меҳрубон Назаров дар шаҳри Хоруғ
21.08.2020 10:19, шаҳри Хоруғ
Ҳозирини гиромӣ!
Ҳамаи шумо ва кулли сокинони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро ба муносибати ифтитоҳи театри мусиқию маҳзакавии ба номи Меҳрубон Назаров дар маркази вилоят - шаҳри Хоруғ самимона табрик мегӯям.
Мардуми фарҳангдӯсти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба хотири пешрафти илму маориф ва санъату ҳунар ҳамеша кӯшиш мекунанд ва суннатҳои фарҳанги миллии тоҷиконро пос медоранд.
Вобаста ба масъалаи таъмини пешрафти фарҳанги миллиамон дар Паёми имсолаи худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор дошта будам, ки мо бояд ҷиҳати таъмин намудани рушди устувори муассисаҳои фарҳанг ба таҷдиди инфрасохтор, таҳкими пояҳои моддиву техникӣ, тарбияи кадрҳои соҳа ва истифодаи самарабахши нерӯи фарҳангиву маънавии миллат таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоем.
Бо ин мақсад мо дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои мамлакат, аз ҷумла дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бунёди инфрасохтори соҳаи фарҳангро суръат бахшида, ба ин васила барои рушди минбаъдаи ин соҳаи муҳим заминаи мусоид фароҳам оварда истодаем.
Ҳоло дар вилоят 325 муассисаи фарҳангу фароғат ва мактабҳои санъату мусиқӣ фаъолият мекунанд, ки дар онҳо беш аз 1000 нафар кормандони соҳа ҷалб шудаанд.
Тайи ду даҳсолаи охир ҷиҳати таъмини муассисаҳои таълимии соҳаи санъат бо китобу асбобҳои мусиқӣ тадбирҳои иловагӣ андешида шуда, инчунин, барои бунёди боғҳои фарҳангу фароғат чораҳои зарурӣ амалӣ шуда истодаанд.
|