• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
tgpu
Хабарҳо

 

БАРГУЗОРИИ ХОНИШИ СИЁСӢ ДАР ДОНИШГОҲ ТАҲТИ УНВОНИ «ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТӢ ВА ТАҲКИМИ ҲУВИЯТИ МИЛЛИИ ҶАВОНОН»

 

Дар таърихи 11-уми апрели соли равон бо дастгирии раёсати Донишгоҳ ва иҷрои бандҳои нақша-чорабиниҳои муштараки Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумуҳурии Тоҷикистон, Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе бо мақсади ташкил ва баргузории мулоқоту вохӯриҳо байни кормандони вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳои олии ҷумҳуриявӣ бо мақсади омӯзиши муҳтавои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии
 
Хабарҳо

 

ҚАДРДОНИИ ДОНИШГОҲ ДАР ДАВРИ ҶУМҲУРИЯВИИ ОЗМУНИ “КАДБОНУИ БЕҲТАРИН”

 

Дар партави сиёсати фарҳангпарваронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ ба вазорату идораҳои дахлдори давлатӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва муассисаҳои олии мамлакат даври ҷамъбастии озмуни ҷумҳуриявии «Кадбонуи беҳтарин»-ро дар пойтахти мамлакат шаҳри Душанбе доир гардид.
 

 

Оғози сафари корӣ дар ноҳияи Рӯшон ва боздид аз замини

наздиҳавлигии сокини ноҳияи Рӯшон Давлатмаҳмадов Ҳамдам

 

20.08.2020 12:41, ноҳияи Рӯшон

20 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба ноҳияи Рӯшон ташриф оварданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯшон нахуст бо рафти парваришу истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар қитъаи замини наздиҳавлигии сокини деҳаи Рӯшон Ҳамдам Давлатмаҳмадов шинос шуданд.

Ҳамдам Давлатмаҳмадов таъкидҳои пайвастаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар самти меҳнати садоқатмандона, муносибати дилсӯзона ба замин ва истифодаи пурсамару оқилонаи ҳар порча замин сармашқи кори худ қарор дода, дар ин деҳа аз аввалин кишоварзоне дониста мешавад, ки бо ташкили гармхона ҳамасола маҳсулоти фаровони кишоварзӣ истеҳсол мекунанд ва рӯзгори оилавии 3 хонаводаро таъмин менамояд.

 

 

Ифтитоҳи майдони Парчами давлатӣ дар ноҳияи Рӯшон

20.08.2020 12:52, ноҳияи Рӯшон

Дар ноҳияи Рӯшон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ майдони Парчами давлатиро, ки дар маркази ноҳия - шаҳраки Варм қомат афрохтааст, мавриди истифода қарор доданд.

Майдони Парчами миллӣ дар канори рудхонаи Панҷ дар як мавзеи қаблан бекорхобида бо баландии 30 метр сохта шуда, паҳноии матоъи Парчам 6 ва дарозиаш 13 метрро ташкил медиҳад.

Сутунпояи Парчами давлатии Тоҷикистон ва боғи фароғатӣ дар доираи омодагиҳо ба таҷлили сазовори 30 - солагии ҷашни Истиқлолияти давлатӣ бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯшон аз ҷониби коргарону мутахассисони маҳаллӣ бо сатҳу сифати баланд сохта ба истифода дода шуд.

Роҳравҳои майдони Парчами давлатӣ аз тарафи соҳибкорони маҳаллӣ сафолакпӯш гардида, дар шафати он ҳавзи оббозӣ барои кӯдакону наврасон бунёд шудааст.

 
Хабарҳо

БАРРАСИИ МАСЪАЛАҲОИ МУБРАМИ ДОНИШГОҲ ДАР ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ ШУРОИ ИЛМӢ-МЕТОДӢ
Ҷаласаи навбатии Шурои илмӣ-методии Донишгоҳ, ки 11.04.25 таҳти роҳбарии муовини ректор оид ба корҳои илмӣ, доктори илмҳои химия, профессор Раҷабзода С.И. доир шуд, чор масъала мавриди баррасӣ қарор дод. Роҷеъ ба “Рафти баргузории курсҳои такмили ихтисос” директори Маркази такмили ихтисос ва бозомӯзии кадрҳо Музаффар Азимов гузориш дод. Номбурда иброз дошт, ки феълан дар донишгоҳ раванди бозомӯзии курсҳои такмили ихтисос хуб ҷараён дошта, омӯзгорони соҳибтаҷриба ба ин кор ҷалб шудаанд. Номбурда ба саволҳои ҳозирин оид ба боло бурдани савияи таълими курсҳои такмили ихтисос посух дод.
 


Страница 293 из 654
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj