|
Бароям ҳарф омӯхтӣ, дареғо, ҳарфомӯзам!
Субҳи 20-уми августи соли 2020 хабари нохуши марги ногаҳонии устоди донишгоҳ Пирназаров Алиназар Турдиназарович, ба мо расид ва вуҷуди моро кони ҳасрату чашмони моро саршори ашк намуд. Зеро ин марди донишманд ва заҳматпеша тавонист, ки дар раванди фаъолияти меҳнатиаш дили ҳампешагону шогирдонро ба даст орад.
Пирназаров Алиназар Турдиназарович, 12-уми марти соли 1957 дар деҳаи Раҳмонободи ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дар оилаи зиёӣ таваллуд ёфтааст. Солҳои 1974-1979 донишҷӯи (имрӯза) Донишгоҳи давлатии омӯзгории Кӯлоб ба номи А. Рӯдакӣ буд. Солҳои 1979-1991- муаллими кафедраи алгебра ва назарияи ададҳо ва МТМ ДДК ба номи А. Рӯдакӣ, солҳои 1991-2002-муаллими калони кафедраи методикаи таҳ силоти ибтидоии ҳамин муассиса будааст.
|
|
|
Хабарҳо
|
|
ВАТАН, ҲАР ГӮШААТРО ОБОД БИНАМ!
 Бо дастури Раёсати Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ҷитҳати тозаву озода нигоҳ доштани пойтахти азизамон шаҳри Душанбе омӯзгорону донишҷӯёни ин боргоҳи муқаддас дар назди даромадгоҳи “Дидбонгоҳи Чорбоғ”-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар шанбегии дастаҷамъонаи умуминоҳиявӣ дар роҳравҳо ва маҳаллаҳо таҳти шиори “Ватан, ҳар гӯшаатро обод бинам!” фаъолона иштирок намуданд.
Дар он донишҷӯёну кормандон бо як дилбастагии хос ба ҷамъ намудани хасрезаву баргрезаҳо ва поку назиф гардонидани роҳравҳо камари ҳимат бастанд.
|
|
Хабарҳо
|
ҶАЛАСАИ ҚИСМИ ТАРБИЯ БО МУОВИНОНИ ДЕКАН ОИД БА КОРҲОИ ТАРБИЯВИИ ФАКУЛТЕТҲО
Имрӯз дар толори Шурои олимони Донишгоҳ ҷаласаи қисми тарбияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бо мақсади андешидани тадбирҳо баҳри беҳтар гардидани сатҳу сифати тарбия ва риояи дастурамали тавсиявии сару либос, қоидаҳои дохили муасиссавӣ, инчунин иштирок дар чорабиниҳои байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ ба ифтихори Рӯзи пойтахт ва дар сатҳи баланд баргузор намудани онҳо ҷаласа баргузор гардид.Дар он муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ Назарзода Нигора, сардори шуъбаи тарбия Давлатшо Каримзода, мудири шуъбаи кор бо ҷавонон Муродов Муҳаммад, мудири бахши кор бо духтарон ва бонувонон Давлатзода Муслима, раиси Шурои
|
|
|
Суханронӣ дар мулоқот бо роҳбарону фаъолон
ва сокинони ноҳияи Ванҷ
20.08.2020 09:39, ноҳияи Ванҷ
Ҳамватанони азиз!
Ба ҳамаи сокинони меҳмондӯсту ҳимматбаланди ноҳияи Ванҷ, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ тавассути заҳмати софдилона дар баробари дигар сокинони шаҳру ноҳияҳои кишвар ба дастовардҳои назаррас ноил гардида, дар пешрафти Ватани маҳбубамон саҳми босазо гузошта истодаанд, инчунин, ба ҳар яки шумо барои пазироии самимона изҳори сипос менамоям.
Мо ҳангоми сафарҳои корӣ ба шаҳру ноҳияҳои гуногуни кишвар аз ободкориву созандагии мардуми заҳматдӯсти худ ҳамеша ифтихор мекунем, зеро мебинем, ки хурду бузурги Ватанамон ба шарофати неъмати бебаҳои ҳастии хеш, яъне истиқлолу озодӣ ва давлатдории навини миллӣ барои пешрафти Тоҷикистони азиз азму талоши бесобиқа ба харҷ медиҳанд.
Имрӯзҳо мо натиҷаву самараи амалҳои ватандӯстонаи халқи азизамонро дар тамоми гӯшаҳои мамлакатамон баръало мушоҳида ва эҳсос мекунем.
Ду сол қабл мо ҳангоми сафари корӣ ба ноҳияи хушманзараи Ванҷ шоҳиди мавриди истифодабарӣ қарор гирифтани даҳҳо иншооти навбунёд, аз ҷумла бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, Қасри фарҳанг, мактаби замонавӣ, роҳҳои таҷдиду азнавсозишуда ва дигар иншооти муҳимми маъмурӣ гардида будем.
|
|
Суханронӣ дар мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияи Дарвоз
19.08.2020 18:29, ноҳияи Дарвоз
Ҳамватанони азиз!
Ҳангоми сафар ба ноҳияи хушманзараи Дарвоз ва мулоқот бо шумо - сокинони заҳматпешаву меҳмондӯсти ин диёри зебо яке аз хислатҳои деринаву писандидаи халқамон - эҳтирому меҳрубонӣ ва самимияти хоссаи тоҷиконаро ҳамеша эҳсос менамоям.
Мо дар ҷараёни сафарҳои кории солҳои гузашта даҳҳо иншооти иҷтимоиву иқтисодӣ, яъне натиҷаи заҳмати содиқонаи мардуми ноҳияро ба истифода супоридем, ки онҳо симои на танҳо маркази ноҳия, балки деҳоти онро низ куллан тағйир дода, ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии сокинони ноҳияи Дарвозро хеле беҳтар гардониданд.
Имрӯз низ мо дар маросими ба истифода супоридани чандин иншооти навбунёд, аз ҷумла корхонаи коркарди хокаи мармар дар деҳаи Вишхарв, оғози сохтмони канали обёрӣ дар мавзеи Дашти Луч, боғи фарҳангу фароғат дар деҳаи Умарак, парки инноватсионӣ бо корхонаи коркарди асал, истеҳсоли маводи безараргардонӣ, либоси муҳофизати фардӣ ва гармхона, инчунин, як қатор биноҳои маъмурӣ иштирок карда, санги асоси бунёди мактаби Президентиро гузоштем.
|
|
|
|
|
|
|
Страница 294 из 654 |