|
Хабарҳо
|
|
ИШТИРОКИ ДАСТАҲОИ ФАКУЛТЕТҲОИ БИОЛОГИЯ ВА ЗАБОНҲОИ РОМАНӢ-ГЕРМАНӢ ДАР МАҲФИЛ-ОЗМУНИ ДОНИШГОҲИИ “МАҲОРАТ – 2025”

Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ тибқи низомнома ва ҷадвали тасдиқгардидаи қисми тарбия дар нимсолаи дуюми соли хониши 2024-2025 миёни дастаҳои донишҷӯёни факултетҳо маҳфил-озмуни донишгоҳии “Маҳорат-2025” роҳандозӣ гардидааст. Бо мақсади иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои раёсати Донишгоҳ ва ҷадвали озмуни мазкур дар маҳфил-озмуни донишгоҳии “Маҳорат-2025” дастаи "Забондон"-и факултети забонҳои романӣ-германӣ бо дастаи "Истиқлол"-и факултети биология иштирок ва байни ҳамдигар баҳри
|
|
|
Ифтитоҳи меҳмонхонаи муосири “Чорчаман Хилс” дар
Истироҳатгоҳи “Чорчаман”-и ноҳияи Дарвоз
19.08.2020 15:07, ноҳияи Дарвоз
Баъди гузоштани санги асос барои бунёди мактаби Президентӣ дар ноҳияи Дарвоз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳ ҳангоми ҳаракат ба сӯи Истироҳатгоҳи “Чорчаман” бо як гуруҳ шаҳрвандони кишвари дӯсту ҳамсояи Афғонистон, ки барои истиқбол ва мулоқот бо Пешвои тоҷикони ҷаҳон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди соҳили дарёи Панҷ ҷамъ омада буданд, суҳбати самимии сарироҳӣ анҷом доданд.
Сокинони минтақаи наздисарҳадии кишвари ҳамсоя Пешвои миллатро ба ноҳияи Дарвоз самимона хайрамақдам гуфта, барои имкони дидору мулоқот изҳори сипоси беандоза карданд.
|
|
Ифтитоҳи Боғи фарҳангӣ-фароғатӣ дар ноҳияи Дарвоз
19.08.2020 12:59, ноҳияи Дарвоз
19 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар як мавзеи зебои ноҳияи Дарвоз Боғи нави фарҳангӣ-фароғатиро мавриди истифода қарор доданд.
Боғи фарҳангию фароғатии муосир аз ҷониби 11 нафар соҳибкори ватандӯсти ноҳияи Дарвоз дар доираи омодагӣ ба истиқболи сазовори ҷашни умумимиллӣ – 30-солагии истиқлоли давлатӣ ва бо ҷонибдорӣ аз сиёсати созандаи Сарвари давлат бунёд шудааст.
Иттилоъ дода шуд, ки тибқи лоиҳа ин маркази зебо ҳамчун боғи кӯдакона барои истироҳату фароғат ва омӯзиши таърихи иншоотҳои муҳими тамаддуни башарӣ, инчунин тарбияи эстетикии кӯдакону ҷавонон бунёд карда шудааст.
Дар даромадгоҳи боғи марказии фарҳангӣ - фароғатӣ Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҷавонону наврасони саодатманди кишвар бо самимияти хоса ва садоқати бепоён аз Сарвари давлат истиқбол гирифтанд.
Дар ҳудуди боғи мазкур майдончаҳои бозии кӯдакона, атраксионҳо, катора, муҷассамаи иншоотҳои таърихии ба руйхати муъҷизаҳои олам воридгардида ва дигар марказҳои фароғатӣ бунёд шудааст.
|
|
|
Хабарҳо
|
|
ҲАМОИШИ ИЛМӢ БАХШИДА БА РӮЗИ КАЙҲОННАВАРДОН
Имрӯз, 11 апрели соли 2025, дар факултети физикаи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ бахшида ба рӯзи кайҳоннавардон ҳамоиши илмӣ баргузор гурдид. Ҳамоишро бо сухани ифтитоҳӣ муовини декани факултет оид ба корҳои илмӣ Саломзода М. кушода, зикр намуд, ки аз 12 апрели соли 1961 инҷониб дар тамоми дунё ҳамчун санаи муҳим – рӯзи кайҳоннавардон ҷашн гирифта мешавад. 64 сол қабл, дар ин рӯз кайҳоннаварди собиқ Иттиҳоди Шуравӣ А.А. Гагарин бо киштии кайҳонии «Восток» Заминро аз рӯйи мадор давр зада, ба давраи кайҳоннавардии башар оғоз бахшид.
|
|
Хабарҳо
|
|
ТАШРИФИ САФИРИ ТУРКИЯ БА ДОНИШГОҲ БАҲРИ ТАВСЕАИ ҲАМКОРИҲО

10-уми апрели соли ҷорӣ Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умут Аҷар ба Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ташриф оварданд. Зимни ташриф меҳмононро ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Аҳлиддин Ибодуллозода истиқбол намуда, зимни вохӯрӣ дар масъалаи рушди ҳамкориҳо табодули назар намуданд. Сафири Туркия Умут Аҷар сараввал ректори Донишгоҳ Аҳлиддин Ибодуллозодаро бинобар шомил шудани Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар 10-гонаи беҳтарини “Радабандии муассисаҳои олӣ”

|
|
|
|
|
|
|
Страница 295 из 654 |