• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
tgpu

 

Гузоштани санги асоси сохтмони Мактаби Президентӣ дар деҳаи Умараки ноҳияи Дарвоз

19.08.2020 10:00, ноҳияи Дарвоз

19 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Умараки ноҳияи Дарвоз бо гузоштани санги асос ба сохтмони Мактаби Президентӣ оғоз бахшиданд.

Зимни муаррифии лоиҳа ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки бинои Мактаби Президентӣ, ки дар ноҳияи Дарвоз калонтарин ва зеботарин хоҳад буд, дар масоҳати 2 ҳазору 160 метри мураббаъ бунёд мегардад. Иншоот аз се ошёна иборат буда, барои 480 нафар хонанда дар як баст пешбинӣ шудааст. Дар Мактаби Президентии ноҳияи Дарвоз тамоми шароиту имконоти муосири таълим фароҳам оварда хоҳад шуд.

 
Хабарҳо

БОЗДИДИ САФИРИ ТУРКИЯ АЗ ОСОРХОНАИ ДОНИШГОҲ

Имрӯз Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умут Аҷар ба Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ташриф оварданд.
Меҳмононро ректори Донишгоҳ Аҳлиддин Ибодуллозода ва дигар шахсони масъул дар саҳни бинои асосӣ пешвоз гирифта, сипас аз осорхонаи ин даргоҳ дидан намуданд.
Ба воситаи экспозитсияи осорхона меҳмонон бо таъриху фарҳанги пурғановати миллати тоҷик, табиати зебои Тоҷикистон ва фаъолияту дастовардҳои нахустмактаби олии кишвар аз наздик шинос гардиданд.

 
Хабарҳо

ДАВРИ МУАССИСАВИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ "ИЛМ-ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ"

Дар асоси фармоиши ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Аҳлиддин Ибодуллозода аз 8.04.2025 то 12.04.2025 даври муассисавии озмуни ҷумҳуриявии "Илм-фурӯғи маърифат" баргузор мегардад. Дар он зиёда аз 250 нафар донишҷӯ аз рӯи 8 наминатсия иштирок намуда, 48 нафари онҳо ба даври минбаъда пешниҳод мегарданд.

 

 

 

Тақдими туҳфаҳо ба ятимону бепарасторон

дар тарабхонаи “Ориёно”-и ноҳияи Дарвоз

19.08.2020 09:08, ноҳияи Дарвоз

Дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Дарвоз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо 55 нафар ятими кулл ва маъюб, ки тарбиятгирандагони муассисаҳои таълимии ноҳияҳои Дарвоз, Ванҷ ва Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мебошанд, мулоқот намуда, ба онҳо туҳфаҳои арзишманд тақдим карданд.

Нахуст Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин кӯдакону наврасони бо амри тақдир аз меҳри гарми волидайн маҳруммондаро ба муносибати оғози Соли нави таҳсил табрику таҳният гуфта, ба онҳо хониши хубу аъло орзу карданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шахсан туҳфаҳоро, ки аз кӯмакпулӣ ва сару либос иборат буд, ба ҳар яки онҳо тақдим намуданд. Ҳамчунин дар ин рӯз ба хотири шодию нишоти ятимону маъюбон, дастархони идона ороста шуд.

 
Хабарҳо

СЕРТИФИКАТИ “РАДДАБАНДИИ ДОНИШГОҲҲО” РАСМАН БА РЕКТОРИ ДОНИШГОҲ СУПОРИДА ШУД

Имрӯз дар Мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи муҳтарам вазир Саидзода Раҳим Ҳамро ба ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Аҳлиддин Ибодуллозода расман ва тантанавор Сертификати “Раддабандӣ” супорида шуд.
Ёддовар мешавем, ки Муассисаи “Радабандии муассисаҳои олӣ” (HE Higher Education Ranking)-и Шурои сифат ва арзёбии таҳсилоти олӣ “HEQAC”, ки қароргоҳаш дар Ҷумҳурии Туркия мебошад, пас аз санҷишу таҳлилҳои самтҳои мухталифи фаъолияти 422 муассисаи олии 55 кишвари ҷаҳон “Радабандии муассисаҳои олӣ”-и ҷаҳонро дар соли 2025 интишор намуд
.

 


Страница 296 из 654
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj