|
Оғози сафари корӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон
ва ифтитоҳи Корхонаи микрокалсит дар ноҳияи Дарвоз
19.08.2020 07:26, ноҳияи Дарвоз
19 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ифтитоҳ ва гузоштани санги асоси як қатор иншооти таъиноташон гуногун ва шиносоӣ бо вазъи соҳаи кишоварзӣ бо сафари корӣ ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд.
Сафари кории Пешвои миллат аз ноҳияи Дарвоз оғоз гардид.
Дар фурудгоҳи муваққатии деҳаи Вишхарви ноҳияи Дарвоз Сарвари давлатро роҳбарият ва фаъолони вилоят самимона истиқбол гирифтанд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст дар деҳаи Вишхарв Корхонаи “Карон - калсит”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Пешвои миллат бо хатҳои истеҳсолӣ ва имкониятҳои корӣ дар коргоҳи нав шинос шуда, бо кормандони он суҳбат намуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки “Карон-калсит” имконият дорад, ки дар як сол 100 ҳазор тонна маҳсулот истеҳсол намояд. Корхона дар асоси ашёи хоми маҳаллӣ фаъолият намуда, он дар назди захираи бузурги санги мармари сафед, ки микрокалсит аз ин навъи санг омода мегардад, бунёд ёфтааст.
Коргоҳ дорои чор хатти истеҳсолӣ буда, навъҳои гуногуни микрокалситро истеҳсол менамояд. Бо истифода аз технологияи муосири корӣ дар корхонаи навтаъсис истеҳсоли микрокалсит аз 2 то 500 микрон ба роҳ монда шуда, 40 нафар сокини маҳаллӣ соҳиби ҷои кори доимӣ ва маоши хуб шуданд.
|