• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
tgpu
Хабарҳо

 

ГУЛДУХТАРОНИ ДОНИШГОҲ ДАР САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА
Баҳри вусъат додани корҳои ободонӣ, бунёдкорию созандагӣ дар шаҳраку маҳаллаҳо, кӯчаву хиёбонҳо ва боғҳои фарҳангию фароғатии кишвар дар асоси банди 22 амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 2018, №АП-1140 ва қарорҳои дахлдори Раиси шаҳри Душанбе аз соли 2019 инҷониб дар пойтахти кишвари азизамон шаҳри Душанбе озмуни ҷумҳуриявии “Сайри гули лола” гузаронида мешаванд.
Ҳадафи асосии ин озмун тарбияи ҳисси зебоипарастӣ, отифанигорӣ, хештаншиносӣ, ватандӯстӣ, эҳёи анъанаҳои миллӣ, оммавӣ гардонидани
 

 

 

Ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 102 барои 2400 нафар хонанда

дар ду баст дар ноҳияи Шоҳмансур ва иштирок дар “Дарси сулҳ”

 

2.jpg - 81.05 Kb17.08.2020 09:09, шаҳри Душанбе

17 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 102-ро барои 2400 нафар хонанда дар ду баст мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Баъди бардоштани парда аз рӯи лавҳаи рамзӣ Пешвои миллат бо шароити таълимгоҳ шинос шуда, бо хонандагону омӯзгорон сӯҳбати самимӣ доир карданд.

Мавриди зикр аст, ки санги асос барои бунёди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 102-и ноҳияи Шоҳмансур ҳанӯз 19 июни соли 2017 аз тарафи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ гузошта шуда буд.

Иншооти мазкур дар асоси дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи тадбирҳои бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сиёсати маорифпарваронаи Ҳукумати кишвар ва иқдомҳои созандаи роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бунёд шуд.

 

 

Ифтитоҳи бинои нави иловагӣ ва хобгоҳи Литсейи Президентӣ

барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе

 

1.jpg - 117.88 Kb17.08.2020 09:08, шаҳри Душанбе

17 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бинои нави иловагӣ ва хобгоҳи Литсейи Президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанберо мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Иншооти навбунёд аз се қисми 3 ошёна ва як бинои ду ошёна иборат буда, масоҳати умумии он 11634 метри мураббаъро ташкил медиҳад.

Бинои иловагӣ барои 624 хонанда ва хобгоҳ барои 230 ҷой пешбинӣ шудааст.

Дар бинои иловагӣ синфхонаи таълимӣ, озмоишгоҳи фаннӣ, 2 синфхонаи компютерӣ, китобхона, маҷлисгоҳ, утоқи омӯзгорон ва дигар ҳуҷраҳои зарурӣ мавҷуд буда, барои ба таълиму тарбия фаро гирифтани хонандагон шароити муосири илмомӯзӣ фароҳам оварда шудааст.

 
Хабарҳо

ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН

Имрӯз дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ қабули шаҳрвандон баргузор шуд, ки дар он ариза ва дархостҳои шаҳрвандону донишҷӯён аз ҷониби ректор Аҳлиддин Ибодуллозода дар доираи қонун ва тибқи тартиб баррасӣ гардиданд.

 
Хабарҳо

 

ПАЙВАНДИ ИЛМ БО ИСТЕҲСОЛОТ: ОҒОЗИ СОХТМОНИ КОРХОНАИ ХУРДИ ИСТЕҲСОЛӢ
Рӯзи 7 апрели соли 2025 бо иштироки ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ Аҳлиддин Ибодуллозода, аҳли раёсат ва дигар шахсони масъул дар ҳудуди Боғи “Агробиолабораторӣ”-и Донишгоҳ ба сохтмони корхонаи хурди истеҳсоли моеъҳои шӯянда ва косметологӣ оғоз бахшида шуд.
Корхона дар ҳудуди 0,6 гектар бунёд гардида, дар он истеҳсоли зиёда аз 20 намуди моеъҳои шӯянда ва косметологӣ ба роҳ монда мешавад.
Албатта масъалаи пешрафти илму маориф ва тадбиқи он дар истеҳсолоту
 


Страница 299 из 654
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj