|
Хабарҳо
|
|
МАҲФИЛ-ОЗМУНИ ДОНИШГОҲИИ “МАҲОРАТ–2025” МИЁНИ ДАСТАҲОИ ДОНИШҶӮЁНИ ФАКУЛТЕТҲО ОҒОЗ ГАРДИД
 Нимаи дуюми рӯзи 7-уми апрел бо дастури Раёсати Донишгоҳ дар партави сиёсати дурандешона ва фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нақша-чорабиниҳои қисми тарбия дар нимсолаи дуюми соли хониши 2025 миёни дастаҳои донишҷӯёни факултетҳо озмуни донишгоҳии “Маҳорат–2025” оғоз гардид.
|
|
|
Оғози соли таҳсил дар донишгоҳ
Мувофиқи қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз 17-08-2020 Рӯзи дониш ва дарси сулҳ оғоз гардид.
Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ низ дар рӯзи аввали соли таҳсилӣ тамоми имкониятро барои донишҷӯён ва омӯзгорон омода намудааст. Аз даромадгоҳи асосии донишгоҳ сар карда тамоми даромадгоҳҳо бо навбатдорҳои доимӣ ва маводҳои антисептикӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст.
|
|
Хабарҳо
|
|
ҶАЛАСАИ НАЗОРАТИИ РЕКТОРИ ДОНИШГОҲ
 Имрӯз ҷаласаи назоратии ректори Донишгоҳ, таҳти роҳбарии Аҳлиддин Ибодуллозода баргузор гардид. Дар ҷаласа масъалаҳои мубрам марбут ба таълим, тарбия, илм ва робитаҳои байналмилалии муассиса мавриди баррасӣ қарор дода шуда, ҷиҳати ҳаллу фасли онҳо аз ҷониби ректори Донишгоҳ ба муовинони соҳавӣ, садорати факултетҳо ва дигар шахсони масъул дастуру супоришҳо дода шуд.
|
|
|
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Рӯзи дониш
17.08.2020 10:07, шаҳри Душанбе
Ҳамватанони азиз!
Хонандагону донишҷӯён ва устодону омӯзгорони муҳтарам!
Ҳар сол дар саросари Тоҷикистон Рӯзи дониш ҳамчун санаи гиромидошти илму маърифат ҷашн гирифта мешавад, ки ин гувоҳи равшани таваҷҷуҳи доимӣ ва эҳтироми хоссаи Ҳукумати мамлакат ба аҳли илму маориф мебошад.
Оғози соли нави таҳсил ва Рӯзи донишро ба хонандагону донишҷӯён, падару модарон, аҳли илму маориф, кулли мардуми шарифи кишвар, инчунин, ба кӯдакони хушбахти даврони истиқлол, ки имрӯз нахустин бор ба остонаи мактаб қадам мегузоранд ва ба шумо, ҳозирини гиромӣ, табрик мегӯям.
Соли таҳсили имсола бо сабаби пандемияи коронавирус пештар оғоз гардид.
|
|

ТАБРИКОТИ
Ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ
доктори илмҳои таърих, профессор ҒАФФОРӢ НӮЪМОНҶОН УСМОНЗОДА
ба муносибати рӯзи дониш ва дарси сулҳ !
Дар ин рӯз мо заҳмати афродеро гиромӣ медорем, ки онҳо худ меомӯзанд ва ба дигарон илму маърифат меомӯзонанд.
Эмомалӣ Раҳмон
Устодону омӯзгорон ва хонандагону донишҷӯёни азиз!
Ҳайати профессорону кормандони донишгоҳ!
Нахуст аз ҳама, кулли омӯзгорону устодон, аҳли илму маориф, тамоми толибилмону донишҷӯён ва мардуми Тоҷикистонро ба муносибати Рӯзи дониш самимона табрик мегӯям. Бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвари соҳибистиқлоли мо сулҳу амонӣ, ваҳдату якдилӣ ва ҳаёти осоишта ҳукмфармо буда, дар саросари мамлакат фарзандони мо Рӯзи донишро бо шодиву нишот ва зери осмони софу беғубори Ватан ҷашн мегиранд.
|
|
|
|
|
|
|
Страница 300 из 654 |