|
Эълон
|
Хабари маркази матбуоти Прокуратураи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе
ДУШАНБЕ, 30.12.2021. /АМИТ «Ховар»/. 30 декабри соли 2021 шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Чоршанбиев Чоршанбе Авазхонович, соли таваллудаш 1995, зодаи шаҳри Хоруғ, муваққатан дар Федератсияи Россия ғайриқонунӣ иқомат дошт, бо қарори Суди ноҳияи Останкинои шаҳри Москва барои қонуншиканиҳои маъмурӣ ва дағалона вайрон намудани қоидаҳои будубош, зери хатар мондани ҳаёт ва саломатии шаҳрвандон ба маблағи калон ҷаримабандӣ гардида, аз ҳудуди Федератсияи Россия хориҷ карда шуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» сухангӯи Прокуратураи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе хабар дод.
|
|
|
Хабарҳо
|
|
ҚАДРДОНИИ ДОНИШҶӮИ ФАЪОЛ ДАР МАРОСИМИ ҶАМЪАСТИИ СОҲАИ ҶАВОНОН ВА ВАРЗИШ
Дар шаҳри Душанбе маросими ҷамъбасти фаъолияти беҳтаринҳо ва ташкилотҳои ҳамкор дар соҳаи кор бо ҷавонон ва варзиш дар соли 2025 баргузор гардид. Чорабинӣ бо ташаббуси Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе баргузор шуда, дар он намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ҷавонони фаъол иштирок намуданд.
Дар доираи маросими ҷоизасупорӣ як қатор ҷавонони фаъол барои саҳми назаррас дар рушди сиёсати давлатии ҷавонон қадрдонӣ гардиданд. Аз ҷумла, донишҷӯи курси 4-уми факултети таърих ва ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ — Қаюмов Мавлавӣ барои саҳми арзанда дар татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон, иштироки фаъолона дар озмунҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ, инчунин
|
|
Хабарҳо
|
|
«Талибан» * должен выстраивать взаимоотношения со всеми этническими и религиозными группами, со всеми политическими и общественными организациями. Об этом 21 октября завил президент России Владимир Путин во время выступления на XVIII Ежегодном заседании Международного дискуссионного клуба «Валдай».
|
|
|
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»
21.12.2021 13:10, шаҳри Душанбе
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон
Ҳамватанони азиз!
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.
Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.
Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.
Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.
|
|
Хабарҳо
|
|
ҚАДРДОНИИ ЗАНОНУ БОНУВОНИ ФАЪОЛ ДАР ДОИРАИ ТАҶЛИЛИ “РӮЗИ МОДАР”
 Дар доираи чорабинӣ бахшида ба “Рӯзи Модар” як қатор занону бонувони фаъоли Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ барои фаъолияти пурсамар дар соҳаи илму маориф ва саҳми арзанда дар тарбияи мутахассисони ҷавон бо “Сипоснома”-и ректори Донишгоҳ, Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ гардиданд.
|
|
|
|
|
|
|
Страница 31 из 654 |