|
Хабарҳо
|
|
ШАНБЕГИИ ДАСТАҶАМЪОНА ДАР ДОНИШГОҲИ ОМӮЗГОРӢ
Баҳри тақвият бахшидан ба корҳои ободонӣ ва созандагӣ бо иштироки кормандон, омӯзгорон ва донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ дар гирду атрофи биноҳои таълимӣ, хобгоҳҳо, синфхонаҳо ва утоқҳои корӣ шанбегии дастаҷамъона гузаронида шуд. Дар ин доира саҳну роҳравҳои биноҳои таълимӣ аз гулҳои рехтаи дарахтон рӯбучин, ҷӯйборҳо аз ҳар гуна хасу партовҳо тоза карда шуда, гирди дарахтон нарму алафҳои бегонаи онҳо чида шуданд. Дар баробари биноҳои маъмурию таълимӣ, хобгоҳҳо ҳамчунин роҳраву ҷӯйборҳои ҳамшафати Донишгоҳ низ тозаю озода карда шуданд. Ба ин васила, ба атрофи биноҳои Донишгоҳ ва роҳравҳои атрофи он таровати тозае зам карда шуд, ки сокинону меҳмонони пойтахт аз дидани ин табиати покиза хушҳол хоҳанд
|
|
|
Хабарҳо
|
|
АНГЕЗАҲОИ ҶАРАЁНҲОИ ДИНӢ-ЭКСТРЕМИСТӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА ТАЪСИРИ ОНҲО БА ИДЕОЛОГИЯИ МИЛЛӢ

Имрӯз дар факултети математика ва информатика бо иштироки доктори илмҳои фалсафа, декани факултети филологияи тоҷик Зикирзода Ҳобил ва мудирони кафедраҳо, омӯзгорон ва донишҷӯён доир ба мавзуи “Ангезаҳои ҷараёнҳои динӣ-экстремистӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъсири онҳо ба идеологияи миллӣ” суҳбат-семинари омӯзишӣ доир гашт. Семинари мазкурро декани факултет, номзади илмҳои физика-математика, дотсент Зеваршозода Умар бо суханҳои пурмуҳтаво ҳусни оғоз бахшида, ҳозиринро хуш омадед гуфт ва суханро бевосита ба меҳмони чорабинӣ Зикирзода Ҳобил доданд.
|
|
Хабарҳо
|
|
«НАВРӮЗ РАМЗИ ВАҲДАТ, РАВОБИТИ ДӮСТОНА МИЁНИ КИШВАРҲОИ ТОҶИКИСТОН, УЗБЕКИСТОН ВА ҚИРҒИЗИСТОН». Дар ин мавзуъ ҳамоиши илмӣ-назариявӣ баргузор гардид.
 Рӯзи 5 апрели соли 2025 дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар мавзуи «Наврӯз рамзи Ваҳдат, равобити дӯстона миёни кишварҳои Тоҷикистон, Узбекистон ва Қирғизистон» ҳамоиши илмӣ- назариявӣ баргузор гардид.
Дар кори он донишмандону муҳаққиқон, аҳли раёсат, омӯзгорону донишҷӯён иштирок ва суханронӣ намуданд.
|
|
|
Ҳамдардии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сабаби даргузашти Гулназар Келдӣ
13.08.2020 18:21, шаҳри Душанбе
Имрӯз шоири маҳбуби мардуми тоҷик, муаллифи Суруди миллии Тоҷикистон, Шоири халқии Тоҷикистон ва дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ Гулназар Келдӣ дар синни 75-солагӣ аз олам даргузашт.
|
|
Шарҳи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои тақвият
бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва зиёд намудани маоши амалкунандаи
вазифавии хизматчиёни давлатӣ, кормандони муассисаю
ташкилотҳои буҷетӣ, андозаи нафақа ва стипендия»
04.08.2020 19:51, шаҳри Душанбе
Дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 26 декабри соли 2019 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон супориш дода буданд, ки музди меҳнати кормандони мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, муассисаҳои маориф, илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳои аз буҷети давлатӣ маблағгузоришаванда, ҳадди ақал ва ҳадди ниҳоии нафақа аз рӯи синну сол ва нафақаи заминавӣ, инчунин нафақаҳои меҳнатии шаҳрвандон, стипендияи донишҷӯён ва дигар намудҳои стипендия аз 1 сентябри соли 2020 зиёд карда шавад.
Бо мақсади баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ ва амалӣ намудани сиёсати иҷтимоии давлат Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии хизматчиёни давлатӣ, кормандони муассисаю ташкилотҳои буҷетӣ, андозаи нафақа ва стипендия» ба тасвиб расид, ки ташаббуси навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин самт маҳсуб меёбад.
|
|
|
|
|
|
|
Страница 301 из 654 |