• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
tgpu
Хабарҳо

ТАҶЛИЛИ ИДИ НАВРӮЗ ДАР ХОБГОҲИ №9-И ДОНИШГОҲ

Ба хотири болидарӯҳии истиқоматкунандагон-омӯзгорони хобгоҳи №9-и Донишгоҳ бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии идона баргузор карда шуд.
Ин чорабинии бошукӯҳ бо ташаббусу дастгирӣ ва иштироки раёсати Донишгоҳ дар фазои тантанавӣ доир гардид.
Ба иштирокчиён барномаи рангини фарҳангӣ пешкаш шуда, суннатҳои неки наврӯзӣ муаррифӣ гардиданд.
Чорабинӣ на танҳо фазои ҷашниро фароҳам овард, балки барои баланд бардоштани рӯҳияи иштирокчиён ва ҳавасмандии онҳо ба ҳифзи арзишҳои миллӣ саҳми назаррас гузошт.

 

 

 

Тасдиқи рамзи таҷлили ҷашни 700-солагии

шоири бузурги тоҷик – Камоли Хуҷандӣ

310.jpg - 77.40 Kb04.08.2020 14:50, шаҳри Душанбе

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи таҷлили ҷашни 700-солагии шоири бузурги тоҷик – Камоли Хуҷандиро интихоб карданд.

Рамзи мазкур аз ҷониби Академияи мусаввирии Тоҷикистон, Иттифоқи рассомон ва Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн омода гардида, бо иштироки мутахассисони Академияи миллии илмҳо дар бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа мавриди баррасӣ қарор гирифт.

 

 

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

306.jpg - 66.84 Kb30.07.2020 19:28, шаҳри Душанбе

30 июл таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар кори маҷлис нахуст гузориши Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқӣ Завқизода “Дар бораи дурнамои нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2023” шунида шуд.

Таъкид гардид, ки ҳангоми таҳияи лоиҳаи дурнамои нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ барои солҳои 2021-2023 вазъи иқтисоди ҷаҳон ва кишварҳои ИДМ, шарикони асосии тиҷоратии кишвар ва дигар мамлакатҳои олам дар робита ба паҳншавии бемории нави сироятии короновирус, тағйирёбии нархҳо дар бозорҳои ҷаҳонии молию ашёӣ ва тамоюли рушди соҳаҳои иқтисодиёти миллӣ дар солҳои охир, аз ҷумла дар моҳҳои январ-апрели соли 2020 ба инобат гирифта шудааст.

 
Хабарҳо

БАРГУЗОРИИ “РӮЗИ ДАРҲОИ КУШОД” ДАР ДОНИШГОҲ

Рӯзи 04.04.2025 дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ “Рӯзи дарҳои кушод” баргузор гардид.
Дар ин рӯз аз ҷониби факултетҳои Донишгоҳ дастовардҳо, ихтироот, китобҳои тозанашри устодону донишҷӯён ба намоиш бароварда шуда, беш аз 2500 нафар хонандагони 50 муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва литсейю гимназияҳои 4 ноҳияи шаҳри Душанбе аз онҳо дидан карданд.
Инчунин хонандагон аз озмоишгоҳҳои факултетҳои химия, биология, физика, технология, синфхонаҳои факултетҳои забон ва адабиёти рус, осорхонаи Донишгоҳ боздид намуда, аз наздик бо шарту шароити таҳсил, зист, имкониятҳои таълим дар факултетҳо ва марказу шуъбаҳои ин муассиса шинос гаштанд.
Гузашта аз ин, барои интихоби касби ояндаи хеш хонандагон бо омӯзгорон ва масъулин суҳбатҳои зарурӣ намуданд.


 
Хабарҳо

 

ЭЪЛОН! ЭЪЛОН! ДАРҲОИ ДОНИШГОҲ БА РӮИ ДОВТАЛАБОН БОЗ АСТ!
Рӯзи 04.04.2025, соати 9:00 дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ “Рӯзи дарҳои кушод” баргузор мегардад. Дар ин замина ҳамаи факултетҳои Донишгоҳ дастовардҳо, ихтироот, китобҳои тозанашри устодон ва донишҷӯёни хешро ба намоиш мегузоранд.
Вобаста ба ин, хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ метавонанд дар ин рӯз ба Донишгоҳ ташриф оварда, аз наздик бо шарту шароити таҳсил, зист, имкониятҳои таълим дар факултетҳо ва марказу шуъбаҳои ин муассиса шинос гашта, барои интихоби касби ояндаи хеш бо масъулин суҳбатҳои зарурӣ намоянд.
МАРҲАБО БА НАХУСТМАКТАБИ ОЛИИ КИШВАР!

 

 


Страница 302 из 654
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj