• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
tgpu
Хабарҳо

ДАСТОВАРДҲОИ ИЛМИИ ДОНИШГОҲ ДАР ОҒОЗИ СОЛИ 2025: ТАСДИҚИ УНВОН ВА ДАРАҶАҲОИ ИЛМӢ
Боиси ифтихор аст, ки бо фармоиши раиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28.03.2025 унвони илмии Талбакзода Фарҳод – декани факултети физика (унвони илмии «дотсентӣ») ва рисолаи илмии устоди Донишгоҳ Шарипов Қаҳрамон ба дараҷаи илмии номзади илм сазовор дониста шуданд. Ин хабари хуш боиси хушҳолии аҳли кормандону омӯгорони ин даргоҳи илму маърифат мебошад.

 

 

Раёсати ДДОТ: Донишҷӯёнро дастгирӣ мекунем

 

298.jpg - 150.17 KbИстиклолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушду пешрафти ДДОТ шароити мусоид фароҳам овард. Дар давоми се даҳсолаи ахир вобаста ба талаботи замон ва бозори меҳнат як қатор кафедраҳо, ихтисосҳо ва факултетиҳои нав таъсис ёфтанд ва ҳамкориҳои бисёрҷониба бо муассисаҳои олии таълимии мамолики хориҷӣ вусъат ёфтаанд. Аз 20786 донишҷӯи айни замон дар ин даргоҳи дониш таҳсил намуда истода 4020 нафар шаҳрвандони давлатҳои ҳамсоя мебошанд. Аз ин шумора 2262 нафар дар шуъбаи рӯзона ва 1758 нафар дар шуъбаи ғоибона мехонанд.

 

 

КИТОБ — САРЧАШМАИ МАЪРИФАТ

297.jpg - 164.38 KbДУШАНБЕ, 14.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ рӯнамоии китоби тозанашр таҳти унвони «Китоб—сарчашмаи маърифат» доир гардид. Дар китоби мазкур маҷмӯи мақолаҳои олимону муҳаққиқони тоҷик дар бораи китоб, хизмати пурарзишу таърихӣ ва адабии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба манзалати китоб гирд омада, он аз ҷониби академик Абдуҷаббор Раҳмонзода ва бо ибтикори Раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Роҳбар Қосим бо теъдоди 500 нусха дар нашриёти «Ношир» ба чоп расидааст.

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» аз маросими мазкур хабар дод, дар ин рӯнамоии китоби зикршуда ректори Донишгоҳ, профессор Нуъмонҷон Ғаффорӣ , олимону муҳаққиқони ва дӯстдорони каломи бадеӣ иштирок доштанд.

Нуъмонҷон Ғаффорӣ зикр кард, ки китоби мазкур ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Ваҳдати миллӣ бахшида шуда, ба доираи васеи хонандагони тоҷик равона карда шудааст.

 
Хабарҳо

 

БОЗДИДИ МЕҲМОНОН АЗ ОСОРХОНАИ ДОНИШГОҲ
Дар доираи конфронси байналмилалӣ, ки дар мавзуи “Омилҳо ва ҷанбаҳои психологии тундгароӣ дар ҷавонон” баргузор гардид, меҳмонон ва иштирокчиёни он аз осорхонаи Донишгоҳ дидан намуда, бо дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, табиати зебои ин диёр, таъриху фарҳанги миллати тоҷик ва дирӯзу имрӯзи фаъолияти ин даргоҳ шинос гардиданд.

 

 
Хабарҳо

 

КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ: “ОМИЛҲО ВА ҶАНБАҲОИ ПСИХОЛОГИИ ТУНДГАРОӢ ДАР ҶАВОНОН”
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар мавзуи “Омилҳо ва ҷанбаҳои психологии тундгароӣ дар ҷавонон” конфронси байналмилалӣ баргузор гардид.
Дар қисмати ифтитоҳии конфронс муовини ректор оид ба корҳои илмии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ доктори илмҳои химия, профессор Раҷабзода Сироҷиддин, мудири кафедраи “Педагогика ва психология”-и Донишкадаи бизнес ва педагогикаи Денови Ҷумҳурии Узбекистон, дотсент, доктор Phd Бобоқулова Дилфуза
 


Страница 304 из 654
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj