• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
tgpu

 

ТОҶИК, ТОҶИКИЯТ, КОРОНАВИРУС ВА НАНГУ НОМУС

 

Ба ҳаводис ва руйдодҳои олам менигарем. Мавзӯи асосӣ – бадбахтии саросарии олам-коронавирус.

Бузургтарин қудратҳои ҷаҳонӣ натавонистанд, аз он раҳоӣ ёбанд. Давлати қудратманде, ки даъвои кадхудоии дунёро дошт, ё кишваре, ки сесад сол Ҳиндустони бузургро таги чанголи оҳанин гирифта буд, мамлакате, ки роҳро ба сӯйи қитъаи Амрико кушода буд ва дигар кишварҳои бою сарватманд миллионҳо бемор ба бор оварданд. Даҳҳо ҳазор нафар шаҳрвандони онҳо ҷонҳои худро бар асари ин сироят бохтанд.

Ин руйхатро метавон идома дод. Аммо ҳоҷат нест. Мардумони олам фоҷеи одамиро эҳсос мекунанд, мефаҳманд, агар бо кумакҳои моддӣ натавонанд ҳам ақаллан ҳамдардӣ изҳор менамоянд.

Афлотун фармудааст: «Ҷанг ягона руйдодест, ки қудрати маънавии миллатро дар намоиш мегузорад».

Масъала сари тоҷик, тоҷикият, коронавирус ва нангу номус  меравад. Ҳамагон медонистанд ва медонанд, ки ин фоҷеаи умумибашарӣ наме-тавонист кишвари моро сарфи назар кунад. Акнун ин бадбахтӣ дари хонаи тоҷикро ҳам, тавре ки интизорӣ мерафт, куфт.

 
Хабарҳо

БАРГУЗОРИИ ШАНБЕГӢ ДАР ДОНИШГОҲ
Имрӯз (29.03.2025) дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ шанбегӣ баргузор гардида, дар баробари биноҳои маъмурию таълимӣ, ҳамчунин роҳраву ҷӯйборҳои ҳамшафати Донишгоҳ тозаю озода ва атрофи дарахтон нарм карда шуданд.

 
Хабарҳо

 

ДАР МАВЗУИ “ТАЪМИНОТИ МОДӢ-ТЕХНИКИИ РАВАНДИ ТАЪЛИМИ ТЕХНОЛОГИЯ ДАР МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМӢ” КОНФЕРЕНСИЯИ ҶУМҲУРИЯВӢ БАРГУЗОР ГАРДИД.
Бахшида ба “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар мавзуи “Таъминоти модӣ-техникии раванди таълими технология дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ” конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-методӣ баргузор гардид.
Дар қисмати ифтитоҳии конференсия муовини ректор оид ба корҳои илмии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ доктори илмҳои химия, профессор Раҷабзода Сироҷиддин суханронӣ
 

 

Баргузории конференсия илмӣ дар

кафедраи забони тоҷикии умумидонишгоҳӣ

291.JPG - 325.65 KbРӯзи 24-уми апрели соли 2020 дар кафедраи умумидонишгоҳии забони тоҷикӣ конференсияи илмиву назариявии устодону донишҷӯён баргузор гардид.Онро бо сухани муқаддимавӣ мудири кафедра С. Хоҷазод ифтитоҳ намуда, роҷеъ ба “Нақши осори Сайидои Насафӣ дар бозтоб, тарғиб ва муаррифии ҳунарҳои мардумӣ” маърӯза кард.

 

 

 

Баргузории конференсияи илмӣ-назариявии

устодону донишҷӯён дар факултетҳои таърих ва филологияи тоҷик

289.JPG - 199.94 KbКонференсияи мазкур аз рӯи нақшаи раёсати Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ва барномаи он дар кафедраи таърихи умумӣ ва кафедраи ҳуқуқи факултети таърих ва кафедраҳои факултети филологияи тоҷик санаи 23. 04. 2020 с. баргузор гардид. Дар кори конференсия ректори донишгоҳ, профессор Нуъмонҷон Ғаффорӣ, муовини ректор оид ба корҳои илмӣ, профессор А. Мирзораҳимов, сардори раёсати илм ва иноватсия, дотсент Ҳ. Раҷабов, мудири бахши магистратура С.Ахиева, сармутахассиси раёсати илм Мусаммирова З. ва дигар намояндагону мутасаддиёни зерсохторҳои донишгоҳ ширкат доштанд.

 


Страница 305 из 654
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj