• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
tgpu
Хабарҳо

 

ЭЪЛОН! ЭЪЛОН! ЭЪЛОН!

 

Ба таваҷҷуҳи ҳаводорони омӯзиши забонҳои хориҷӣ расонида мешавад, ки дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ курсҳои омӯзиши забонҳои хитоӣ ва кореягӣ роҳандозӣ гардидааст.
Курсҳои мазкур дар назди марказҳои хитоӣ ва кореягӣ, ки дар Донишгоҳ фаъолият мекунанд, ба роҳ монда шуда, дарсҳо аз ҷониби омӯзгорони соҳибтаҷрибаи муассиса ва хориҷии соҳибзабон баргузор карда мешаванд.
Мақсад аз роҳандозии курсҳои мазкур – ин пеш аз ҳама фароҳам овардани шароит баҳри омӯзиши забонҳои хориҷӣ аз ҷониби қишрҳои гуногуни ҷомеа, махсусан ҷавонону наврасон маҳсуб меёбад.
Хоҳишмандон метавонанд барои гирифтани маълумоти бештар бо рақамҳои +992873444417 (забони хитоӣ) ва +992911304446 (забони кореягӣ) дар тамос шаванд.

 

 

 

 

Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам

Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон

23.04.2020 07:00, шаҳри Душанбе

Ҳамватанони азиз!

280.jpg - 124.84 KbҲамаи шуморо ба муносибати фаро расидани моҳи мубораки Рамазон табрик гуфта, ба ҳар як хонадони Ватан файзу баракат ва рӯзгори осуда орзу менамоям.

Рамазон, ки дорои арзишҳои маънавии бузург мебошад, барои мардуми мусулмон моҳи муқаддас ба шумор меравад. Ин моҳ инсонро ба сабру таҳаммул ва парҳезкорӣ даъват карда, дар табиати одамон меҳрубонӣ ва раҳму шафқатро нисбат ба якдигар бедор месозад ва онҳоро ғолиби нафсу ҳомии рӯҳ мегардонад.

Яъне моҳи Рамазон ба пок гардидани ботину қалби инсон мусоидат карда, ӯро аз гуфтору рафтори зишту номатлуб дур месозад.

Дар ин айём, ки моҳи меҳру муҳаббат ва раҳму шафқат мебошад, одамон бояд якдигарро эҳтиром намоянд, аз гуноҳи ҳамдигар гузаранд, ба қадри падару модар, калонсолон, хешу табор ва ҳамсояҳои худ расанд ва фурӯтану хоксор бошанд.

Дар ин моҳи муборак баробари ба ҷо овардани тоату ибодат ва зоҳир намудани меҳрубониву самимият иҷрои амалҳои солеҳ, аз қабили хайру эҳсон ва парҳезгорӣ аз ҷумлаи беҳтарин фазилатҳои инсониву имонӣ дониста шудааст.

 

 

Конференсияи хотирмон

273.JPG - 192.23 KbБо иқдоми устодони кафедраи забон ва адабиёти  тоҷик рӯзи 21-уми апрели соли 2020 дар факултети таҳсилоти томактабӣ ва ибтидоӣ конференсияи илмӣ-назариявии устодону донишҷӯён баргузор гардид. Конференсияро бо сухавни муқаддимавӣ иҷрокунандаи вазифаи мудири кафедра н.и.ф. Ҳамаза Боқиев ифтитоҳ намуд.

 
Хабарҳо

ДОНИШГОҲ ДАР РЕЙТИНГИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ МИЁНИ 422 МУАССИСАИ ОЛӢ ҶОЙИ 8-УМРО ИШҒОЛ НАМУД

Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ баҳри баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар фазои ҷаҳонишавии таҳсилот пайваста бо шарикони хориҷӣ дар робита буда, барои рушди маорифи кишвар ба роҳ мондани ҳамкориҳои байналмилалиро муҳим меҳисобад.
Дар ин замина Муассисаи “Радабандии муассисаҳои олӣ” (HE Higher Education Ranking)-и Шурои сифат ва арзёбии таҳсилоти олӣ “HEQAC”, ки қароргоҳаш дар Ҷумҳурии Туркия мебошад, пас аз санҷишу таҳлилҳои самтҳои мухталифи фаъолияти 422 муассисаи олии 55 кишвари ҷаҳон “Радабандии муассисаҳои олӣ”-и ҷаҳонро дар соли 2025 интишор намуд. Аз ҷумла, дар ин радабандӣ аз Тоҷикистон 3 муассисаи олии кишвар: Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Бобоҷон Ғафуров дар зинаи 184 ва Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дар зинаи 329 ҷой гирифтанд.

 
Хабарҳо

БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТИИ РАЁСАТИ ДОНИШГОҲ
Рӯзи 26 марти соли 2025 ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Аҳлиддин Ибодуллозода бо иштироки муовинони ректор, сардорони раёсатҳо, деканони факултетҳо ва мудирони шуъбаву бахшҳо ҷаласаи назоратӣ баргузор намуданд.
Дар ҷаласа як қатор масъалаҳои марбут ба таълим, тарбия, илм ва робитаҳои байналмилалии муассиса мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

 


Страница 306 из 654
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj