|
Баргузории конфренсияи илмӣ дар
факултети психология ва таҳсилоти фарогир
Тӯли ду рӯз мешавад, ки конференсия илмӣ дар факултети психология ва таҳсилоти фарогир вобаста ба бахшҳои мухталиф идома дорад. Бояд зикр кард, ки рӯзи аввал декани факултет Обидова Мунира конференсияи илмиро ифтитоҳ намуда, сипас аз рӯи нақшаи баргузорӣ барои маърӯза хондан суханро ба профессори кафедраи психологияи касбӣ д.и.п Маҷидова Б. дод. Зимни баргузории конференсия устодони кафедраи мазкур
|
|
|
Хабарҳо
|
|
ДИҚҚАТ ДИҚҚАТ
ТАЪТИЛИ НАВРӮЗӢ БАРОИ ДОНИШҶӮЁН БА АНҶОМ РАСИД

Таътили наврӯзӣ (баҳорӣ) барои донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ аз 21 то 25 март мебошад (манбаъ: сомонаи расмии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон). Яъне, рӯзи 26-март барои донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дарс мебошад. Аз ин рӯ, ба диққати ҳамаи донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ мерасонем, ки дар дарсҳо иштирок намоянд. Иштироки фаъолонаи донишҷӯён дар раванди таълим ин саҳмгузорӣ барои ояндаи дурахшони онҳо мебошад. |
|
Хабарҳо
|
|
ИШТИРОКИ ФАЪОЛОНАИ ДОНИШГОҲ ДАР ФЕСТИВАЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ "НАВРӮЗ - МЕРОСИ ФАРҲАНГИЮ ҶАҲОНГАРДӢ"
Рӯзи 22 март дар «Боғи Ирам»-и шаҳри Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз - мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» баргузор гардид, ки дар он аз Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ зиёда аз 300 нафар аз ҷумла аҳли раёсат, кормандон, омӯзгорон ва донишҷӯён фаъолона иштирок намуданд.
Дар доираи фестивал аз ҷониби намояндагони Донишгоҳ намоиши ҳунарҳои мардумӣ, оину анъанаҳои наврӯзӣ, пухтани таомҳои наврӯзӣ ва либоси миллӣ доир шуд.
Инчунин аз ҷониби ҳунармандони ансамбли "Чеҳранамо"-и Донишгоҳ суруду таронаи фараҳбахш садо дода шуд, ки боиси болидахотирии меҳмонону иштирокчиён гардид.
Бояд зикр намуд, ки фестивали мазкур соли ҳафтум аст, ки бо дастгирии Ҳукумати мамлакат ба муносибати Ҷашни байналмилалии Наврӯз гузаронида шуда, мақсади он муаррифии имконияти сайёҳӣ ва фарҳанги миллии тоҷикон ба сайёҳон мебошад.
|
|
|
Ҳафтаи илм дар Донишгоҳи давлатии
омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ
Имрӯз, 20-уми апрели соли 2020 дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ конфренсияи илмӣ-назариявии профессорон, омӯзгорон ва донишҷӯён бахшида ба “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф (солҳои 2020-2040)”, 5500-солагии Саразми бостонӣ, 700-солагии шоири барҷастаи тоҷик Камоли Хуҷандӣ ва ба ифтихори Қаҳрамони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ баргузор гардид.
|
|
Дарси кушод дар факултети биология
Имрӯз, 18.04.2020 дар кафедраи ботаникаи факултети биология дарси кушоди тарбиявӣ таҳти мавзӯи «Тарбияи эстетикӣ ва экологӣ (тозагию зебоии муҳит гаравӣ саломатию хушҳолист)» аз тарафи ассистенти кафедра Сатторов Б. бо иштироки мудири кафедра н.и.б. Қурбонов А., раиси кураторони донишгоҳ Баротова Г., раиси бахши кор бо духтарон ва занони донишгоҳ Саидова Г., муовини декан оид ба корҳои тарбиявӣ Раҷабова Б. ва дигар омӯзгорону донишҷӯён гузаронида шуд.
|
|
|
|
|
|
|
Страница 307 из 654 |