• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
tgpu

 

Ёдгори Айниву ин кӯҳсорон зинда бод!

202.JPG - 294.50 KbИмрӯз ба ифтихори ҷашни 142-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон, адиб, олим, мутафаккир, забоншинос ва адабиётшиноси мумтоз, сардафтари адабиёти муосири тоҷик ва шахсияти барҷаста, чеҳраи дурахшону абадзиндаи халқи тоҷик Садриддин Айнӣ, Нуъмонҷон Ғаффорӣ – ректори донишгоҳ, доктори илмҳои таърих, дар пояи нимпайкараи ин абармарди оламшинос  гулчамбар гузошт. Дар аснои маросими гулчамбаргузорӣ ҳайати устодону кормандони донишгоҳ аз қабили Ҷамила Мӯсоҷонзода – муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ, номзади илмҳои химия, Сахидод Раҳматуллозода – декани факултети филологияи тоҷик, доктори илмҳои филологӣ, Шамсиддин Солеҳов – мудири кафедраи назария ва таърихи адабиёт, доктори илмҳои филологӣ ва дигарон ҳамроҳӣ доштанд.

 
Хабарҳо

“ТАҒЙИРЁБИИ ГЛОБАЛИИ ИҚЛИМ ВА ТАЪСИРИ ОН БА ҲОЛАТИ КУНУНИИ ПИРЯХҲОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН”. ТАҲТИ ЧУНИН УНВОН ДАР ДОНИШГОҲ КОНФЕРЕНСИЯИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ БАРГУЗОР ГАРДИД.

Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бахшида ба “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо”, “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” ва Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” солҳои 2018-2028 дар мавзуи “Тағйирёбии глобалии иқлим ва таъсири он ба ҳолати кунунии пиряхҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон” конференсияи байналмилалии илмӣ-назариявӣ баргузор гардид.
 
Хабарҳо
ВОХӮРИИ НАВБАТӢ БАҲРИ МУҚОВИМАТ БА КОРРУПСИЯ
Ҷиҳати иҷрои нақша чорабиниҳои амалисозии "Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030", ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 03.08.2022, №222 тасдиқ шудааст, вохӯрии кормандони бахши таъминоти ҳуқуқии ДДОТ ба номи С. Айнӣ бо кормандон ва омӯзгорони факултети забони англисӣ ва забонҳои Шарқ ва факутети романӣ-германӣ баргузор гардид.
Зикр гардид, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ масъалаи муқовимат ба коррупсия дар меҳвари сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Зарурияти бартараф ва коҳиш додани шиддати ин падидаи номатлуб дар ҳар давру замон, аз ҷумла дар замони муосир масъалаи муҳим мебошад.

 

 

ХАЛҚИ МОРО ДАФТАРИ АЙНӢ ШАҲОДАТНОМА ШУД

184.JPG - 272.31 KbБа ифтихори ҷашни 142-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон, адиб, олим, мутафаккир, забоншинос ва адабиётшиноси мумтоз, сардафтари адабиёти муосири тоҷик ва фарзонафарзанди миллат,  шахсияти барҷаста ва чеҳраи дурахшону абадзиндаи халқи тоҷик Садриддин Айнӣ ҳайати раёсати Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ имрӯз, санаи 15-уми апрели соли 2020, аз боғи фарҳангию фароғатии устод Садриддин Айнӣ дидан намуда, дар назди марқади устод гулчамбар гузоштанд.

 

 

ПРИГЛАШЕНИЕ К УЧАСТИЮ В ТОРГАХ

 

6.bmp - 1.52 Mb

Республика Таджикистан

Проект «Развития высшего образования»

Окно 1. Улучшение качества и актуальности высшего образования для рынка труда

Таджикский государственный педагогический университет имени Садриддина Айни

 

 

Контракт:  Закупка программного обеспечения СУО (Система управления обучением)

Номер контракта: ТГПУ/SH/05

Дата объявления: 13 апреля 2020 г.

 


Страница 309 из 654
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj