• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
tgpu
Хабарҳо

 

ҚАДРДОНИИ ОМӮЗГОРОНУ КОРМАНДОНИ ДОНИШГОҲ
Дар рӯзи таҷлили ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ як қатор омӯзгорону кормандони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ барои фаъолияти пурсамар ва дастовардҳои илмӣ қадрдонӣ гардиданд.

 

 

Баҳоро, навбаҳорӣ кун, зимистон рафт, медонӣ?!

175.jpg - 187.17 KbДар пойтахти азизамон шаҳри Душанбе ду рӯз қабл алвонҷи гулшукуфиву сабзбаҳориҳо ривоҷи тоза доштанд, вале ба ҳукми тақдир пас аз бориши борони пуршиддати баҳорӣ таназзули барф ғайричашмдошт ба назар расид, ки ин ҳолат, вобаста ба маҳалҳо тақрибан ба соати 21:00 санаи 08.04.2020 рост меомад.

 
Хабарҳо

 

ЗИКРИ НАВРӮЗ ДАР САРЧАШМАҲО ДАР ПАЙВАСТАГӢ БО ШОҲАНШОҲ ҶАМШЕД
Дар натиҷаи тадқиқоти зиёди илмӣ собит шудааст, ки Наврӯз яке аз ҷашнҳои бостонии тоҷикон ба шумор меравад. Пайдоиши он аслан ба олами коиноту табиат сахт алоқамандӣ дорад. Тавре аз хулосаҳои олимони риштаи табиатшиносӣ, ба хусус ситорашиносон бармеояд дар давоми сол Офтоб дар байни ситораҳо аз тарафи ғарб ба шарқ аз рӯи даври калон ботадриҷ ҳаракат мекунад. Ҳамин роҳи ҳаракати зоҳирии солонаи Офтобро дар илми нуҷум эклиптика меноманд. Эклиптика аз болои 12 бурҷ Ҳут, Ҳамал, Савр, Ҷавзо, Саратон, Асад, Сунбула, Мизон, Ақраб, Қавс, Ҷадӣ ва Давл, ки он минтақаи бурҷҳо номида мешавад, мегузарад. Офтоб дар давоми сол аз қисми ҷанубии кураи осмон ба қисми шимолии он ҳаракат карда, экватори дунёро 21 март дар нуқтаи эътидоли (баробаршавии шабонарӯзии) баҳорӣ ва дар мавриди аз қисми шимолӣ ба ҷануб ҷой иваз карданаш ҳамон экваторро 21-22 сентябр дар нуқтаи эътидоли тирамоҳӣ бурида мегузарад. Яъне, дар давоми сол ду маротиба шабу рӯз баробар мешавад. Дар ҳамин ду маврид, яъне эътидоли баҳорӣ ва тирамоҳӣ, ниёгони мо ду ҷашн – Наврӯз ва Меҳргонро офариданд. Инчунин, дар
 
Хабарҳо

 

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ НАВРӮЗ ДАР ДОНИШГОҲ
Имрӯз, 18 марти соли 2025 дар саҳни бинои асосии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Наврӯзи байналмилалӣ бо як шукӯҳи махсус таҷлил карда шуд.
Дар чорабинӣ намояндагони корпуси дипломатии муқими Тоҷикистон: Амрико, Фаронса, Олмон, Ҳиндустон, Ӯзбекистон, Чин, Корея, ректорони Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон, Донишкадаи исломии Тоҷикистон, Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори Маркази барномаҳои байналмилалӣ, аҳли раёсат,
 

 

ЁДЕ АЗ ДӮСТ

168.JPG - 1.04 MbРаҳимӣ Хизру Мӯсои замон буд,

Раҳимӣ дар ҷаҳон худ як ҷаҳон буд.

Зи одам зода буду буд одам,

Раҳимӣ одамиро ҷони ҷон буд.

Даме олим, даме шоир, даме дӯст,

Раҳимӣ лоиқи сад ину он буд.

Раҳимӣ дар миёни ҷумла ёрон,

Азизу меҳрубону нуктадон буд.

Ҳазор афсӯс аз марги чунин дӯст,

Ки ӯ пур орзу буду ҷавон буд.

 


Страница 310 из 654
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj