• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
tgpu

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

30.03.2020 19:37, шаҳри Душанбе

156.jpg - 892.62 Kb30 март таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар маҷлиси Ҳукумати мамлакат нахуст оид ба ҷараёни иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Барномаи рушди қолинбофӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2020” ҳисоботи вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Заробиддин  Файзуллозода шунида шуд.

Таъкид гардид, ки дар доираи амалисозии “Барномаи рушди қолинбофӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2020” чор корхона дар самти истеҳсоли маснуоти қолинӣ, аз ҷумла ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Тоҷ Фейза”,  ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Мавлонои Румӣ”, ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Самарқанд - М” дар ноҳияи Рӯдакӣ, коргоҳи қолинбарорӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов ва ду корхона дар самти истеҳсоли қолинҳои дастбоф - ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Шероз” ва ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Гулвард” ба фаъолият шуруъ карданд. Дар натиҷа зиёда аз 210 ҷойи корӣ таъсис дода шуд.

 
Хабарҳо

ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
Имрӯз дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ қабули шаҳрвандон баргузор шуд, ки дар он ариза ва дархостҳои шаҳрвандону донишҷӯён аз ҷониби ректор Аҳлиддин Ибодуллозода дар доираи қонун ва тибқи тартиб баррасӣ гардиданд.

 
Хабарҳо

 

БАРГУЗОРИИ ДАВРИ ДОНИШГОҲИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ "ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ"
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ аз 12 то 15.03.2025 даври донишгоҳии озмуни ҷумҳуриявии "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст" баргузор гардид, ки дар он аз 14 факултет зиёда аз 60 нафар иштирок намуданд.
Бояд ёдовар шуд, ки ғолибони даври муассисавии озмуни мазкур ба даври минбаъдаи озмун роҳхат мегиранд.

 

 

 

 

БОЗ ДАР МУЛКИ КУҲАН НАВРӮЗ ШУД!

136.jpg - 204.34 KbСанаи 20-уми марти соли 2020 бо ташаббуси раёсати донишгоҳ ҷашни Наврӯз бо эҳёи суннату ойинҳои наврӯзӣ бо як сафои тоза истиқбол гирифта шуд.

Дар ҳамоиши мазкур Саломиён Муҳаммаддовуд - муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аскар Ҳаким - шоири халқии Тоҷикистон, Абдуллозода Умеда - муовини раиси Кумитаи занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Расулзода Насимҷон - раиси Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ва Содиқзода Розиқ - сармутахассиси Иттифоқи касабаи кормандони соҳаи маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳузур доштанд.

 

 

БА ДОНИШГОҲАТОН ХУШ ОМАДЕД!

128.jpg - 120.03 KbИмрӯз санаи 18-уми марти соли ҷорӣ дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ «Рӯзи дарҳои кушод» баргузор гардид.

Дар чорабинии муаррифӣ хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва литсею гимназияҳои ҳудуди шаҳри Душанбе ширкат намуданд.

Зимни ширкат хатмкунандагони макотиби миёна ва литсею гимназияҳои ҳудуди пойтахти кишвар бо имконият ва шароити таҳсилу илмомӯзӣ дар донишгоҳ, ҳамзамон аз дастовардҳои назарраси таълимгоҳ, ки дар саҳни бинои асосӣ аз ҷониби факултаҳо ба маърази намоиш гузошта шуда буд, дидан намуданд.

 


Страница 313 из 654
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj