• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
tgpu
Хабарҳо
БОЗДИДИ ИШТИРОКЧИЁНИ КОНФРОНС АЗ ОСОРХОНАИ ДОНИШГОҲ
Имрӯз меҳмонон ва иштирокчиёни конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ дар мавзуи «Вазъи кунунӣ ва дурнамои таҳлили физико-химиявӣ», ки дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ баргузор гардид, аз осорхонаи он дидан намуданд.
Зимни боздид аз ҷониби роҳбалад сайри осорхонавӣ гузаронида шуда, ба ин восита меҳмонон бо толору гӯшаҳои осорхона аз ҷумла бо таъриху фарҳанги пурғановати миллати тоҷик, табиати зебои Тоҷикистон, дирӯзу имрӯзи фаъолияти нахустмактаби олии кишвар ва саҳми он дар омода кардани мутахассисони илмӣ-омӯзгорӣ шинос гардиданд.

 

 

 

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо олимони кишвар

 

126.jpg - 330.99 Kb

18.03.2020 11:47, шаҳри Душанбе

Донишмандон ва зиёиёни гиромӣ!

Ҳамватанони азиз!

Мулоқоти мо бо аҳли илми кишвар дар остонаи ҷашни байналмилалии Наврӯз - соли нави аҷдодии мардуми ориёӣ баргузор мегардад.

Фарорасии фасли зебои баҳор ва ҷашни бузурги миллиро ба шумо, аҳли илму маориф, зиёиёни эҷодкор ва тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон, ҳамватанони бурунмарзӣ ва мардумони ҳавзаи тамаддуни Наврӯз самимона табрик мегӯям.

Дар сарчашмаҳои таърихӣ ва осори донишмандону муҳаққиқони маъруф зикр шудааст, ки замоне тоҷикони ориёитабор дар саргаҳи инқилобҳои ақлии тамаддуни башарӣ қарор доштаанд.

 

 

ПИРӮЗӢ ВА ҶОМИ АКАДЕМИЯИ ИЛМҲОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУБОРАК!

125.jpg - 433.66 KbСанаи 12 ва 13 – уми марти соли 2020 барои дарёфти «Ҷоми Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» олимпиадаи ҷумҳуриявии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ аз рӯи ихтисосҳои математика, физика, астрономия, химия, геология, технологияҳои иттилоотӣ ва биология бахшида ба солҳои 2020-2040 – “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” баргузор гардид.

Дар олимпиадаи мазкур Донишҷӯёни донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ширкат варзида, сазовори ҷойҳои намоён гардиданд.

 
Хабарҳо

 

«ВАЗЪИ КУНУНӢ ВА ДУРНАМОИ ТАҲЛИЛИ ФИЗИКО-ХИМИЯВӢ». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор гардид.
Имрӯз дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бахшида ба эълон гардидани ҳадафи чоруми стратегӣ – саноатикунонии босуръати кишвар, солҳои 2022-2026 – «Солҳои рушди саноат» ва гиромидошти хотири Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон, доктори илмҳои химия, профессор Лутфулло Солиев дар мавзӯи «Вазъи кунунӣ ва дурнамои таҳлили физико-химиявӣ» конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ баргузор гардид.

 
Хабарҳо

ВОХӮРИИ НАВБАТӢ ҶИҲАТИ ТАТБИҚИ СТРАТЕГИЯИ ДАВЛАТИИ МУҚОВИМАТ БА КОРРУПСИЯ

Ҷиҳати иҷрои нақша чорабиниҳои амалисозии "Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030" вохӯрии навбатии кормандони бахши таъминоти ҳуқуқӣ ва кумитаи иттифоқи касабаи омӯзгорону кормандони ДДОТ ба номи С. Айнӣ бо кормандон ва омӯзгорони факултети технология ва факултети иқтисод ва идора баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ роҷеъ ба роҳу василаҳои пешгирии коррупсия, ҳамкорӣ намудан бо мақомоти салоҳиятдори давлатӣ ҷиҳати решакан намудани ин зуҳуроти номатлуб, бетараф набудан ҳангоми бархӯрдан бо омилҳои коррупсионӣ ибрози андеша карда шуд.

 


Страница 314 из 654
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj