• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
tgpu

 

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХӢ ДАР ОСОРХОНАИ УСТОД АЙНӢ

90.jpg - 127.85 KbСардафтари адабиёти муосири тоҷик устод Садриддин Айнӣ шоир, нависанда, омӯзгор, рӯзноманигор, мутафаккир ва олими барҷастаи тоҷик буда, бо эҷоди асарҳои мондагори хеш дар пешрафту инкишофи адабиёти садаи XIX ва XX ва ҳамзамон муаррифии халқи тоҷик дар миқёси ҷаҳон саҳми арзандае гузоштааст.

Бо ин мақсади мо, як гурӯҳ донишҷӯёни курси 1-уми факултети филологияи тоҷик зери роҳбарии устоди бисёр ҳалиму меҳрубон, Ҷамшед Валиев тасмим гирифтем, ки аз ҳаёту фаъолияти устод Айнӣ аз наздик шинос шавем ва рӯзгори гузаштаи ин адиби бузургро бо чашми хеш бубинем. Ба ин мақсад 28-уми феврали соли ҷорӣ ба осорхонаи устод Айнӣ рафтем. Моро дар он ҷо директори осорхона Шердил Каримов пешвоз гирифта, роҳбаладӣ намуд.

 
Хабарҳо

 

БОЗДИДИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ АЗ ДОНИШГОҲ
Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Раҳим Ҳамро ба Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ташриф оварда, аз иштироки донишҷӯён дар дарсҳо дидан намуданд.
Ректори Донишгоҳ Аҳлиддин Ибодуллозода аз вазъи иштирок ва таҳсили донишҷӯён дар муассиса маълумот манзур намуда, вазири маориф ва илми кишвар бевосита аз раванди дарсҳо ва ҳузури донишҷӯён дар синфхонаҳо дидан намуданд.
Муҳтарам вазир аз иштироки фаъолонаи донишҷӯён дар дарсҳо изҳори хушҳолӣ намуда, таъкид карданд, ки иштироки донишҷӯёни ҳамаи риштаҳои таҳсил (рӯзона ва фосилавӣ-ғоибона) дар дарсҳо ҳатмӣ мебошад.

 

 
Хабарҳо

МАЪРАКАИ ГУЛШИНОНӢ ДАР ДОНИШГОҲ
Барои боз ҳам сарсабзу зебо гардонидани гулгашту канори роҳравҳо бо ташаббуси раёсати Донишгоҳ назди биноҳои таълимии муассиса бо гулҳои тару тоза ва зебо оро дода шуданд.

 

 

"АРТИШИ МИЛЛӢ РАМЗИ ШУҶОАТ ВА ҚАҲРАМОНӢ"

83.jpg - 40.61 KbИмрӯз 22.02.2020 дар доираи нақшаи тасдиқгардидаи кафедраи забонҳои шарқи факултети забони англисии ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ мизи мудаввар дар мавзӯи "АРТИШИ МИЛЛӢ РАМЗИ ШУҶОАТ ВА ҚАҲРАМОНӢ" бо иштироки мудири кафедраи забонҳои шарқ муҳтарам Бекчаев Ёлбарс, муовини декан оид ба тарбия Шералиев Самандар ва ҳамзамон омӯзгорон ва донишҷӯён бо ташаббуси ассистенти кафедраи забонҳои шарқ Фарзона Раҳмонова ташкил ва гузаронида шуд.

 

 

Иштирок дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори 27-солагии

таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон

22.02.2020 12:04, шаҳри Душанбе

 

78.jpg - 276.99 Kb22 феврал дар Кохи Борбад Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори 27 - солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ карданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст тамоми ҳайати шахсии ҷузъу томҳои ҳарбӣ ва кулли шаҳрвандони кишварро бо санаи муҳими таърихӣ 27 - солагии таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфтанд.

Сарвари давлат оид ба таърихи - 27 соли таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳ, аз имтиҳону озмоишҳои сахту сангин гузаштану ба як сохтори муташаккилу боэътимод ва неруи пурқудрати ҳимоятгари давлат ва халқи Тоҷикистон табдил ёфтанаш андешаронӣ карданд.

 


Страница 318 из 654
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj