• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
tgpu
Хабарҳо

 

ИДОМАИ ВОХӮРИҲО БАҲРИ МУҚОВИМАТ БА КОРРУПСИЯ
Ҷиҳати иҷрои нақша чорабиниҳои амалисозии "Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030", ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 03.08.2022, №222 тасдиқ шудааст, вохӯрии навбатии кормандони бахши таъминоти ҳуқуқӣ ва кумитаи иттифоқи касабаи омӯзгорону кормандони ДДОТ ба номи С. Айнӣ бо кормандон ва омӯзгорони факултетҳои химия ва биология баргузор гардид.
Зимни вохӯрӣ баромадкунандагон марбут ба масъалаи муқовимат ба коррупсия, зарурияти бартараф ва коҳиш додани шиддати ин падидаи номатлуб суханронӣ намуданд.

 

 

76.jpg - 635.32 Kb

Суханронӣ ба ифтихори 27-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ

22.02.2020 11:36, шаҳри Душанбе

Муҳтарам генералҳо, афсарон ва собиқадорони Қувваҳои Мусаллаҳ!
Ҳозирини гиромӣ!

Мардуми шарифи Тоҷикистон фардо санаи таърихии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакатро бо рӯҳияи баланди ватандӯстӣ ва ифтихори ватандорӣ таҷлил мекунанд.

Имрӯз, ки мо дар арафаи ин ҷашн қарор дорем, бо камоли ифтихор ҳамаи шумо – собиқадорон ва тамоми хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқро, ки дар бунёди ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёду дунявӣ, ҳифзи марзу буми Ватан, таъмини амнияти давлат ва осоиши ҷомеа саҳми бузург доранд, самимона табрик менамоям.

Мо Фармони Раёсати Шӯрои Олӣ «Дар бораи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро бисту ҳафт сол муқаддам - дар шароити ниҳоят вазнини иқтисодӣ ва сиёсиву ҳарбии кишвар, дар вазъияте, ки ҳамаи сохтору мақомоти давлатдорӣ фалаҷ гардида буданд, ба тасвиб расонидем.

 

 

НАҚШИ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ

ТОҶИКИСТОН  ДАР РУШДИ ЗАБОНИ МИЛЛӢ

Дар шароити хатарзои ҷаҳони муосир арҷгузорӣ ба рукнҳои давлатсози ҷомеа - забон, фарҳанг, тамаддун ва анъанаҳои миллӣ бамаротиб зиёд мегардад, зеро раванди ҷаҳонишавӣ ду ҷанба- мусбат ва манфӣ дорад ва дар баробари хусусияти ҷаҳонӣ касб кардани урфу одатҳои миллӣ, аз ҷониби дигар, хатари аз байн рафтани онҳо, бахусус забонҳои миллӣ пеш меояд. Бино ба назари пажӯҳишгарон дар сад соли оянда хатари аз байн рафтани тақрибан ҳаштод дарсади забонҳои дунё вуҷуд дорад. Бо назардошти ин, Ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати рушду такомули забони тоҷикӣ ҳамвора чорасозӣ мекунад ва таваҷҷуҳи шахсии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  нисбат ба ин масъала намунаи беҳтарини ҳифзи арзишҳои миллӣ ба ҳисоб меравад. Беҳуда нест, ки дар Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ ба поку беолоиш нигоҳ доштани забони модарӣ, ғамхорӣ дар ҳаққи он таваҷҷуҳи вижа зоҳир шудааст. Тавре  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни ироаи Паёми имсола  иброз доштанд, мо бояд забони шево ва шоиронаи тоҷикиро мисли модар ва Ватани худ дӯст дорем ва онро ҳамчун гавҳари бебаҳои ҳастиамон ҳифз кунем. Оре, ҳифзи забони модарӣ на танҳо вазифаи забоншиносон, балки рисолати аҳли ҷомеа аст, зеро забон василаи муоширати ҷомеа аст ва танҳо ҷомеа қодир аст онро аз таҳдиду хатарҳои фароянди ҷаҳонишавӣ ҳифз намояд.

 
Хабарҳо

ФАЪОЛИЯТИ ПУРСАМАР ҚАДРДОНӢ МЕГАРДАД

Фаъолияти пурсамар ва содиқона ҳамеша шоистаи қадрдонӣ буда, заҳмати созанда ва бунёдкоронае, ки ба ободии Донишгоҳ ва ба ин восита баҳри пешрафти Ватани маҳбубамон равона шудааст, ҳамеша қадрдонӣ мегардад.
Дар ин замина, имрӯз аз ҷониби ректори Донишгоҳ Аҳлиддин Ибодуллозода ба як қатор кормандону омӯзгороне, ки дорои фаъолияти пурсамар ва содиқона мебошанд “Сипоснома” ва муқофотҳои пулӣ тақдим карда шуд.

 
Хабарҳо

ТАҶЛИЛИ БОШУКУҲИ РӮЗИ МОДАР ДАР ДОНИШГОҲ

Имрӯз дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бо иштироки аҳли раёсат, омӯзгорону кормандон ва меҳмонон бахшида ба “Рӯзи Модар” чорабинии бошукуҳ баргузор гардид.
Ректори Донишгоҳ Аҳлиддин Ибодуллозода дар сухани ифтитоҳии хеш ҳамаи занон ва модаронро ба муносибати “Рӯзи Модар” табрик гуфта, барояшон саломатӣ, хушбахтӣ ва рӯзгори босаодат орзу намуд.
Дар доираи барномаи фарҳангии аз ҷониби мардони Донишгоҳ омода гардида, суханҳои марбут ба мақому манзалат ва ситоиши зан-модар садо
 


Страница 319 из 654
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj