• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
tgpu

 

21 - уми феврал Рӯзи байналмилалии забони модарӣ

77.JPG - 5.65 MbЗабони модариро пос дорем” унвон дошт ҳамоиши илмӣ- амалӣ, ки ба ифтихори Рӯзи байналмиллалии забони модарӣ дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ доир гардид. Ҳамоишро бо сухани ифтитоҳӣ  Ректори  донишгоҳ, профессор Нуъмонҷон Ғаффорӣ кушода, роҷеъ ба ҳифзи забонҳои модарӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ, иқдомҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт ва фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди забони модарии миллатҳои маскуни Тоҷикистон ибрози назар намуд.

 
Хабарҳо

 

ВОХӮРӢ БАҲРИ МУҚОВИМАТ БА КОРРУПСИЯ
Ҷиҳати иҷрои нақша чорабиниҳои амалисозии "Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030", ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 03.08.2022, №222 тасдиқ шудааст, вохӯрии кормандони бахши таъминоти ҳуқуқӣ ва кумитаи иттифоқи касабаи омӯзгорону кормандони ДДОТ ба номи С. Айнӣ бо кормандон ва омӯзгорони факултетҳои физика ва математика-информатика баргузор гардид.
 
Хабарҳо

 

ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
Имрӯз дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ қабули шаҳрвандон баргузор шуд, ки дар он ариза ва дархостҳои шаҳрвандону донишҷӯён аз ҷониби ректор Аҳлиддин Ибодуллозода дар доираи қонун ва тибқи тартиб баррасӣ гардиданд.

 

 

 

Таҷлили Рӯзи байналмилалии забони модарӣ

дар факултети таҳсилоти томактабӣ ва ибтидоӣ

72.jpg - 154.90 KbДар таърихи 21.02.2020 бо ибтикори мудири кафедраи забон ва адабиёти тоҷик, номзади илмҳои филологӣ Холмаҳмад Раҳимӣ вобаста ба Рӯзи байналмилалии забони модарӣ конференсияи назариявӣ-амалӣ баргузор гардид.

Дар кори конференсия Х. Раҳимӣ- мудири кафедраи забон ва адабиёти тоҷик, Бегимов Ҳ.Х.- мудири кафедраи методикаи таҳсилоти ибтидоӣ, Басгул Туманова- муовини декан оид ба тарбия, Шаҳноза Ниёзова ассистенти кафедра иштирок намуданд.

 

 

Вохӯрии судманд

61.jpg - 21.39 KbДар асоси Нақшаи чорабиниҳои Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар ҳамбастагӣ бо муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва касбии ҳудуди ноҳия санаи 17-02-2020 дар толори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Точикистон ба номи С. Айнӣ дар байни донишҷӯёну омӯзгорон оид ба тарғибу ташвиқ ва шарҳи нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самтҳои риояи қонунҳои миллӣ, пешгирӣ аз омилҳои номатлуб, терроризму экстремизм, ҷинояту ҷинояткорӣ, тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ, ҷалби наврасону ҷавонон ба китобхонӣ вохӯрии судманд гузаронида шуд.

 


Страница 320 из 654
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj