|
Хабарҳо
|
|
ХУШХАБАР
 Бо фармоиши раиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28.02.2025 КАРИМОВ ҚИЁМИДДИН омӯзгори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ба дараҷаи илмии номзади илмҳои фалсафа сазовор дониста шуд.
|
|
|
«Нақши китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров
дар рушди худшиносии миллӣ»
Бо ташаббуси факултети таърих ва кафедраи таърихи халқи тоҷик санаи 14 феврали соли 2020 дар толори асосии донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ дар мавзӯи «Нақши китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров дар рушди худшиносии миллӣ», семинари илмӣ баргузор гардид.
Сухани ифтитоҳиро муовини ректор оид ба корҳои илмӣ, профессор А. Мирзораҳимов бо суханони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки чунин қайд карда буданд: «олимони таърихнигор ва ҷомеашиноси мо ва умуман аҳли зиёи кишвар бояд дар омӯзиш ва тарғиби зиндагинома ва осори ҷовидонаи ин бузургмарди миллат саҳмгузор бошанд» оғоз намуданд.
|
|
Хабарҳо
|
|
МУШОҲИДОНИ ҶУМҲУРИИ ТУРКИЯ БО РАФТИ ИНТИХОБОТ ДАР УЧАСТКАИ ИНТИХОБОТИИ №12 ШИНОС ШУДАНД

|
|
|
Хабарҳо
|
|
АЗ БАРФ ТОЗА КАРДАНИ ГИРДУ АТРОФИ ДОНИШГОҲ
Субҳи имрӯз аҳли кормандон, омӯзгорон ва донишҷӯёни Донишгоҳ саҳн, роҳравҳо ва дарахтони дохил ва гирду атрофи муассисаро аз барф тоза намуда, ба ин восита дарахтон аз шикастан эмин нигоҳ дошта шуда, ба рафту омади донишҷӯёну сокинони пойтахт шароити мусоид фароҳам оварда шуд.
|
|
ТАҚДИМИ КИТОБҲО АЗ ҶОНИБИ САФИРИ ФАРОНСА
Санаи 11-уми феврали соли 2020 Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Ясмин Гуедар ба Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ташриф оварда, 350 нусха китобҳои таълимӣ-методӣ, илмӣ-оммавӣ ва бадеӣ туҳфа намуд, ки ҳадаф аз он густариши муносибатҳои фарҳангии ду кишвари дӯст мебошад.
Ректори донишгоҳ Нуъмонҷон Ғаффорӣ меҳмони олиқадрро ҷиҳати тақдими китобҳо арзи сипос намуда, дар хусуси нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими равобити Тоҷикистону Фаронса сухан ронд.
|
|
|
|
|
|
|
Страница 321 из 654 |