|
ПРИГЛАШЕНИЕ К УЧАСТИЮ В КОНКУРСНОМ ОТБОРЕ
МЕСТНЫХ КОНСУЛЬТАНТОВ

Республика Таджикистан.
Проект «Развития высшего образования».
Окно 2. Оказание поддержки студентов женского пола.
Таджикский государственный педагогический университет имени Садриддина Айни.
Контракт: Составления справочника «Юридические и психологические консультации»
Номер Контракта: ТГПУ/IC/05
Дата: 06 января 2020 г.
|
|
|
Хабарҳо
|
|
Ш. НОРАК: РАВАНДИ ДАРСИ ИСТЕҲСОЛИИ ГУРӮҲИ КАФШЕРГАРОН
Дар Маркази таълимии касбомӯзии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриидин Айнӣ дар шаҳри Норак дар баробари дарсҳои назариявӣ дарсҳои амалӣ-истеҳсолӣ низ баргузор карда мешаванд. Аз ҷумла, аз ҷониби омӯзгорони марказ чунин дарсҳо барои нафароне, ки ҳунари кафшергариро омӯхта истодаанд, баргузор карда мешавад. Дар ин раванд ба онҳо нозукиҳои касб аз қабили дақиқӣ, меҳнатдӯстӣ, суботкорӣ, мутамарказӣ, эҳтиёткорӣ ва амсоли инҳо таълим дода мешаванд.
Имрӯзҳо касби кафшергар дар бозори меҳнат хеле серталаб буда, қариб ҳамаи соҳаҳои саноат ба монанди мошинсозӣ, хоҷагии қишлоқ ва ғ. ба кори кафшеркунӣ эҳтиёҷ доранд.
Бо ҳамин сабаб дар Маркази таълимии касбомӯзии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриидин Айнӣ дар шаҳри Норак дар баробари таълими дигар касбҳо кафшергарӣ низ роҳандозӣ гардидааст.
|
|
Хабарҳо
|
|
МАШҚИ ПАГОҲИРӮЗӢ: СОЛИМГАРДОНӢ ВА ҶАЛБИ ҶАВОНОНУ ДОНИШҶӮЁН БА ВАРЗИШ
Бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим ва ҷалби омӯзгорону донишҷӯёни Донишгоҳ ба варзиш ин субҳ машқи пагоҳирӯзӣ дар майдони Аҳмади Дониш баргузор карда шуд.
Ҳамин тавр, субҳи имрӯз дар чорабинии мазкур устодон ва донишҷӯён ширкат варзида, ба обутоби бадан машғул шуданд.
|
|
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат,
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ
26.12.2019 13:02, шаҳри Душанбе
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!
Ҳамватанони азиз!
Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад.
Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд.
Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд.
Муфассал
|
|
ПРОФЕССОР ҒАФФОРӢ НУЪМОНҶОН БЕҲТАРИН КОРБАРИ САҲИФАИ
ИҶТИМОИИ ИТТИФОҚИ КАСАБАИ КОРМАНДОНИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Тибқи назарсанҷии Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон профессор Ғаффорӣ Нуъмонҷон –ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ миёни роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, беҳтарин корбари саҳифаи иҷтимоии Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дониста шуд.
|
|
|
|
|
|
|
Страница 324 из 654 |