• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
tgpu

 

Фестивал- озмун бахшида ба 80- солагии

факултети забон ва адабиёти рус

378.JPG - 259.06 KbДар санаи 12-уми декабри соли 2019 дар толори асоси Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Фестивал- озмун бахшида ба 80- солагии факултети забон ва адабиёти рус ва ҷиҳати татбиқи «Барномаи давлатии  такмил ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 2015-2020» баргузор гардид.

Дар чорабинӣ хатмкунандагони солҳои гузаштаи  факултет ва меҳмонон иштирок намуданд, аз он ҷумла: Спектор  Александра Леонидовна, Муллоев Шариф Бакиевич,  Нозимов Абдулахад Абдуалимович ва ғайраҳо.

 
Хабарҳо

 

ТАРҶУМА ВА МУШКИЛОТИ ОН: ВАЗЪ ВА ДУРНАМО
Тибқи нақшаи тасдиқгардидаи Раёсати донишгоҳ аз ҷониби факултети забонҳои романӣ-германӣ маҳфили "Хирадманд" таҳти унвони "Тарҷума ва мушкилоти он: вазъ ва дурнамо" баргузор гардид.
Дар маҳфил сарходими илмии шуъбаи таърихи фалсафаи Институти фалсафа, сиёсат ва ҳуқуқи ба номи А.М. Баҳовадинови АМИТ, н.и.ф., дотсент Мирзошоҳрух Асрорӣ, декани факултети забонҳои романӣ-германӣ н.и.ф. Исломзода Ҷ.М., декани факултети филологияи тоҷик д.и.ф. Зикирзода Ҳ.Ҳ. ва д.и.ф., профессор Султонзода С.А. иштирок ва суханронӣ намуданд.
Тибқи барномаи маҳфил меҳмонон вобаста ба вазъи имрӯзаи илму маориф, хусусан омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва вазъи тарҷума дар шароити имрӯза суханронӣ намуданд.
 
Хабарҳо

ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
Имрӯз дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ қабули шаҳрвандон баргузор шуд, ки дар он ариза ва дархостҳои шаҳрвандону донишҷӯён аз ҷониби ректор Аҳлиддин Ибодуллозода дар доираи қонун ва тибқи тартиб баррасӣ гардиданд.

 

 

“16-рӯз алайҳи зӯроварӣ”

(мизи мудаввар)

362.jpg - 692.46 KbДар санаи 7-уми декабри соли 2019 мизи мудаввар бахшида ба “16-рӯз алайҳи зӯроварӣ” дар факултети психология ва таҳсилоти фарогир, кафедраи психологияи иҷтимоӣ ва муносибатҳои оилавӣ гузаронида шуд.

Дар он декани факултет Обидова М.И., мудири кафедраи психологияи иҷтимоӣ ва муносибатҳои оилавӣ Кенҷаева З.Х., ҷонишини декан оид ба корҳои таълимӣ Маҳмудов Ш., ҷонишини декан оид ба корҳои тарбиявӣ Сафаров У., омӯзгорони кафедраҳои факултет ва донишҷӯён иштирок намуданд. Бояд қайд кард, ки дар омода намудани чорабинии мазкур саҳми омӯзгорон Муродзода С. ва Фархуддинова Ҷ.  зиёд мебошад.

 

 

Конференсияи илмӣ-методии ҷумҳуриявӣ

«Масъалаҳои тамоили салоҳиятнокӣ дар раванди таълими

фанҳои тахассусии синфҳоиибтидоӣ»

352.JPG - 165.78 KbСанаи 07 декабри соли 2019 дар толори фарҳангии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ конференсияи илмӣ-методии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Масъалаҳои тамоили салоҳиятнокӣ дар раванди таълими фанҳои тахассусии синфҳои ибтидоӣ»  бо ташабуси мудири  кафедраи методикаи таҳсилоти ибтидоӣ дотсент Бегимов Ҳ.Х. баргузор гардид. Дар он муовини ректор оид ба корҳои илмӣ, д.и.б., проффесор Мирзораҳимов А.К. ва доираи васеи устодони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ иштирок намуданд.

 


Страница 328 из 654
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj