• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
tgpu
Хабарҳо

БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТИИ РАЁСАТИ ДОНИШГОҲ

Рӯзи 24 феврали соли 2025 ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Аҳлиддин Ибодуллозода бо иштироки муовинони ректор, сардорони раёсатҳо, деканони факултетҳо ва мудирони шуъбаву бахшҳо ҷаласаи назоратӣ баргузор намуданд.
Дар ҷаласа як қатор масъалаҳои марбут ба таълим, тарбия, илм ва робитаҳои байналмилалии муассиса мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

 

 

Вохӯрии намояндагони Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Ҷумҳурии Тоҷикистон бо донишҷӯён

345.JPG - 166.41 KbСанаи 04-уми декабри соли 2019 дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин  Айнӣ вохӯрии намояндагони Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар вохӯрии мазкур муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ - Мусоҷонзода Ҷамила Мансур, муовини аввали директори эндокринологияи шаҳри Душанбе - Хушнудҷони Мирзомурод, сармутахассиси раёсати тандурустии шаҳри Душанбе  - Қузибоев Қосимҷон, сармутахассиси Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе оид ба асабшиносӣ - Ҷумаев Мирдодо Шарофович, Сардори шуъбаи тиббии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмар - Раҳимов Илҳом, табибони дармонгоҳи донишгоҳ ва зиёда аз 400 нафар донишҷӯён иштирок намуданд.

 

 

Рӯзи умумиҷаҳонии маъюбон

342.JPG - 184.16 Kb“Мо ба раванди солимгардонии маъюбон, дастгирии иҷтимоии табақаҳои осебпазири аҳолӣ, аз ҷумла кӯдакони ятиму бесаробонмонда, оилаҳои камбизоат ва дастрасии онҳо ба хизматрасонии тиббиву иҷтимоӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, дар ин самт ҳамаи тадбирҳои саривақтиро амалӣ карда истодаем”

Эмомалӣ Раҳмон

Аз соли 1992 инҷониб бо Қарори Созмони Милали Муттаҳид санаи 3 декабр ҳамчун Рӯзи умумиҷаҳонии ғамхорӣ ба маъюбон пазируфта шудааст. Дар ин рӯз, дидорбинии маъюбон ва амалӣ намудани иқдомҳои хайрхоҳонаю кӯмакҳо нисбати онҳо гузаронида мешавад.

 
Хабарҳо

САЗОВОРИ ҶОМИ ДАРАҶАИ 1 ВА 2 ШУДАНИ ДАСТАҲОИ ШАШКАБОЗОНУ ШОҲМОТБОЗОНИ ДОНИШГОҲ ДАР "ҶОМИ ВАЗИРИ КОРҲОИ ДОХИЛӢ"
Рӯзи 22-юми феврали соли 2025 дастаи омӯзгорони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар мусобиқаи кушоди варзишӣ аз намудҳои шашка ва шоҳмот барои дарёфти “Ҷоми вазири корҳои дохилӣ”, ки миёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва корхонаву идораҳо баргузор гардид, фаъолона иштирок намуданд.
Дар ин мусобиқа омӯзгорони Донишгоҳ ба гирифтани се ҷои ифтихорӣ мушарраф гардиданд. Аз ҷумла, аз намуди шашка миёни мардон Муборакиён Сиддиқ соҳиби ҷойи 1-ум, Шарипова Мавзуна миёни бонувон соҳиби ҷойи 2-юм ва Шамсуддинова Маҳтовбӣ аз намуди шоҳмот миёни бонувон соҳиби ҷойи 1-ум гардиданд.
 
Хабарҳо

 

СЕМИНАРИ ИЛМИИ МУШТАРАК
Вобаста ба иҷрои дастуру супоришҳои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба масъалаҳои рақамикунонӣ ва истифодаи ҳуши маснуъӣ дар тамоми соҳаҳо, амалисозӣ ва истифодаи самараноки онҳо, вусъат бахшидан ба равандҳои навоварӣ ва истифодаи ҳамаҷонибаи имконияти технологияҳои рақамӣ, инчунин бахшида ба эълони солҳои 2025-2030 "Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия" дар Донишгоҳ семинари илмии муштарак баргузор гардид.
 


Страница 329 из 654
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj