• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
tgpu
Хабарҳо

ҲИСОБОТИ РЕКТОРИ ДОНИШГОҲ ДАР ҶАЛАСАИ НАЗОРАТИИ НАЗДИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ
Рӯзи 21-уми феврали соли 2025 таҳти раёсати вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода ҷаласаи назоратӣ баргузор гардид. Дар ҷаласа муовинони вазири маориф ва илм, сардорони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказии вазорат, роҳбарони муассисаҳои тобеъ, ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва дигар кормандони соҳаи маориф иштирок намуданд.
Тибқи рӯзномаи ҷаласа ҳисоботи ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Аҳлиддин Ибодуллозода оид ба вазъи корҳои илмӣ-таҳқиқотии муассиса шунида шуд.
Аз ҷумла, зикр карда шуд, ки дар соли 2024 иқтидори илмии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, иҷрои корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва самтҳои дигари марбут ба илм назаррас буда, зиёдшавии омӯзгорони соҳибунвон дар Донишгоҳ тадриҷан рӯ ба афзоиш овардааст. Ҳамзамон дар донишгоҳ 6 Шурои диссертатсионии КОА-и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯйи 13 ихтисос фаъолият менамояд.

 

 

ПРИГЛАШЕНИЕ К УЧАСТИЮ В ТОРГАХ

t_1.jpg - 95.77 KbРеспублика Таджикистан

Проект развития высшего образования

Окно 2. Оказание поддержки студентов женского пола.

Таджикский государственный педагогический университет имени Садриддина Айни

 

 

Конфренсияи 2-юми байналмилалии илмӣ-амалии

“Проблеммаҳои муосири таҳсилоти математикӣ,

физикӣ ва информатсионӣ дар мактабҳои миёнаю олӣ”

(бахшида ба 70 – солагии Мансур Нӯъмонов)

295.JPG - 79.27 KbСанаи 30-уми ноябри соли 2019 дар толори бинои асосии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бо ташаббуси факултетҳои математика ва физика конфренсияи 2-юми байналмилалии илмӣ-амалии “Проблеммаҳои муосири таҳсилоти математикӣ, физикӣ ва информатсионӣ дар мактабҳои миёнаю олӣ” бахшида ба 70 солагии риёзидони машҳури тоҷик, узви вобастаи Академияи таҳсилоти Тоҷикистон Мансур Нӯъмонов баргузор гардид.

 
Хабарҳо

 

ДАР ЛИТСЕЙИ НАЗДИ ДОНИШГОҲ РӮЗИ АРТИШИ МИЛЛӢ ТАҶЛИЛ КАРДА ШУД
Имрӯз дар Литсейи назди Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бахшида ба 32-юмин солгарди таъсисёбии Артиши миллӣ чорабинии фарҳангӣ баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур директори литсей Қосимов Қ., муовини директор оид ба таълим Қосимов Ф., муовини директор оид ба тарбия Раҳимова Ӯ., роҳбари ҳаракати олимпӣ Комрони М., омӯзгорон ва хонандагони синфҳои ибтидоӣ иштирок намуданд.
Чорабинии мазкур бо зинда садо додани Суруди миллӣ оғоз гардида, директори литсей Қосимов Қурбон дар суханронии худ тамоми иштирокчиён, омӯзгорон ва хонандагонро бахшида ба рӯзи таъсисёбии Артиши миллӣ табрик намуд.
Дар қисмати фарҳангии чорабинӣ аз ҷониби хонандагон дар васфи Артиши миллӣ шеърҳо ва сурудҳо қироат карда шуд, ки ба ин восита табъи ҳозирин болида гардид.

 

 
Хабарҳо

БАХШИДА БА РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАБОНҲОИ МОДАРӢ КОНФЕРЕНСИЯИ ҶУМҲУРИЯВӢ БАРГУЗОР ГАРДИД

Рӯзи 21.02.2025 бо ташаббуси кафедраи назария ва амалияи забоншиносии факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бахшида ба Рӯзи байналмилалии забонҳои модарӣ конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ дар мавзуи “Забони миллат – ҳастии миллат” баргузор гардид.
Дар конференсия намояндагони Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Институти забон ва адабиёти ба ном Рӯдакии АМИТ, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино, сардори раёсати илм ва инноватсияи Донишгоҳ Абдуҷалилзода Ф., деканҳои факултетҳои Донишгоҳ, омӯзгорони факултети филологияи тоҷик иштирок намуданд.

 


Страница 331 из 654
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj