|
Хабарҳо
|
|
БОРИ НАХУСТ: ОҒОЗИ АМАЛИШАВИИ БУЗУРГТАРИН ЛОИҲАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР ДОНИШГОҲ
Бори нахуст дар таърихи фаъолияти Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ татбиқи лоиҳаи байналмилалӣ таҳти унвони “Такмили таҳсилоти миёна дар соҳаҳои илмҳои табиӣ, технологӣ, муҳандисӣ ва математика” ба роҳ монда шуд. Созишномаи грантӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 декабри соли 2023 таҳти №664 ба имзо расидааст. Фаъолияти лоиҳа аз 1-уми майи соли 2024 оғоз гардида, анҷомёбии он 31-уми июни соли 2030 дар назар гирифта шудааст.

|
|
|
Таҷлил аз рӯзи Парчами давлатӣ
Парчами давлатӣ яке аз муқаддасоти миллӣ ба ҳисоб меравад. Бояд тазаккур дод, ки ҳамасола 24-уми ноябр дар кишвари азизи мо, ҳамчун рӯзи Парчами давлатӣ бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил карда мешавад.
Ҳамин тариқ дар санаи 22-юми ноябри соли ҷорӣ дар толори бинои асосии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бо иштироки васеи меҳмонон, омӯзгорон, кормандон ва инчунин донишҷӯён чорабинии фарҳангӣ бо ташаббуси факултети таҳсилоти томактабӣ ва ибтидоӣ баргузор гардид.
|
|
Ба Президентамон содиқем
Санаи 18-уми ноябри соли равон дар факултети химия тибқи нақша-чорабиниҳои факултет чорабинии илмӣ-фарҳангӣ таҳти унвони «Ба Президентамон содиқем» баргузор гардид. Дар ин чорабинӣ раиси шӯрои кураторони донишгоҳ Гулчеҳра Баротова, сармутахассиси раёсати таълим Содиқов М, декани факултети химия М.Усмонов, муовинони декан, кураторони гурӯҳҳои академӣ ва донишҷӯёни факултет иштирок намуданд. Нахуст декани факултет муҳтарам М.Усмонов суханрони намуда, ба чорабинии мазкур ҳусни оғоз бахшид. Суруди миллии Тоҷикистон бо садои зинда садо дода,
|
|
|
Хабарҳо
|
|
ТАҚВИЯТИ ФАЪОЛИЯТИ ГУРӮҲИ ҶАВОНОНИ “АВАНГАРД” ДАР НОҲИЯИ ИСМОИЛИ СОМОНӢ
Дар толори барҳавои Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садириддин Айнӣ баҳри тақвияти фаъолияти гурӯҳи ҷавонони “Авангард” бо аъзоёни фаъоли ин гурӯҳ чорабинии бошукӯҳ баргузор гардид. Дар чорабинӣ сардори ШВКД дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ полковники милитсия Шарифзода Баҳром Раҳмоналӣ, муовини раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ Аминзода Манижабону, муовини аввали сардори РОПҲНҶ ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон полковники милитсия Умарҷони Эмомалӣ, и.в. роҳбари гурӯҳи ҷавонони “Авангард” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовини ректори ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ Назарзода Нигора иштирок ва суханронӣ намуданд.
|
|
Хабарҳо
|
|
ИДОМАИ АКСИЯИ НИҲОЛШИНОНӢ: ШИНОНИДАНИ 600 БЕХ ДАРАХТ
Бо дастури ректори Донишгоҳ Аҳлиддин Ибодуллозода рӯзи 19 феврали соли 2025 аксияи ниҳолшинонӣ дар боғи “Агробиолабараторӣ”-и муассиса идома намуд. Дар ин рӯз аз ҷониби садорати факултетҳо, омӯзгорон ва донишҷӯён қисмати дигари боғ аз растаниҳои бегона покиза карда шуда, ба замин пору пошида шуд. Инчунин дар миёни дарахтони боғ зиёда аз 600 бех ниҳоли нави дигар шинонида шуда, аз ҷониби мутахассисони кордону корозмуда пайванди ниҳолҳо ба анҷом расонида шуд. Маврид ба зикр мебошад, ки дар партави сиёсати кабудизоркунии Асосгузори сулҳу

|
|
|
|
|
|
|
Страница 333 из 654 |