• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
tgpu

 

Иҷлосияи тақдирсоз, Пешвои миллат ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол

197.jpg - 1.28 MbДар толори Шурои олимон, санаи 16.11.2019 бахши магистратура ва докторантураи Раёсати илм ва инноватсияи ДДОТ ба номи С.Айнӣ конференсияи илмӣ-назариявии донишгоҳӣ зери унвони «Иҷлосияи тақдирсоз, Пешвои миллат ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол» бахшида ба 27-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки муовини ректор оид ба корҳои илмӣ Мирзораҳимов А., Сардори раёсати илм ва инноватсия Ҳакимов Р., мудири бахши магистратура Ахиева С. ва мудири докторантура Бобокалонова Р. баргузор гардид. Дар ин конференсия 8 маърӯза аз тарафи магистрантон ва докторантон шунида шуд.

 
Хабарҳо

ДАВРИ ДОНИШГОҲИИ ОЛИМПИАДА АЗ ФАНҲОИ МАТЕМАТИКА, ИНФОРМАТИКА ВА ФИЗИКА БАРГУЗОР ГАРДИД
Дар асоси фармоиши ректори Донишгоҳ Аҳлиддин Ибодуллозода таърихи 18.02.2025 даври донишгоҳии олимпиада аз фанҳои математика, информатика ва физика баргузор гардид.
Дар олимпиада 78 нафар донишҷӯёни факултетҳои Донишгоҳ иштирок намуданд, ки ғолибони олимпиадаи донишгоҳӣ ба даври ҷумҳуриявии олимпиадаи фаннӣ миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳхат мегиранд.

 
Хабарҳо

 

БАРГУЗОРИИ ДАВРИ АВВАЛИ ОЗМУНИ ДОНИШГОҲИИ ДОНАНДАИ ЗАБОНҲОИ ХОРИҶӢ
Рӯзи 18.02.2025 дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ даври якуми аввалин озмуни донишгоҳии “Донандаи забонҳои хориҷӣ” баргузор гардид. Дар Озмун донишҷӯён аз курсҳои 1 то 5 ва ихтисосҳои забоншиносӣ ва ғайризабонии ҳамаи факултетҳо ҷалб карда шуданд.
Бояд зикр кард, ки озмун фарогири 6 забони хориҷӣ аз қабили русӣ, англисӣ, олмонӣ, фаронсавӣ, чинӣ ва кореягӣ мебошад.
Дар даври якуми озмун миёни донишҷӯён сабқати тестӣ баргузор карда шуд
 

 

Пешвои миллат-ҳомии сулҳу ваҳдат

169.JPG - 94.01 KbСанаи 16-уми ноябр соли ҷорӣ дар кафедраи сиёсатшиносӣ бо ҷалби омӯзгорони кафедра мизи мудаввар зери унвони «Дастовардҳои бунёдии Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон» баргузор гардид. Нахуст мудири кафедра н.и.с., Бедилов Ҳ. суханронӣ намуда, тамоми омӯзгоронро бо Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуданд.  Сипас, мудири кафедраи фалсафа Бердиев Ш. суханронӣ намуда, қайд карданд,

 

 

Нақши ҲХДТ дар масири давлатдории навини тоҷикон

172.JPG - 92.80 KbҲамасола дар кишвари азизамон-Тоҷикистон 16-уми ноябр ҳамчун Рӯзи Президент бо шӯкуҳу шаҳомати хоса таҷлил карда мешавад. Аз ин рӯзи таърихӣ тамоми муассисаҳои олӣ ва миёнаи кишвар, ташкилоту корхонаҳо ва дигар сохтору мақомотҳои кишвар бо баргузории мизҳои мудаввару конференсияҳо ва чорабиниҳои илмӣ-фарҳангиву  барномаҳои консертӣ  пешвоз мегиранд. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки яке аз ҳизбҳои пешсафи кишвар ба ҳисоб рафта, дар сари ҳокимият қарор дорад,  дар ҳамин рӯзу ҳамин сол аз ташкилёбиаш 25 сол муқаддам пур шуд.

 


Страница 334 из 654
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj