|
Хабарҳо
|
|
ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
 Имрӯз дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ қабули шаҳрвандон баргузор шуд, ки дар он ариза ва дархостҳои шаҳрвандону донишҷӯён аз ҷониби ректор Аҳлиддин Ибодуллозода дар доираи қонун ва тибқи тартиб баррасӣ гардиданд.
|
|
|
Роҳнамои миллат
(мизи мудаввар)
Дар санаи 16-уми ноябри соли 2019 дар кафедраи услубшиносӣ ва назарияи тарҷумаи факултети забони англисӣ бо иштироки мудири кафедра дотсент н.и.ф Каримов Шуҳрат, яқ қатор омӯзгорони кафедра ва донишҷӯён мизи мудаввар бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Роҳнамои миллат» баргузор гардид.
Сараввал мудири кафедраи услубшиносӣ ва назарияи тарҷума Каримов Шуҳрат суханронӣ намуда, ба мизи мудаввар ҳусни оғоз бахшиданд.
|
|
Таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
16-уми ноябри соли 2019 вобаста ба “Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар кафедраи забон ва адабиёти тоҷики факултети таҳсилотӣ томактабӣ ва ибтидоии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бо ибтикори ҳайати устодони кафедра мудири кафедра Холмаҳмад Раҳимӣ, дотсентон Ҳамза Боқиев, Абдушукур Ғаффоров, мудири кафедраи назария ва методикаи таҳсилоти томактабӣ ассистентон Каримов Баҳодур, Маҳмудов Муҳаммадҷон ва донишҷӯён конфренсияи илмӣ-назариявӣ баргузор гардид.
|
|
|
Хабарҳо
|
|
ДАР МАВЗӮИ “ЗАБОНИ РУСӢ ДАР ФАЗОИ МУОСИРИ ТАЪЛИМӢ ВА ИЛМӢ” КОНФЕРЕНСИЯИ ҶУМҲУРИЯВӢ БАРГУЗОР ГАРДИД
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бо мақсади татбиқи «Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» рӯзи 18 феврали соли ҷорӣ, бо ташаббуси кафедраи забони муосири рус ва забоншиносии умумии факултети забон ва адабиёти рус, конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи “Забони русӣ дар фазои муосири таълимӣ ва илмӣ” баргузор гардид. Дар конференсия муовини якуми ректор оид ба корҳои таълимӣ Айнуллозода Н., сардори раёсати илм ва инноватсияи Донишгоҳ Абдуҷалилзода Ф., декани факултети забон ва адабиёти рус Худойдодзода Ф.Б. иштирок намуданд.

|
|
Хабарҳо
|
|
ҶАЛАСАИ НАЗОРАТИИ НАЗДИ РЕКТОРИ ДОНИШГОҲ
Имрӯз дар маҷлисгоҳи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бо зинда садо додани Суруди миллӣ аз ҷониби иштирокчиён ҷаласаи назоратии назди ректори Донишгоҳ Аҳлиддин Ибодуллозода баргузор шуд. Дар кори он муовинони ректор, сардорони раёсату шуъбаҳо, садорати факултетҳо ва дигар масъулини сохторҳои дахлдор иштирок намуданд.
Дар ҷаласа масъалаҳои муҳими марбут ба фаъолияти Донишгоҳ аз ҷумла шуроҳои диссертатсионӣ, зиёд намудани шумораи гуруҳҳои таҳсилашон бо забонҳои хориҷӣ (махсусан дар самти илмҳои дақиқ), ба ҷои кор ҳозир шудани мутахассисони ҷавон, идома додани аксияи ниҳолшинонӣ, назорати таҳсили донишҷӯёни хориҷӣ,
|
|
|
|
|
|
|
Страница 335 из 654 |