• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
tgpu
Хабарҳо

АКСИЯИ НИҲОЛШИНОНӢ: ШИНОНИДАНИ 1200 БЕХ ДАРАХТ

Рӯзи 13 феврали соли 2025 бо иштироки роҳбарият, кормандон, омӯзгорон ва донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар ҳудуди пойтахт аксияи ниҳолшинонӣ баргузор гардид. Дар партави сиёсати кабудизоркунии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар доираи Нақшаи шинонидани дарахтон дар ҳудуди шаҳри Душанбе дар мавсими ниҳолшинонии тирамоҳи соли 2024 ва баҳори соли 2025, ки аз ҷониби Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар талу теппаҳои кӯчаи Исомиддин Соатови ноҳияи Исмоили Сомонӣ 1200 бех дарахти ҳамешасабзи “Сузанбарг” шинонида шуд. Ҳадаф аз баргузор намудани аксияи мазкур ин пеш аз ҳама саҳм гузоштан дар раванди шинонидани дарахтони ҳамешасабз ва корҳои созандагиву кабудизоркунӣ дар пойтахт ва ба ин восита ободу дилписанд намудани Ватани маҳбубамон мебошад.

 

 

Пешвои миллат – ҳомии маорифи кишвар

(Мизи мудаввар)

IMG_2285.JPG - 77.66 KbИмрӯз 15-уми ноябри соли 2019 дар кафедраи умумидонишгоҳии Забони англисӣ ҳамчун ихтисоси дуюм бахшида ба рӯзи Президенти маҳбуби кишвар мизи мудаввар дар мавзӯи «Пешвои миллат – ҳомии маорифи кишвар» доир гардид, ки дар он омӯзгорон ва кормандони шуъбаи робитаҳои байналмилалии донишгоҳ ширкат доштанд. Пеш аз ҳама ифтитоҳии мизи мудаввари мазкурро мудири кафедра, муаллими калон Ҷӯраев Хайём кушода эълон намуда, чунин қайд дошт,

 

 

Тарбияи ахлоқ ва тафаккури маънавӣ

134.JPG - 94.99 KbМутобиқ ба дархости Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе аз 7-уми ноябри соли 2019 ва тибқи нақшаи пешниҳодшуда имрӯз 14-уми ноябри соли равон дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, доир ба масъалаҳои солимии оила, фарҳанги оиладорӣ, риояи танзими анъана ва ҷашну маросим, масъулияти падару модар  дар таълиму тарбия, пешгирии ҷинояткорӣ, бемориҳои сироятӣ,

 
Хабарҳо

 

ВОХӮРӢ ДАР САМТИ “ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТИИ ШАҲРВАНДОН”
Имрӯз тибқи нақша-чорабинии Донишгоҳ вохӯрии гурӯҳи корӣ дар мавзӯъи “Тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон” бо донишҷӯёни факултети физика барагузор гардид.
Дар вохӯрӣ декани факултети физика, номзади илмҳои физикаю математика, дотсент Талбакзода Фарҳод, мудири кафедраи назария ва таърихи адабиёт, доктори илмҳои филологӣ, профессор Солеҳов Шамсиддин, корманди раёсати таълими Донишгоҳ – Шарипов Қаҳрамон ва дигарон суханрониҳои пурмуҳтаво намуданд.
Аз ҷумла, зикр шуд, ки тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон рукни асосии сиёсати иҷтимоии Ҳукумати мамлакатро ташкил менамояд.

 
Хабарҳо

 

ИДОМАИ ВОХӮРИҲОИ ИХТИСОСӢ БАҲРИ ТАҚВИЯТИ КОРҲОИ ИЛМӢ

 

Имрӯз муовини ректор оид ба корҳои илмӣ, доктори илмҳои химия, профессор Раҷабзода Сироҷиддин баҳри тақвият бахшидани корҳои илмӣ бо садорати факултетҳои таърих ва ҳуқуқ, педагогика, психология, иқтисод ва идора, кафедраи умумидонишгоҳии фалсафа ва фарҳангшиносӣ, кафедраи умумидонишгоҳии педагогика инчунин мудирони кафедраҳо ва муовинони декан оид ба корҳои илмии онҳо, сардори раёсати илм ва инноватсия вохӯрии ихтисосӣ баргузор намуд.
Дар вохӯрӣ масъалаҳои муҳими марбут ба фаъолияти ҳамарӯзаи қисми илми Донишгоҳ, ки ба кори ҳаррӯзаи факултету кафедраҳои болозикр алоқамандӣ доранд, мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор дода шуданд.

 

 

 


Страница 337 из 654
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj