|
Мулоқоти сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ва ҷавонон бо омӯзгорону кормандон ва донишҷӯёни
Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ
Дар асоси нақшаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вохӯрии мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ бо донишҷуёни муассисаҳои олии таълимии ҳудуди шаҳри Душанбе, доир ба ҳамроҳшавии ҷавонон ва донишҷӯён ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро ва инчунин терроризм ва экстремизм аз 28.10 2019 то 14.11.2019 баргузор мегардад.
|
|
|
Хабарҳо
|
|
ЭЪЛОН!!! ЭЪЛОН!!! ЭЪЛОН!!!
 Дар асоси фармоиши ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Аҳлиддин Ибодуллозода рӯзҳои 18-21 феврали соли 2025 аз рӯи 14 фанни таълимӣ миёни донишҷӯён Олимпиадаи донишгоҳӣ баргузор мегардад.
Донишҷӯёне, ки хоҳиши дар ин олимпиада иштирок кардан доранд, метавонанд то рӯзи 15.02.2025 дар факултет (ки дар он таҳсил мекунанд) худро номнавис намоянд.
|
|
Хабарҳо
|
|
ВОХӮРИИ ИХТИСОСӢ БАҲРИ ТАҚВИЯТИ КОРҲОИ ИЛМӢ
Имрӯз зери роҳбарии муовини ректор оид ба корҳои илмӣ, доктори илмҳои химия, профессор Раҷабзода Сироҷиддин баҳри тақвият бахшидани корҳои илмӣ бо садорати факултетҳои филологияи тоҷик, забони англисӣ ва забонҳои Шарқ, забонҳои романӣ-германӣ, забон ва адабиёти рус, инчунин мудирони кафедраҳо ва муовинони декан оид ба корҳои илмии онҳо, сардори раёсати илм ва инноватсия вохӯрии ихтисосӣ баргузор гардид. Дар вохӯрӣ нахуст Раҷабзода Сироҷиддин оид ба муҳиммияти тақвияти корҳи илмӣ ибрози андеша намуда, сипас дар мавриди ҳар як факултети болозикр
|
|
|
Вохӯрӣ бо волидайн
Санаи 5-уми ноябри соли ҷорӣ дар факултети забони ангилсӣ омӯзгорони кафедраи забони англисӣ бо волидайни донишҷӯёни курси якум вохӯрӣ анҷом доданд. Бояд қайд кард, ки дар ин вохӯрӣ волидайни донишҷӯён аз ҷумҳурии ба мо дӯсту бюародар – Ӯзбекистон иштирок варзиданд. Мудири кафедраи забони англисӣ – Утаев М. зимни сӯҳбат бо волидайни донишҷӯён доир ба раванди таълиму тарбия ва азхудкунии онҳо маълумот доданд.
|
|
Конститутсия бахтномаи миллат
Санаи 5-уми ноябри соли ҷорӣ дар факултети забони англисӣ чорабинии илмӣ-фарҳангӣ бо ибтикори раиси шӯрои кураторони ҳамин факултет Мустафо Назриев бахшида ба рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ин чорабинӣ раиси шӯрои кураторони донишгоҳ Гулчеҳра Баротова, мудири кафедраи забони англисӣ Утаев Маъмурҷон, раиси шӯрои кураторони факултети забони англисӣ Мустафо Назриев ва инчунин дигар омӯзгорону донишҷӯёни факултет иштирок намуданд.
|
|
|
|
|
|
|
Страница 338 из 654 |