|
Конститутсия-шиносномаи миллат
Санаи 4-уми ноябри соли равон дар толори бинои асосии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бо ибтикори куратори курси якуми ихтисоси химия-биология Шоҳрух Муҳиддинов дарси кушоди кураторӣ дар мавзӯи «Конститутсия-шиносномаи миллат» баргузор гардид. Нахуст муовини ректор оид ба корҳои илмии донишгоҳ муҳтарам Акобир Мирзораҳимов суханронӣ намуда, тамоми омӯзгорону донишҷӯёнро ба фарорасии 25-умин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда,
|
|
|
Хабарҳо
|
|
ДАСТОВАРД ДАР САМТИ ТАТБИҚИ БОСАМАРИ СИЁСАТИ ДАВЛАТИИ ҶАВОНОН ВА РУШДИ СОҲАИ ВАРЗИШ
Раёсати Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ барои ҳамкориҳои судманд ва дастгириҳои доимӣ дар самти татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон ва рушди соҳаи варзиш зимни натиҷагирии соҳаҳои кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе дар соли 2024 бо “СИПОСНОМА” сарфароз гардонида шуд. Инчунин дар ин маросими бошукуҳ аз ҷониби ректори Донишгоҳ Аҳлиддин Ибодуллозода ва муовини якуми раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳимзода Шабнам ба якчанд ташкилотҳо мукофотҳо супорида шуданд.
|
|
Хабарҳо
|
|
ВОХӮРӢ: ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТӢ ВА ХЕШТАНШИНОСӢ
Рӯзи 10-уми феврали соли 2025 бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва тибқи нақша-чорабинии қисми тарбияи Донишгоҳ дар доираи мавзуъҳои тарбияи ватандӯстӣ, хештаншиносӣ, ҳувияти миллӣ ва ифротгароию бегонапарастӣ бо иштироки як қатор устодони Донишгоҳ миёни донишҷӯёни факултети психология вохӯрӣ гузаронида шуд.
Дар вохӯрии мазкур, н.и.п, дотсент, декани факултети психология – Саидзода Н. дар мавзуи “Ифродгароии диннӣ ва таъсири он ба психологияи ҷавонон”, муаллими калони факултети педагогика Азизова Ф. дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак” ва устодон Баротзода Ф. ва Мирзозода Ш. дар доираи мавзуи ватандӯстии ҷавонон суханронӣ намуданд.

|
|
|
Саразм-шаҳодатномаи миллати тоҷик
Дар Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳифзу нигоҳдории ёдгориҳои таърихии миллатро ҷузъи таркибии сарнавишти миллати куҳанбунёд арзёби намуда, онро қарзи ҳар як тоҷик дар назди таърих ва наслҳои оянда донистанд. Маҳз бо ҳамин сабаб, Саразм, ки яке аз нахустин ёдгории давраи ориёӣ ва намунаи беҳамтои ин тамаддун дар Суғд аст, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №391 аз 21-уми сентябри соли 2000-ум ҳамчун маркази ташаккулёбии фарҳанги кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии тоҷикон мамнуъгоҳи таърихӣ-бостоншиносӣ эълон гардид. Аҳамияти муҳими Саразмро ба инобат гирифта Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон соли 2020-ро соли ҷашнгирии Саразми бостонӣ эълон намуданд.
|
|
Суханронӣ дар маҷлиси тантанавӣ ба ифтихори 25-умин солгарди қабули
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
04.11.2019 11:34, шаҳри Душанбе
Ҳамватанони азиз!
Ҳозирини гиромӣ!
Қабули Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки ҳоло мо дар остонаи таҷлили 25-умин солгарди он қарор дорем, аз ҷумлаи муҳимтарин рӯйдодҳои таърихи навини халқи тоҷик ва дастоварди бузурги мардуми шарафманди кишвар мебошад.
Бо камоли ифтихору сарфарозӣ тамоми сокинони мамлакат ва ҳамаи шумо – ҳозирини арҷмандро ба муносибати ин санаи бузург табрик гуфта, ба хонадони ҳар фарди Ватан сулҳу осоиш ва ба ин санади муқаддасу таърихиамон умри ҷовидонӣ орзу менамоям.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон инъикоскунандаи воқеияти даврони истиқлолу озодии Ватан, рушди давлат ва пешрафти миллати тамаддунсози тоҷик мебошад.
Таҷрибаи қабули конститутсия дар давлатҳои ҷаҳон, аз ҷумла дар Тоҷикистони мо баръало нишон медиҳад, ки он ҳамчун ҳуҷҷати бисёр муҳимми сиёсӣ ва санади олии ҳуқуқӣ бо истиқлоли давлатӣ робитаи ногусастанӣ дорад.
Муфассал |
|
|
|
|
|
|
Страница 340 из 654 |