• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
tgpu
Хабарҳо

ТАБОДУЛИ АКАДЕМӢ: ГУРУҲИ НАВБАТИИ ДОНИШҶӮЁН БА ҶУМҲУРИИ БЕЛАРУС САФАРБАР ГАРДИДАНД

Имрӯз боз гуруҳи дигари донишҷӯёни Донишгоҳ иборат аз 4 нафар тибқи барномаи табодули академӣ ба Донишгоҳи давлатии Полесси Ҷумҳурии Беларус сафарбар гардиданд. Бо донишҷӯён Айнулозода Наҳтулло, муовини якум, муовини ректор оид ба корҳои таълимӣ вохӯрӣ баргузор намуда, оид ба таҳсил дар кишвари хориҷа суҳбат анҷом дод. Ба донишҷӯён қоидаҳои будубош, тартибу интизом, одоби намунавӣ, хониши хубу аъло ва бахусус муаррифии шоистаи фарҳанги кишвар таъкид карда шуд. Бояд зикр кард, ки дар ин росто шуруъ аз моҳи феврали соли 2025 донишҷӯён барои таҳсил тибқи барномаҳои табодули академӣ ба Ҷумҳурии Корея, Ҷумҳурии Беларус, Ҷумҳурии Қазоқистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон сафарбар шуда истодаанд.

 

 

 

 

Забон донӣ - ҷаҳон донӣ

(олимпиада)

54.jpg - 488.85 KbДар санаи 01.11.2019 дар факултети забони англисии Донишгоҳи давлатии омӯзгории .Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бо ташаббуси садорати факултети забони англисӣ олимпиадаи факултативӣ  аз фанни забони англисӣ байни донишҷӯёни курсҳои 1- ум то 4 –уми факултети мазкур бо роҳбарии муовини декан оид ба илм Ғуломов Наимҷон ва омӯзгори соҳибзабон аз сафоратхонаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Денни Лем гузаронида шуд.

 

 

Забон асоси ҳастӣ ва бақои умри миллат

IMG_0851.JPG - 93.04 KbТибқи нақшаи тасдиқнамудаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кафедраи забони франсавӣ рӯзи 31.10.2019 дар толори фарҳангии ДДОТ ба номи С.Айнӣ конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи: «Забон асоси ҳастӣ ва бақои умри миллат», бахшида ба солҳои 2019-2021 – «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» баргузор намуд. Барои иштирок дар чорабинии илмӣ мутахассисону олимон аз ҳар гӯшаю канори ҷумҳурӣ даъват гардида буданд.

 
Хабарҳо

 

ҶАЛАСАИ НАЗОРАТИИ РАЁСАТИ ДОНИШГОҲ БАРГУЗОР ГАРДИД
Имрӯз дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бо иштироки ректор Аҳлиддин Ибодуллозода, муовинони ректор, сардорони раёсатҳо, садорати факултетҳо ва мудирони шуъбаву бахшҳо ҷаласаи назоратӣ баргузор гардид.
Дар ҷаласа як қатор масъалаҳои марбут ба таълим, тарбия, илм ва робитаҳои байналмилалии муассиса мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

 

 
Хабарҳо

ИДОМАИ АКСИЯИ НИҲОЛШИНОНӢ: КОРҲОИ САБЗГАРДОНӢ ИДОМА ДОРАНД

Дар доираи корҳои созандагию сабзгардонӣ бо ибтикори раёсати Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ аксияи ниҳолшинонӣ бо маром ҷараён дорад.
Аз ҷумла, рӯзи 07 феврали соли равон тибқи нақша садорат, омӯзгорон ва донишҷӯёни 3 факултети Донишгоҳ дар доираи корҳои сабзгардонӣ – шинонидани дарахтони мевадиҳанда ва вусъат бахшидани корҳои кабудизоркунӣ дар боғи “Агробиолабараторӣ” аксияи ниҳолшинонӣ баргузор намуданд.
Дар доираи ин аксия миёни дарахтон аз растаниҳои худрӯи бегона покиза гардида, ба замини байни қатори дарахтони боғ пору рехта шуд. Инчунин ба воситаи техника заминҳои миёни дарахтон нарм ва дар ҷойҳои зарурӣ дарахтони мевадиҳанда

 


Страница 341 из 654
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj