|
«Падидаи ҳалкунанда дар эҳёи давлатдории тоҷикон»
(Мизи мудаввар)
Бо ташаббуси кафедраи таърихи халқи тоҷик дар таърихи 30-юми октябри соли 2019 дар толори Шӯрои олимони Донишгоҳ соати 1100 бахшида ба 90-солагии таъсисёбии Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон Мизи мудаввар дар мавзӯи «Падидаи ҳалкунанда дар эҳёи давлатдории тоҷикон» баргузор гардид.
Доктори илмҳои таърих, профессор, узви вобастаи АИ ҶТ Пирумшоев Ҳ. П. бо сухани ифтитоҳӣ ҳусни оғоз бахшиданд. Аз ҷумла қайд гардид, ки маҳз ба туфайли талаби рӯзафзуни бедорфикрон, пофишории фарзонамардони тоҷик 6 июни соли 1929 Бюрои Сиёсии Кумитаи Марказии ҲК(б) ИҶШС ахбороти ҶМШС Тоҷикистонро доир ба дастовардҳои иқтисодию маданӣ шунида , чунин қарор баровард:
|
|
|
Хабарҳо
|
|
ПАЁМ – ПАЙҒОМИ ФАРДОИ ДУРАХШОНИ МИЛЛАТ
Имрӯз, 07.02.2025 доир ба омӯзиши баъзе нуктаҳои Паёми навбатии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар факултети филологияи тоҷик ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор гардид.
|
|
Хабарҳо
|
|
ШУРОИ ИЛМӢ-МЕТОДИИ ДОНИШГОҲ БАРГУЗОР ГАРДИД
 Рӯзи 6-уми феврали соли 2025 ҷаласаи навбатии Шурои илмӣ-методӣ баргузор гардид. Ҷаласаро раиси шуро, муовини ректор оид ба корҳои илмии Донишгоҳ, профессор Раҷабзода Сироҷиддин оғоз намуда, аъзои шуроро бо рӯзномаи ҷаласа шинос намуд. Дар идомаи маҷлис гузоришҳои сардори раёсати илм ва инноватсия Ф. Абдуҷалилзода оиди «Вазъи иҷориши барномаи давлатии «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» барои солҳои 2020-2040, роҳбари гурӯҳи корӣ, мудири кафедраи физикаи эксперименталӣ
|
|
|
Робитаи забони ӯзбекӣ ва забонҳои дигар дар
давраи ҷаҳонишавӣ: муаммо ва ҳалли онҳо
Рӯзи 21 октябри соли 2019 дар шаҳри Навоии Ҷумҳурии Ӯзбекистон конференсияи байналмилалӣ дар мавзӯи "Робитаи забони ӯзбекӣ ва забонҳои дигар дар давраи ҷаҳонишавӣ: муаммо ва ҳалли онҳо" баргузор гардид.
Дар ин конференсия дотсенти кафедраи назария ва амалияи забоншиносии факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Хидиров Раҷабалӣ иштирок намуда ва дар мавзӯи "Хусусиятҳои полисемантикӣ дар фраземаҳои забонҳои тоҷикӣ ва ӯзбекӣ" баромад намуд.
|
|
КӮДАКОН - ГУЛИ НАМАКИ ЗИНДАГӢ
«Кӯдакон ояндаи осудаву ободи ҳар як миллат, сарвати бебаҳои ҳар як оила, ҷомеа ва давлат ба шумор мераванд ва онҳо бахту саодати рӯзгори ҳар як падару модар мебошанд. Зеро ба дунё омадани тифл дар ҳар як оила хушбахтиву иқболи нек меорад ва чун зангӯлаи идомаи ҳаёт садо медиҳад».
Эмомалӣ Раҳмон
Дар санаи 26.10.2019 дар толори бинои асосии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ конфренсияи илмӣ-амалии донишгоҳӣ дар мавзӯи “Таҳсилоти томактабӣ: таҷриба, анъана ва навгониҳо”, бахшида ба 50-солагии кафедраи “Назария ва методикаи таҳсилоти томактабӣ” бо иштироки васеъи омӯзгорону донишҷӯён гузаронида шуд.
|
|
|
|
|
|
|
Страница 342 из 654 |