|
Хабарҳо
|
|
БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ ҚИСМИ ИЛМИ ДОНИШГОҲ
Имрӯз зери раёсати муовини ректор оид ба корҳои илмӣ, доктори илмҳои химия, профессор Раҷабзода Сироҷиддин Икром ҷаласа баргузор гардид, ки дар он сардорону кормандони сохторҳои қисми илми Донишгоҳ иштирок намуданд.
Дар ҷаласа масъалаи роҳандозӣ намудани озмунҳои дохилидонишгоҳӣ, омодагӣ ба конференсияи моҳи апрелӣ, фаъолияти докторантон аз рӯи ихтисос (PhD), ҷоннок намудани фаъолияти қисми илм, дар сатҳи шоиста муаррифӣ намудани дастовардҳои ин даргоҳ ва амсоли инҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд |
|
|
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Меҳргон
13.10.2019 08:00, шаҳри Душанбе
Ҳамватанони азиз!
Тамоми сокинони мамлакатро ба ифтихори ҷашни Меҳргон, ки мисли Наврӯз ва Сада аз ҷумлаи ҷашнҳои бостонии халқамон мебошад, самимона табрик мегӯям.
Ҷашни Меҳргон ҳамчун ойини бисёр бостонӣ мероси арзишманди аҷдоди шарафмандамон буда, дар тӯли таърих ва имрӯз ба сифати яке аз рукнҳои муҳимми худшиносиву худогоҳии мардуми мо ба ҳисоб меравад.
Меҳргон дар фарҳангу тамаддуни халқи тоҷик ҷойгоҳи хосса дорад. Гузаштагони мо анъанаву суннатҳои онро дар хотираи таърихии хеш чун дурри гаронбаҳои маънавӣ ҳифз карда, то ба наслҳои имрӯза расонидаанд.
http://www.prezident.tj/node/21608 |
|
Хабарҳо
|
|
МИЗИ МУДАВВАР: ПАЁМ - ИНЪИКОСКУНАНДАИ КОМЁБИҲО (Дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон)
 Тибқи нақшачорабинии тасдиқнамудаи раёсати Донишгоҳ 4-уми феврали соли ҷорӣ дар факултети таърих ва ҳуқуқ дар ҳошияи Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар баргузор гардид, ки дар он омӯзгорону донишҷӯёни факултет ширкат варзиданд.
|
|
|
Хабарҳо
|
|
ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН: ДОНИШҶӮЁНИ ФАЪОЛ ДАСТГИРӢ МЕШАВАНД
 Имрӯз дар бинои асосӣ ректори Донишгоҳ Аҳлиддин Ибодуллозода шаҳрвандону донишҷӯёнро қабул намуда, аризаву муроҷиатҳои онҳоро дар доираи қонун мавриди баррасӣ ва дастгирӣ қарор доданд.
Аз ҷумла, донишҷӯёне, ки баҳри кам кардани шартномаи таҳсилашон муроҷиат намуданд, дар доираи озмун баъд аз шунавидани шеърҳо бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ аз ҷониби ректор 50%-и ҳақи шартномаи онҳо кам карда шуд.

|
|
Мо зидди тероризму экстремизм!
Санаи 11-уми октябри соли ҷорӣ дар факултети забони англисӣ бо ибтикори омӯзгори ҳамин факултет Мустафо Назриев мизи мудаввар таҳти унвони «Мавқеи Тоҷикистон дар пешгирии паҳншавии терроризм ва экстремизм» баргузор гардид, ки дар он омӯзгорону донишҷӯёни факултети мазкур иштирок намуданд.
|
|
|
|
|
|
|
Страница 345 из 654 |