|
Хабарҳо
|
|
ШАНБЕГИИ ДАСТАҶАМЪОНА
Баҳри тозаю озода намудан ва хушнамо намудани як гӯшаи Ватан, аҳли раёсат, устодон ва донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар боғи "Агробиолабараторӣ"- и муассиса воқеъ дар дараи Ромит шанбегии дастаҷамъона баргузор намуданд.
Дар ин доира растаҳои дарахтони боғ аз растаниҳои худрӯи бегона покиза карда шуда, бехи онҳо нарм ва дарахтони нав шинонида шуданд.
 |
|
|
ЗАБОН – ҲАСТИИ МИЛЛАТ
(дарси кушод)
Дар таърихи 05.10. 2019 вобаста ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби иҷрокунандаи мудири кафедраи забон ва адабиёти тоҷик устод Х. Раҳимов дарси кушод гузаронида шуд. Дарс аз фанни таълими забони адабии ҳозираи тоҷик буда, дар мавзӯи «Забони адабӣ ва нишонаҳои он» доир гардид.
Иштироки хонандагон дар курси 1 таҳсилоти ибтидоӣ (тоҷикӣ) 95 % ташкил дод. Дар дарси кушод декани факултет М.Мадатзода, дотсентон Бегимов Ҳ., Тураев Ё., Раҷабов Т., А. Ғаффоров ширкат намуданд. Дарс дар сатҳи баланд баргузор шуда ҷабҳаи таълимӣ, илмӣ ва тарбиявӣ дошт.
|
|
Омӯзгор - тарбиятгари насли наврас
Дар санаи 5. 10. 2019 дар факултети забони англисӣ Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бо иштироки декани факултет, дотсент Баротзода Файзиддин, муовинони декан, мудирони кафедраҳо, омӯзгорон ва донишҷӯёни курси якуми ихтисоси англисӣ-кореягӣ ва англисӣ – хитоӣ чорабини фарҳангӣ бахшида ба “Рӯзӣ омӯзгорон” баргузор гардид.
|
|
|
Хабарҳо
|
|
УНВОНИ ИЛМИИ ПРОФЕССОР МУБОРАК!
Бо фармоиши раиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба доктори илмҳои химия, муовини ректор оид ба корҳои илмии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Раҷабзода Сироҷиддин Икром аз рӯйи ихтисоси "Химия" унвони илмии "ПРОФЕССОР" дода шуд.
Аҳли раёсати донишгоҳ аз ин дастовард хушҳол гардида, ба фаъолияти минбаъдаи Раҷабзода С.И. комёбию бурдбориҳо таманно дорад.
|
|
Хабарҳо
|
|
САФАРБАРНАМОИИ МАГИСТРАНТОН ВА ДОКТОРАНТОН (PhD) БА ТАҶРИБАОМӮЗӢ
Рӯзи 31.01.2025 дар толори бинои асосии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ҷиҳати сафарбар намудани магистрантон ва докторантон аз рӯи ихтисос (PhD) ба таҷрибаомӯзии илмӣ-таҳқиқотӣ ва педагогӣ ҷаласаи васеъ барагузор гардид.
Дар кори он муовини ректор оид ба корҳои имлии донишгоҳ, доктори илмҳои химия, профессор Раҷабзода Сироҷиддин Икром, сардори шуъбаи омоданамоии мутахассисони илмӣ ва илмию омӯзгорӣ Ахиева Саодат, мудирони кафедраҳо, магистрантон ва докторантон аз рӯи ихтисос (PhD) иштирок намуданд. Зимни ҷаласа
|
|
|
|
|
|
|
Страница 347 из 654 |