|
Хабарҳо
|
|
ҲАМОИШИ ИЛМӢ-НАЗАРЯВӢ ДАР ПАРТАВИ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар партави Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-назарявӣ баргузор гардид.
Дар ҳамоиш аҳли раёсат, доираи васеи ҳайати профессорону омӯзгорон, кормандон, докторантон, унвонҷӯён ва донишҷӯёни донишгоҳ, инчунин намояндагон аз Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Академияи идоракунии
|
|
|
Суханронӣ ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
04.10.2019 10:52, шаҳри Душанбе
Ҳамватанони азиз!
Забон неъмати бебаҳои зиндагии аҳли башар мебошад. Инсон фақат тавассути забон метавонад эҳсос ва
фикру андешаҳои худро иброз намояд.
Забони миллӣ ойинаи пурҷилои таърих, ҷаҳони маънавӣ ва хираду маърифати ҳар як халқу миллат ба шумор меравад.
Гузашта аз ин, дар фарҳангу тамаддуни халқу миллатҳо, аз ҷумла мо - тоҷикон забони модарӣ зербинои ҳувияти миллӣ
ва омили аслии ҳифзи он мебошад.
Забони модарии мо - забони ширину шево ва шоиронаи тоҷикӣ, ки донишу маърифати дар тӯли ҳазорсолаҳо андӯхтаи
мардумро дар худ нигоҳ доштааст, гӯётарин далели ҳастӣ ва мақоми ҳаётбахши он дар сарнавишти таърихии миллати мо ба ҳисоб меравад.
Яъне миллати шарафманди тоҷик таъриху фарҳанги камназири худро бо ҳамин забон иншо ва ба ҷаҳониён муаррифӣ кардааст.
http://prezident.tj/node/21519 |
|
Хабарҳо
|
|
НАҚШИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ЭҲЁИ ҶАШНИ САДА
«Сада дар баробари ҷашнҳои мардумии Наврӯз, Тиргон ва Меҳргон яке аз оинҳои куҳнатарини мардумони ориёитабор, аз ҷумла мо – тоҷикон буда, баъди гузашти асрҳои зиёд дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон аз нав эҳё гардид» - Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Омили асосии ҳастии ҳар халқ дар дарозои таърих қабл аз ҳама фарҳанги пурғановати он мебошад. Беҳуда фарҳангро ҳастии миллат нагуфтаанд. Зеро дар ниҳоди фарҳанги ҳар халқе хислату одат ва равони миллии онҳо ба таври вижа инъикос меёбад. Таҷаллию тарғиби он дар марҳилаҳои гуногуни таърихӣ боз ҳам сабаби бедории миллӣ ва дар заминаи он таҳкими пояҳои ҳастии маънавии халқҳо мешавад.
Дар ин росто тоҷикон аз қадимтарин халқҳое ба ҳисоб мераванд, ки дар як гӯшаи қаламрави ватани таърихии худ – Осиёи Миёна, бо вуҷуди ҳамлаҳои пай дар пайи аҷнабӣ бо фарҳанги оламгири худ, аз худ ва ҳувияти худ ҳифозат намуда, то ба имрӯз расидаанд. Вобаста ба ин, муаррихону коршиносони зиёди сатҳи минтақавию ҷаҳонӣ дар натиҷаи хулосаҳои илмии хеш ибрози назар намудаанд. Масалан, донишманди рус А. Гертнер дар асари худ «Русия. Ҷуғрофиёи фарҳангӣ ва сиёсӣ», ки соли 1909 дар Москва ба нашр расида буд, доир ба тоҷикон чунин менависад: «Тоҷикон дар Туркистон ягона намояндаи нажоди ориёӣ ва қадимтарин халқи бумии ин хита мебошанд. Тоҷикон
|
|
|
Хабарҳо
|
|
БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСА БАҲРИ ТАҚВИЯТ БАХШИДАНИ КОРҲОИ ИЛМӢ

Имрӯз дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ зери роҳбарии муовин оид ба корҳои илмӣ Раҷабзода Сироҷиддин баҳри тақвият бахшидани корҳои илмӣ ҷаласа баргузор гардид.
Дар ҷаласа деканҳои факултетҳои самти илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, мудирони кафедраҳо, муовинони декан оид ба корҳои илмӣ, сардори раёсати илм ва кормандони он иштирок намуданд.
Зимни ҷаласа Раҷабзода Сироҷиддин қайд намуданд, ки яке аз самтҳои муҳими фаъолияти рӯзмараи донишгоҳ ин анҷоми корҳои илмӣ маҳсуб ёфта, баҳри тақвият
|
|
АГАР ДАР ҶАҲОН НАБВАД ОМӮЗГОР…
Саҳифаҳои заррини таърих бо тарбияи дурахшони устодон то имрӯз давом ёфта, бар худ нақши абадӣ ифо намудаанд. Ва бо донишу малакаи худ пайкори муқаддаси хеш ҳамосаҳои шукӯҳманд ва ҷовидро дар созандагии инсон мутааҳҳид ба вуҷуд оварданд ва кохи баланди пояи илм ва фазилатро бино ниҳодаанд. Иғроқ нагуфтаем агар бигӯем, ки маҳз ба шарофатии муаллимон парчами тавҳиду ягонагӣ барафрошта гардидааст.
|
|
|
|
|
|
|
Страница 348 из 654 |