• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
tgpu

 

ПЕШГИРИИ БЕМОРИҲОИ СИРОЯТӢ – ОМИЛИ ЯГОНАИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ


1.JPG - 210.23 Kb6 декабри соли 2021 дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бо ибтикори кафедраи биохимия ва генетикаи факултети биология бахшида ба Рӯзи байналмилалии мубориза бар зиди ВНМО семинари омӯзишӣ дар мавзуи “Пешгирии бемориҳои сироятӣ – омили ягонаи тарзи ҳаёти солим” баргузор гардид. Дар семинари мазкур мутахассисон аз МД Маркази тиббӣ-шаҳрии №2 Ҳаётхон Солиева ва Бегиҷон Амонов иштирок варзида, ба донишҷӯён роҳҳои асосии пешгирии бемориҳои сироятӣ, аз он ҷумла, ВНМО-ро шарҳу тавзеҳ доданд.

 
Хабарҳо

ЛИБОСИ МИЛЛӢ – РАМЗИ ЗЕБОӢ ВА ИФТИХОРИ МИЛЛАТ
Духтарони факултети филологияи тоҷики Донишгоҳ бо бар намудани либоси зебои миллӣ дар фазои донишгоҳ ҳусну таровати хоса бахшиданд. Ин иқдом бо мақсади арҷгузорӣ ба фарҳанги миллӣ, эҳёи анъанаҳои неки аҷдодӣ ва тарғиби либоси миллӣ миёни ҷавонон роҳандозӣ гардид.
Либоси миллӣ ҳамчун рамзи ҳувият ва ифтихори миллӣ муаррифӣ шуда, дар миёни донишҷӯён эҳсоси худшиносӣ ва эҳтиром ба фарҳанги миллӣро боз ҳам тақвият мебахшад.

 
Эълон

https://khovar.tj/wp-content/uploads/2019/11/PV-GKNB-RT-Kushunhoi-Sarhadi-KDAM.jpgДУШАНБЕ, 14.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. 13-14 июли соли равон 347 нафар сокинони қирғизтабори деҳаи Андемини вулусволии Вахони вилояти Бадахшони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, аз ҷумла 91 мард, 77 зан, 177 ноболиғ (64 писар, 113 духтар) барои ҳифзи ҷони худ аз гурӯҳҳои мусаллаҳи ҳаракати «Толибон», хати сарҳади давлатиро дар минтақаи ҷамоати деҳоти «Кизил-Работ»-и ноҳияи Мурғоб убур намуда, вориди Ҷумҳурии Тоҷикистон шуданд. Ҳангоми гузаштан аз сарҳади давлатӣ 2 нафар ноболиғи то 2 сола фавтиданд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ хабар медиҳад.

 
Хабарҳо

 

Муҳтарам ҷаноби Раис,

Муҳтарам ҷаноби Дабири кулл,

Хонумҳо ва ҷанобон,

Пеш аз ҳама, мехоҳам Раиси иҷлоси навбатии Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ҷаноби Абдулло Шоҳидро ба муносибати интихоб шуданашон ба ин маснад табрику таҳният намоям.

Ҳамкорони гиромӣ,

9 сентябри соли ҷорӣ мардуми шарифи Тоҷикистон рӯйдоди басо таърихӣ ва хотирмон – 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатии кишварро таҷлил намуд.

Дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ кишвари мо бо ҳодисаҳои фоҷеабори ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ рӯ ба рӯ гардида, рӯзҳои сангинро паси сар кард.

Хотима бахшидан ба ҷанг, ба ҳам овардани тарафҳои даргир, таъмини сулҳу субот ва ҳамзамон бо ин, барқарор намудани муносибатҳои дипломативу ҳамкориҳои созанда бо кишварҳои олам барои мо аз вазифаҳои аввалиндараҷа ба ҳисоб мерафтанд.

Бо вуҷуди душвориҳои мавҷуда, маҳз ба шарофати  сиёсати “дарҳои кушода” ва сулҳҷӯёна, ба мо муяссар шуд, ки дар арсаи ҷаҳонӣ ҷойгоҳи сазовори худро пайдо ва рушди устувори кишварро таъмин намоем.

 

 

ҲУҚУҚУ ОЗОДИҲОИ ИНСОН ВА МЕХАНИЗМҲОИ МУАССИРИ ҲИФЗИ ОНҲО

1.jpg - 31.43 Kb8 декабри соли 2021 дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бо ибтикори кафедраи ҳуқуқи факултети таърих бахшида ба рӯзи қабули “Эъломияи ҳуқуқи башар” конференсияи илмӣ-назариявии ҷумҳуриявӣ дар мавзуи “Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва механизмҳои муассири ҳифзи онҳо” баргузор гардид. Конференсияи мазкурро муовини ректор оид ба корҳои илмӣ Акобир Мирзораҳимов ифтитоҳ бахшида, меҳмонон ва иштирокчиёнро ба ин даргоҳи илму таълим хушомадед намуд. Сипас, маърӯзачиён Ҳусайнов А., Буризода Э., Раҷабов С.,Меликов У., Давлатзода Ф. ва Назаров Д. баромад намуданд. Конференсия дар бахшҳо низ идома ёфта, омӯзгорону унвонҷӯён ва докторантон бо маърузаҳо баромад намуданд.

 


Страница 36 из 654
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj