• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
tgpu
Хабарҳо

БО ДОКТОРАНТОН АЗ РӮИ ИХТИСОС (PhD) ВОХӮРИИ СУДМАНД БАРГУЗОР ГАРДИД

Дар асоси дастуру супоришҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раёсати Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ба омода кардани кадрҳои илмӣ таваҷҷуҳи аввалиндараҷа дода, баҳри саривақт ва дар сатҳи баланд тайёр намудани корҳои илмӣ ба фаъолияти илмии онҳо диққати махсус зоҳир менамояд.
Дар ин замина, бо иштироки Айнулозода Наҳтулло – муовини якум, муовини ректор оид ба корҳои таълимӣ, Абдуҷалилзода Фарзона – сардори раёсати илм ва инноватсия, Ахиева Саодат – сардори шуъбаи омоданамоии мутахассисони илмӣ ва илмию

 

 

ИСТИҚЛОЛИЯТ КӮЧАБОҒИ САБЗИ КИШВАР

(Чорабинии идона бахшида ба 28-умин солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон )

zan 5.jpg - 51.99 KbШояд болотар ва шоистатар аз ин тафсире барои вожаи Истиқлолият шарҳе дар ваҷҳи ниёзмандии инсон пайдо натавон кард. Ин ҷойгоҳу мақоми шоёни истиқлолияти комилро таърих дубора дар оинаи хеш дар марҳилаи навини рӯзгори тоҷикон мутаҷаллӣ сохт, то сабақҳои тозае бардорем ва боз ҳам дар ниёзмандии беандоза ба вуҷуди мубораки ин рӯзи муборак дар рӯзгори чӣ сиёсиву иҷтимоӣ ва чӣ фарҳангиву маънавӣ бошем.

 

 

 

Намоиши нуҳуми «Китоби Душанбе»

zam 106.jpg - 14.77 KbҲунари китобхонӣ яке аз муҳимтарин маҳоратҳои асосии дунёи имрӯз ба шумор меравад ва мутолиа барои доштан иртибот бо ҷомеаи имрӯз амри зарурӣ гаридидааст. Зеро ба андешаи бархе коршиносон хондан ва мутолиаи китоб  кӯмак мекунад то афрод тахайюли фаъолтаре дошта бошанд ва ин тахайюл омили  пешрафти шахс  дар ҷомеа мешавад. Китоб хондан ҳофиза ва тамаркузро беҳбуд мебахшад ва ҳамчунин боиси коҳиши стрес мешавад.

 
Хабарҳо

БОЗДИДИ НАМОЯНДАГОНИ ДОНИШГОҲИ ЛАКҲНАУИ ҲИНДУСТОН АЗ ОСОРХОНАИ ДОНИШГОҲ

Рӯзи 16.01.2025 ҳайати намояндагони Донишгоҳи Лакҳнау таҳти роҳбарии ректор Алок Кумар Рай дар доираи ташрифи хеш ба Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ аз Осорхонаи таърихии ин даргоҳ дидан намуданд.
Меҳмононро муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ ва дигар шахсони масъул пешвоз гирифта, ба онҳо аз ҷониби роҳбалад сайри осорхонавӣ баргузор карда шуд.
Ба меҳмонон таърихи куҳану фарҳанги пурғановати тоҷикон ва дастовардҳои донишгоҳ дар замони Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифӣ шуда, ба ин восита онҳо оид ба саҳми назарраси ин даргоҳ дар самти омода намудани мутахассисон,

 
Хабарҳо

ИМЗОИ СОЗИШНОМАИ ҲАМКОРӢ БО ДОНИШГОҲИ ЛАКҲНАУИ ҲИНДУСТОН

Рӯзи 16-уми январи соли ҷорӣ ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Аҳлиддин Ибодуллозода бо ректори Донишгоҳи Лакҳнауи Ҷумҳурии Ҳиндустон Алок Кумар Рай вохӯрӣ анҷом дод.
Зимни вохӯрӣ, ректори донишгоҳ муҳимияти ба роҳ мондани ҳамкориҳоро бо ин донишгоҳи Ҷумҳурии Ҳиндустон иброз намуда, зикр доштанд, ки дар самтҳои илмҳои дақиқ, табиӣ ва риёзӣ, технологияи инноватсионӣ, омӯзиши забонҳои хориҷӣ ҳамкориҳоро ба роҳ мондан муҳимтарин самтҳои фаъолият хоҳад гардид.
Дар навбати худ ректори Донишгоҳи Лакҳнау аз нуфузи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар кишвари хеш ибрози андеша намуда, омодагии қавии хешро барои созмон додани ҳамкориҳои мутақобилан судманд баён намуд.

 


Страница 353 из 654
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj