|
Ташрифи муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон
Санаи 1-уми сентябри соли равон муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарама Латофат Назирӣ ба донишгоҳ ташриф оварда, дар толори шӯрои олимон бо устодони донишгоҳ вохурии судманд анҷом доданд. Нахуст муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарама Латофат Назирӣ тамоми устодони донишгоҳро аз номи худ ва аз номи мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фарорасии соли нави таҳсил ва Дарси сулҳ табрик намуда,
|
|
|
Хабарҳо
|
|
БАРГУЗОРИИ МИЗИ МУДАВВАР ДАР МАВЗУИ “ИФРОТГАРОӢ, ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ – ХАТАРИ ҶОМЕАИ ҶАҲОНӢ”

Имрӯз дар факултети математика ва информатика бо иштироки дотсенти кафедраи фалсафа ва фарҳанги Донишгоҳ Бердиев Шоҳназар, декани факултет, муовинони декан ва ҳайати устодону кормандон дар мавзуи "Ифротгароӣ, терроризм ва экстремизм хатари ҷомеаи ҷаҳонӣ" мизи мудаввар баргузор гардид.
Зимни он Бердиев Шоҳназар доир ба омилҳои сар задани амалҳои террористиву экстремистӣ ва роҳҳои пешгирии он ибрози назар намуда, бо мисолҳои мушаххас падидаҳои номатлуби гуруҳҳои ифротиро шарҳу тавзеҳ дода, онро маҳкум кард.
Хусусан таърид намуданд, ки ҷавононро бояд дар руҳияи инсондӯстию ватандӯстӣ

|
|
Хабарҳо
|
|
РӮЙДОДИ ИЛМӢ: ЧОРУМИН МАҶАЛЛАИ ДОНИШГОҲ НАШРИЯИ ТАҚРИЗШАВАНДА ГАРДИД

Дар интиҳои соли сипаришуда бахши илмҳои филологӣ ва таърихи маҷаллаи «Паёми донишгоҳи омӯзгорӣ» (ISSN 2219-5408) ҳамчун маҷаллаи илмии тақризшаванда ба қайд гирифта шуд. Дар маҷалла нашри маводи илмӣ аз рӯи самти илмҳои 07.00.00 – илмҳои таърихӣ ва бостоншиносӣ, 10.01.00 – адабиётшиносӣ ва 10.02.00 – забоншиносӣ иҷозат дода шудааст.
Бо пазируфта шудани маҷаллаи мазкур ба феҳристи нашрияҳои тақризшавандаи кишвар шумораи нашрияҳои донишгоҳ, ки дар давоми соли 2024 ҳамчун маҷаллаи илмии тақризшаванда эътироф гардиданд, ба 4 адад расид.
Ёдовар мешавем, ки қаблан се бахши дигари «Паёми донишгоҳи омӯзгорӣ» - бахши илмҳои биология, химия, география, бахши илмҳои фалсафа, ҳуқуқ, сиёсатшиносӣ ва бахши илмҳои педагогӣ ва психологӣ низ бо фармоишҳои
|
|
|
ЗИ ДОНИШМАНДӢ МОРО САРФАРОЗИСТ…
Паёми табрикии ректори донишгоҳ профессор Ғаффорӣ Нӯъмонҷон Усмонзода ба муносибати оғози соли нави таҳсил
Дӯстони гиромӣ, устодон ва донишҷӯёни азиз!
Фарорасии соли нави таҳсилро бароятон самимона табрик мегӯям. Бигзор сафо ва файзи соли нави таҳсил, ки ҳамагон чун Рӯзи дониш ва дарси Сулҳ медонанд, дар донишгоҳ ва саросари кишвари тозаистиқлоли мо ҳамеша пойдору абадӣ бошад.
Қайд кардан ба маврид аст, ки маънои калимаҳои «донишгоҳ», «дониш» ва «сулҳ» бо ҳам иртиботи маъноии қавии ногусастанӣ доранд.
|
|
ДАСТОВАРДИ ДОНИШГОҲИ МО
29 август дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи 28 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба намояндагони касбу кори гуногун, ки дар фаъолияти корӣ натиҷаҳои назаррас доранд, мукофотҳои давлатӣ, рутбаҳои баланди низомӣ ва унвону ҷоизаҳои давлатӣ супоридаанд.
|
|
|
|
|
|
|
Страница 354 из 654 |