|
«27 июн – Рӯзи ваҳдати миллӣ»
Муҳаррики ҳаёти хушбахтона
Хушо, ки ҳар нафас рӯзгори саодатманди мо бо шукргузориҳо аз истиқлолият, таҳкими сулҳу субот ва таъмини якпарчагии Тоҷикистони маҳбуб ва ваҳдати миллӣ сипарӣ мешавад. Дастовардҳои имрӯзаи иқтисодию иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангии имрӯзаи моро бе неъматҳои бебаҳо – истиқлолияти давлатӣ ваҳдати миллӣ наметавон тасаввур кард. Маҳз хамин ду мафҳуми бузург муқаддас, ки бо душвориҳо азму талоши комил насибамон гаштаанд, ба сарҷамъии миллат оварда расонид ва ин сарҷамъӣ, барҳақ, сабақи беназири худшиносию ватанхоҳӣ барои наслҳои имрӯзу фардои Ватани азизамон буда, бори дигар обрӯю нуфузи тоҷикро дар саҳифаҳои таърих баланд бардошт. Аз ин рӯ, мо – ҳар фарди кишварро зарур аст, ки бо ифтихори бепоён сулҳу ваҳдати бадастовардаамонро чун гавҳараки чашм қадрдонӣ ва ҳифз намоем.
|
|
|
Хабарҳо
|
|
НАТИҶАГИРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ ДОНИШГОҲ ДАР СОЛИ 2024
 Имрӯз дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бо иштироки ректор Аҳлиддин Ибодуллозода, сардори раёсати таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Ҳикматулло, муовинони ректор, сардорони раёсату шуъбаҳо, деканҳо, роҳбарони дигар сохторҳо ва ҳайати профессорону омӯзгорон ҷаласаи Шурои олимони донишгоҳ баргузор гардид.
|
|
Хабарҳо
|
|
ТУҲФАИ РЕКТОР БА СОБИҚАДОРИ ДОНИШГОҲ
 Дар арафаи соли нави мелодӣ туҳфаи ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Аҳлиддин Ибодуллозода ба омӯзгори собиқадори донишгоҳ Саидаҳтам Давлатов расонида шуд.
|
|
|
ВАҲДАТИ МИЛЛӢ-МУҲАРРИКИ ҲАЁТИ ХУШБАХТОНА
Имрӯз 25-уми июни соли 2019 барномаи тантанавӣ бахшида ба ҷашни Ваҳдати миллӣ таҳти унвони «Ваҳдат омили пешрафти ҷомеа» дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ баргузор гардид.
Сухани ифтитоҳиро ректори донишгоҳи мазкур, профессор Ғаффорӣ Нӯъмонҷон Усмонзода бахшида ба ин рӯзи муҳими кишвар ироа намуд. Мавсуф зикр намуд, ки «ҳама ҷавонони саодтмандро мебояд,
|
|
ВАҲДАТИ МИЛЛӢ-ДАСТОВАРДИ ҚИСМАТСОЗИ ТАЪРИХИИ ХАЛҚИ ТОҶИК
(Конференсияи илмӣ-назариявии ҷумҳуриявӣ дар ДДОТ ба номи С. Айнӣ)
Бо шукргузорӣ аз сарнавишт, ҷанги хонумонсӯзу роҳи мубҳам бо ҳузури ҳумоюни сулҳу саодат ва раҳнамои ваҳдати миллат дар кӯтоҳтарин фурсат равшану пайдо гардид. Ба бахти мардуми тоҷик, минбари Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Тоҷикистон истгоҳи ҳақиқии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон шуд, ки аз он қатораи ормонҳои миллати тоҷик ба дуриҳои дур равона гардида, фардои пиндорҳои ояндасозро дар оинаи ҳақиқат ҷилвагар сохтанд. Ҳузури шахсияти соҳибназар, инсони олигуҳар ва абармарди некмазҳар,
|
|
|
|
|
|
|
Страница 356 из 654 |