• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
tgpu
Хабарҳо

ДАВРИ ЯКУМИ ОЛИМПИАДАИ ДОХИЛИМУАССИСАВӢ ҶАМЪБАСТ ГАРДИД
Возможно, это изображение 9 человек, люди учатся и текст"Мо бояд ба ҳар як фарди соҳибистеъдод шароит фароҳам орем, то ки онҳо дар сатҳи баланд малака ва дониши худро сайқал диҳанд. Олимпиадаҳо ва озмунҳои илмӣ василаи муҳим барои тарбияи кадрҳои рақобатпазир дар арсаи ҷаҳонӣ мебошанд". Эмомалӣ Раҳмон
Ин суханҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро садорати факултети таърих ва ҳуқуқ сармашқи кори худ қарор дода, аз фанни таърих олимпиадаи дохилимуассисавиро ташкил ва баргузор намуд.
 

 

ЗИ КИМИЁ ЁФТ РАВНАҚ РӮЙИ ДУНЁ…

z 229.jpg - 87.74 KbҲамасола ҳафтаи охири моҳи май дар саросари ҷаҳон «Рӯзи химикон» таҷлил карда мешавад. Бинобар ин садорати факултети химия тасмим гирифт, ки ба хотири дар сатҳи баланд таҷлил намудани «Рӯзи химикон» чорабинии илмӣ-фарҳангиро дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ баргузор намояд.

Ҳамин тариқ 25-уми майи соли равон дар толори бинои асосии донишгоҳ бо ибтикори садорати факултети химия чорабинии илмӣ-фарҳангӣ бахшида ба «Рӯзи химикон» баргузор гардид.

 

 

ҲАФТАИ АВСТРИЯ ДАР МЕҲМОНИИ ДОНИШГОҲ

z 222.jpg - 86.22 KbДонишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ таи чандин сол аст, ки бо донишгоҳҳои олии кишварҳои хориҷӣ ҳамкории судманд дорад. Ва ин робитаҳо барои пешрафти сифати таълим саҳми бориз доранд. Ҳафтаи равон Ҷумҳурии Австрия меҳмони донишгоҳи мо буд, ки як чанд чорабиниҳо доир гардид.

Аз 22-юм то 24-уми майи соли 2019 дар ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ рӯзҳои Ҷумҳурии Австрия баргузор гардид.

 
Хабарҳо

 

ҶАЛАСАИ ВАСЕИ РАЁСАТИ ДОНИШГОҲ
Возможно, это изображение динамик, осветительное оборудование, помост и текстИмрӯз бо иштироки ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Аҳлиддин Ибодуллозода, муовинони ректор, деканҳои факултетҳо, сардорони раёсату шуъбаҳо, мудирони бахшҳо, муовинони деканҳо, мудирони кафедраҳо, коргузорон, омӯзгорон, кормандони тамоми сохторҳо, магистрон ва докторантон аз рӯи ихтисос (PhD) ҷаласаи истеҳсолотӣ баргузор гардид.
 
Хабарҳо

АКСИЯИ УМУМИДОНИШГОҲӢ БА ИФТИХОРИ 30-СОЛАГИИ ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ “ОМӮЗГОР”
Возможно, это изображение 8 человек и текстДар таърихи 10-уми декабри соли ҷорӣ ба ифтихори 30-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Омӯзгор”-и Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ таҳти унвони “30-СОЛИ УСТУВОР ДАР ПАҲЛӮИ ХАЛҚ” аксияи тақдими нишони сарисинагӣ ва шиорҳои ҷашнӣ баргузор карда шуд. Бояд зикр намуд, ки ҳадаф аз баргузории аксияи мазкур тарғиби сиёсати хирадмандонаи Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи халқ мебошад.

 


Страница 361 из 654
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj