• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
tgpu

 

 

Мирзо Турсунзода вассофи сулҳ

surat 100.jpg - 73.22 KbСадорати факултети филологияи тоҷик бахшида ба солгарди шоири шаҳир Мирзо Турсунзода санаи 02.05.2019 дар толори бинои асосии донишгоҳ чорабинии фарҳангӣ - фароғатӣ таҳти унвони «Мирзо Турсунзода вассофи сулҳ»-ро  доир намуд. Дар ин чорабини ректори донишгоҳ профессор Ғаффорӣ Н.У. иштирок намуда, перомуни рӯзгор ва осори шоир сухан ронда, ҷавононро ба дӯст доштани Ватан ва пос доштани арзишҳои миллӣ ҳидоят намуд. Ҳамчунин дотсенти кафедраи назария ва таърихи адабиёт  Қурбонов Маҷид баромад намуда,

 
Хабарҳо

ИШТИРОКИ 3 ҲАЗОР НАФАР ДАР РОҲПАЙМОӢ

Возможно, это изображение 3 человека и текст


Имрӯз дар шаҳри Душанбе ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳпаймоии осоиштаи сокинон ва ҷавонони касбу кори гуногуни пойтахт баргузор гардид.
Дар роҳпаймоии мазкур 3 ҳазор нафар аз ҳисоби роҳбарият, устодон ва донишҷӯёни Донигоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ иштирок намуданд.

 

 

84 нафар шаҳрвандони ноболиғи Тоҷикистон бо дастури бевоситаи Пешвои миллат

муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Ироқ ба Ватан баргардонида шуданд

30.04.2019 23:55, шаҳри Душанбе

Тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи ҳарчи зудтар ба Ватан баргардонидани ҳамаи кудакон ва ноболиғон – шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ҳамроҳ бо волидон ва оилаҳои гумроҳшудаи худ ҷиҳати пайвастан ба сафи ДИИШ ва дигар нерӯҳои террористию экстремистӣ вориди сарзамини Ироқ шудаанд, мавриди пайгирии ҷиддии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт қарор дорад.

Дар натиҷа муайян карда шуд, ки дар маҳбасҳо, зиндонҳо, боздоштгоҳҳо ва марказҳои нигаҳдории ноболиғон дар Ироқ 43 нафар зан ва 95 нафар тифл аз шаҳрвандони Тоҷикистон қарор доранд ва дар миёни онҳо тифлони хурдсоле низ ҳастанд, ки дар ин кишвари арабӣ таваллуд шудаанд.

Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ҳамкорӣ бо вазоратҳои корҳои хориҷии Ироқ ва Кувайт, мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ироқу Тоҷикистон, ташкилоти ЮНИСЕФ ва дигар созмонҳои байналмилалӣ рӯзи 30 апрели соли равон 84 нафар кӯдакон тавассути ҳавопаймои махсус аз Бағдод ба Душанбе баргардонида шуданд.

Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳамкорӣ ва дастгириҳои пайваста ҷиҳати ба Ватан баргардонидани кӯдакони тоҷик ба Вазорати корҳои хориҷии Давлати Кувайт, Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ироқ ва намояндагии ЮНИСЕФ дар Ироқ изҳори сипос менамояд.

http://www.president.tj/node/20044

 
Хабарҳо
ПАРЧАМ – РАМЗИ ВАТАНДОРӢ ВА ҲУВИЯТИ МИЛЛӢ
Возможно, это изображение 1 человек и текстПарчам, Нишон ва Конститутсия дар баробари рукнҳои давлатдорӣ аз муқаддасоти миллии ҳар кишвар маҳсуб мегарданд. Моҳияти асосии парчам муттаҳид кардани мардум барои мақсадҳои ягона аст. Тавре ки аз саҳифаҳои таърихи ғановатманди халқамон бармеояд, яке аз парчамдорони нахустини халқи мо Коваи оҳангар будааст, ки барои барҳам задани пояи ҷабру бедод ва ба даст овардани озодиву истиқлол талошу мубориза бурдааст. Парчам дар тӯли садсолаҳои зиёд мояи ифтихору ғурури гузаштагони мо буда, дар қатори рамзу аркони давлатдории онҳо мақому манзалати пурарҷ доштааст.
Вақте ки мо имрӯз – дар оғози асри бистуяк ба таърихи гузаштаи халқамон назар меандозем, возеҳ мебинем, ки ниёгонамон дар зери парчам саф кашида, барои ҳимояи марзу буми хеш чӣ ҷонбозиҳо кардаанд.
Аввалин парчамҳо вексилоидҳо - акси худоҳо, рамзу нишонаҳои мухталиф доштанд. Парчамҳо аввалин маротиба дар Чин ва Миср, Эрони қадим ба вуҷуд омаданд. Онҳо ба лашкарҳо барои мавқеи худро ёфтан кумак мерасониданд. Маҳз онҳо намуди аввалини парчами давлатҳо гардиданд. Бори аввал дар таърихи Аврупо парчами матоӣ соли 480 пеш аз солшумории мелодӣ дар ҷанги Салиминск аз ҷониби лашкаркаши юнонӣ Фемистокл бардошта шуд.
Дар Шарқ парчам нахуст дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ ҳамчун «дирафши Кова» ёдрас шудааст. Дирафши ковиёнӣ парчами тамоми шоҳони ривоятӣ ва парчами давлатии Эрон дар аҳди Кӯшониён ва Сосониён буд.
 

 

 

Мулоқоти судманди муовини раиси шаҳри Душанбе дар донишгоҳ

surat 49.jpg - 6.01 Mb

30-юми апрели соли 2019 дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бо мақсади иҷроиши қарори Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ “Дар бораи таъсис додани гурӯҳи таблиғотӣ оид ба тарғиби одоби шаҳрнишинӣ, густариши корҳои ободонӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии сокинони шаҳри Душанбе” ҷиҳати коҳиш додани омилҳои номатлуб, аз қабили зуроварию хушунат, пешгирии фарҳанги бегонапарастӣ, баланд бардоштани одоби шаҳрнишинӣ,

 


Страница 370 из 654
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj