|
Ҷаласаҳои навбатии бахшҳои конференсия дар донишгоҳ
Ҷаласаҳои навбатии бахшҳои конференсияи илмӣ-назариявии ҳайати профессорон, устодон ва донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ, ки бо ибтикори Раёсати илм ва инноватсия дар доираи «Ҳафтаи илм» ва бахшида ба «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ (2019-2021)» зери унвони «Илму маърифат - омили муҳими рушди ҷомеа», ки санаи 16-уми апрели соли ҷорӣ ба кори худ оғоз бахшида буд, идома ёфтанд.
|
|
|
Хабарҳо
|
|
БАРГУЗОРИИ СЕМИНАРИ ИЛМӢ ДАР КАФЕДРАИ АНАЛИЗИ МАТЕМАТИКӢ
Дар кафедраи анализи математикӣ семинари илмии навбатӣ, таҳти роҳбарии профессор Юсупов Гулзорхон гузаронида шуд.
Дар семинар муҳокимаи рисолаи номзадии Надирова М. дар мавзуи "Синнулярные краевые задачи Римана с непрерывными коэффициентами для системы уравнений первого порядка эллиптического типа" мавриди муҳокима ва баррасӣ қарор гирифт.
Қарор карда шуд, ки рисолаи номзадӣ барои ҳимоя ба Шурои диссертатсионии назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад. |
|
Илму маърифат - омили муҳими рушди ҷомеа
Дар санаи 16-уми апрели соли 2019 дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ бо ибтикори Раёсати илм ва инноватсия дар доираи «Ҳафтаи илм» ва бахшида ба «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ (2019-2021)» конференсияи илмӣ-назариявии ҳайати профессорон, устодон ва донишҷӯён, зери унвони «Илму маърифат - омили муҳими рушди ҷомеа» оғоз гардид. Конференсияро доктори илмҳои таърих, профессор, ректори донишгоҳ, Нӯъмонҷон Ғаффорӣ ифтитоҳ бахшида, аз ҷумла зикр намуданд,
|
|
|
Хабарҳо
|
|
НАҶОТБАХШИ МИЛЛАТ
(Ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон)
 Дар кишвари азизи мо ҳамасола рӯзи 16-уми ноябр яке аз санаҳои муҳими таърихӣ – Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо як шукуҳи бузург таҷлил мегардад. Ин санаи хотирмону фархунда барои сокинони ҷумҳурӣ аз он лиҳоз хуҷаста аст, ки Президент ҳамчун чеҳраи давлатсоз ва абармарди дунёи сиёсату симои миллати куҳанбунёд дар он рӯз зимоми давлатдориро ба даст гирифта, дар пайраҳаи давлатдорӣ қадамҳои нахустини худро гузошт. Воқеан, таърих барои миллати тоҷик шахсиятеро дар симои Эмомалӣ Раҳмон сари қудрат овард, ки дар замони вазъи мураккаби сиёсиву иқтисодӣ ва маънавӣ Тоҷикистонро аз гирдоби кашмакашиҳои сиёсӣ ва вартаи нобудӣ бурун овард, шуълаҳои оташи ҷанги бародаркӯшро хомӯш намуд, гурезагони иҷбориро ба Ватани аҷдодӣ бозгардонд, бо имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ сулҳи деринтизор, пойдор ва пояндаро ба Тоҷикистони соҳибистиқлол ба армуғон овард.
Эмомалӣ Раҳмон ба сифати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди
|
|
Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Россия
17.04.2019

17 апрел мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Россия дар доираи сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Федератсияи Россия дар Қасри Кремл баргузор шуд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Президенти Федератсия Россия Владимир Путин истиқбол гирифтанд. Масоили ҷорӣ ва дурнамои муносибатҳои ҳамкории Тоҷикистону Россия нахуст дар мулоқоти хосаи сарони ду давлат ва сипас дар вохурии ҳайтаҳои васеъи ҳар ду ҷониб баррасӣ гардид. Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба кишвараш хайрамақдам гуфта, изҳори итминон намуд, ки натиҷаҳои ин сафар низ барои таҳкиму тавсеаи муносибатҳои шарикии стратегии ду кишвар такони тоза хоҳад бахшид. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар навбати худ ба Президент ва Ҳукумати Федератсияи Россия барои даъват ҷиҳати анҷоми сафари расмӣ, инчунин истиқболи самимӣ изҳори сипос карданд. Сарони ду давлат - Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин ҳавасмандии устувори худро ба таҳким ва густариши минбаъдаи ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Россия таъкид намуданд.
http://www.president.tj/node/19884 |
|
|
|
|
|
|
Страница 374 из 654 |