|
Хабарҳо
|
|
ВОКУНИШ
Тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн гардид, ки дар он Мирзокаримзода Мирзомахсуд Тағдир баён медорад, ки ӯро дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дастгирӣ накарда, хориҷ намудаанд. Вобаста ба ҳолати мазкур иттилоъ дода мешавад, ки дар заминаи шароити фароҳамовардаи Ҳукумати кишвар дар самти таҳсилоти олии касбӣ Мирзокаримзода М.Т. соли 2022 дар шакли таҳсили буҷавӣ ба факултети иқтисод ва идораи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ба курси якум қабул гардида, ҳамзамон бо хобгоҳ дар шакли ройгон низ таъмин аст. Зимнан, бо дастури бевоситаи ректори донишгоҳ Мирзокаримзода М.Т. дар қатори дигар донишҷӯёни имконияташон маҳдуд бо стипендия таъмин гардида, аз соли 2022
|
|
|
Муносибати навин ба такмили мазмуни таҳсилоти томактабӣ дар шароити муосир

Дар таърихи 30-уми марти соли 2019 дар факултети таҳсилоти томактабӣ ва ибтидоӣ бо ташаббуси Кафедраи назария ва методикаи таҳсилоти томактабӣ дар мавзӯи «Муносибати навин ба такмили мазмуни таҳсилоти томактабӣ дар шароити муосир» дар партави Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ баргузор гардид.
|
|
Тоҷикистон сарчашмаи обҳои мусаффо
Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар ҳамкорӣ бо Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ санаи 29.03.2019 бахшида ба як солагии эълон гардидани солҳои 2018-2028 Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» таҳти унвони «Тоҷикистон сарчашмаи обҳои мусаффо» конференсияи илмию назариявӣ доир намуд. Қабл аз оғози ҳамоиши илмӣ аз ҷониби намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ аксия маводи
|
|
|
Хабарҳо
|
|
ИШТИРОК ВА СУХАНРОНИИ НАМОЯНДАИ ДОНИШГОҲ ДАР КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР ҶУМҲУРИИ МАРДУМИИ ЧИН
 Имрӯзҳо (4-7.11.2024) дар Ҷумҳурии Мардумии Чин Конфронси байналмилалии табодули академии Anji Play таҳти унвони "Мерос, ошкорбаёнӣ ва инноватсия" баргузор гардида истодааст. Дар кори он намояндагони кишварҳои Чин, Англия, Испания, Финландия, Тоҷикистон, созмони ЮНЕСКО ва дигар коршиносони байналмилалӣ иштирок доранд. Боиси хушнудӣ аст, ки дар ин конфронси сатҳи байналмилалӣ аз Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ 3 нафар иштирок намуда истодаанд. Тибқи барномаи конфронс рӯзи 5 ноябр Азаматзода Ғайратшо - декани факултети педагогикаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар мавзуи "Рушди таҳсилоти ибтидоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" маърӯзаи пурмуҳтаво намуда, андешаҳои худро баён дошт. |
|
Хабарҳо
|
|
КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА РУШДИ СОҲАИ МАОРИФИ ДАВЛАТИ СОҲИБИСТИҚЛОЛ
 6 ноябри соли 2024 аз қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 сол пур мешавад. Дар ин муҳлат амали Конститутсия нишон дод, ки ҳама соҳаҳои хоҷагии халқ бо назардошти танзими конститутсионӣ рушд ва таъмин гардида, фазои ҳуқуқии мусоид барои баамалбарории ҳуқуқу озодиҳои инсон муҳаё шудааст. Чунки Конститутсия ҳамчун санади муҳими сиёсӣ ва эътибори олии ҳуқуқӣ дошта, принсипҳои асосии бунёди давлати миллӣ, пешбурди давлатдорӣ ва низоми онро бо нақш ва ҳузури шохаҳои ҳокимияти давлатӣ пурра ва ҳаматарафа танзим намуда, инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯро арзиши олӣ эътироф кард.
Дар давлат ва ҷомеа инсоне озоду масрур зиндагонӣ менамояд, ки фаъолияти ӯ ба принсипи қонуният мутобиқ бошад. Қонуният ҳолати ҳаёти ҷомеа мебошад, ки дар он қонунгузорӣ босифату пайгирона вуҷуд дорад ва қоидаҳои қонунҳое, ки бо тартиби муқарраршуда қабул шудаанд, аз ҷониби мақомот, шахсони мансабдор, ташкилоту шаҳрвандон риоя ва иҷро карда мешаванд.
|
|
|
|
|
|
|
Страница 379 из 654 |