|
Хабарҳо
|
|
ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН АЗ ҶОНИБИ РЕКТОРИ ДОНИШГОҲ
Рӯзи 12.11.2024 ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ муҳтарам Ибодуллозода Аҳлиддин чун анъана қабули шаҳрвандону донишҷӯёнро ба роҳ монда, ба ҳамаи саволҳои муроҷиаткунандагон дар доираи қонуну санадҳои танзимкунандаи соҳа посухҳои равшан дод.
|
|
|
Кӯмаки моддӣ ба нобиноён
Раёсати донишгоҳ бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дастгирии маъюбон, бепасарасторон ва муҳтоҷону ятимон дар асоси мактуби Ҷамъияти нобиноёни шаҳри Турсунзода санаи 16-уми марти соли 2019 дар арафаи ҷашни Наврӯзи байналмиллалӣ ба 73 нафар нобиноён кӯмаки моддӣ расонид.
|
|
Хабарҳо
|
|
ИҶЛОСИЯИ XVI ШУРОИ ОЛӢ ВА РУШДИ ҚОНУНГУЗОРИИ ТОҶИКИСТОН
 Истиқлол бузургтарин неъмат, волотарин дастовард дар таърихи миллати тоҷик ва даврони давлатдории он мебошад.Онро метавон барои миллати мо як навъ санҷиши таърихӣ маҳсуб донист, ки дар роҳи ҳифзу ҳимояи он бояд ҳамеша ҳушёру зирак бошем.
Дар ин росто лозим ба зикр аст, ки дар замони соҳибистиқлолӣ дар Тоҷикистон якчанд омилҳои мухталиф вуҷуд доштанд, ки онҳоро метавон шартан ба ду гурўҳ ҷудо намуд:
|
|
|
Хабарҳо
|
|
ҶАЛАСАИ ҚИСМИ ИЛМ: ФАЪОЛИЯТ БОЗ ҲАМ ҶОННОК КАРДА ШАВАД
 Имрӯз таҳти роҳбарии муовини ректор оид ба корҳои илмӣ Сангинзод Дониёр ҷаласаи қисми илми Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ баргузор гардид, ки дар он сардори раёсати илм ва инноватсия, роҳбарони сохторҳои қисми илм ва муовинони деканҳо оид ба илм иштирок намуданд.
Дар ҷаласа як қатор масълаҳои марбут ба самти илм: санҷиши вазъи омоданамоии рисолаҳои хатм, раванди ҳимояи рисолаҳои илмӣ ва докторӣ, докторантон аз рӯи ихтисос (PhD), фаъолияти Шурои диссертатсионӣ ва
|
|
Ҷашни Наврӯзи аҷам дар факултетҳои донишгоҳ
Тайёр намудани дастурхони наврӯзӣ яке аз хусусиятҳои хоси таҷлили ҷашни Наврӯз ба ҳисоб меравад. Зеро дар ҷашни Наврӯз хӯрокҳои баҳорӣ бо гиёҳҳои шифобахши ватанӣ омода карда мешаванд. Бинобар ин санаи 15-уми марти соли равон дар даромадгоҳи факултети биология бо ибтикори садорати факултет дастурхони идона бахшида ба ҷашни байналмиллалии Наврӯз омода карда шуд, ки назари ҳар як бинандаро ба худ ҷалб менамуд. Дар дастурхони идона таъомҳои миллии тољикӣ ва баҳорӣ аз он ҷумла шакароб, суманак, оши буридаю туппа мавҷуд буданд, ки аз омад - омади фасли баҳор ва Наврӯзи хуҷастапай дарак медиҳад. Инчунин дар ин рӯз дар гирди дастурхони идона гулдухтарони факултет бо либосҳои миллӣ аз он ҷумла атласу адрас ба ин намоиш ҳусни тоза мебахшиданд.
|
|
|
|
|
|
|
Страница 381 из 656 |